Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

8-уми октябри соли равон бо ибтикори Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷӣ ба муносибати Рўзи забони давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимони шинохтаи тоҷик кормандони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакӣ Сайфиддин Мирзоев ва Шамсиддин Муҳаммадиев иштирок ва суханронӣ карданд.

Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуд ва сипас олими риштаи забоншиносӣ Сайфиддин Мирзоев дар мавзўи “Забон ва Истиқлол” суханронӣ кард.

Ў аз ҷумла зикр намуд, ки пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурўъ гардид, доираи истифодаи забони тоҷикӣ густариш пайдо кард ва он дар маснади забони давлатӣ қарор гирифт. Забони модарии мо по ба пои Истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду такомул дохил шудааст. Имрўз давлати Тоҷикистон ва сарвари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди забон ва пок нигоҳ доштани он талош мекунанд.

Олими варзида Шамсиддин Муҳаммадиев дар мавзўи “Густариши забони тоҷикӣ дар масири таърих” суханронии пурмуҳтаво ва ҷолиб кард, ки аз ҷониби ҳозирин хеле гарм истиқбол ёфт.

Ў гуфт, ки таърихи ташаккули мардуми тоҷик дар ҳамбастагӣ бо забони он сурат гирифтааст ва имрўз забони тоҷикиро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд. Инро дониста мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги худро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарўза саҳмгузор бошем.

Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд, барои таҳким бахшидан ба пояҳои тамаддуну фарҳанги тоҷик ба таври самарабахш истифода намоем.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар атрофи Рӯзи забон ва покии забону масоили вобаста ба рушди он табодули афкор сурат гирифт.

Ҳайдаралӣ Аюбов,

Сардори Маркази “Конуни забони тоҷикӣ”

ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ.