Муаллифи “Санъати сухан”-и беназир
Дар бораи зиндагиномаи устод Тӯрақул Зеҳнӣ – ин марди фозилу донишманд ва яке аз донандагони хуби санъати сухан маълумоти кам дар ихтиёр аст. Онро ҳам таҳқиқгарон аз суҳбату мақолаҳо ва навиштаҳои дигарон иқтибос кардаанд. Аммо худи устод Зеҳнӣ ҷойе тарҷумаи ҳоли мукаммалу дақиқи худро нанавиштааст. Зоҳиран зарурати ин корро надидааст ва дигарон ҳам замони зинда будани ӯ талош накардаанд, ки зиндагиномаи ӯро бинвисанд.
Устод Зеҳнӣ таълифоти зиёд дорад, аммо аз миён китоби “Санъати сухан” маҳбубияти бештар ёфт ва дарвоқеъ ҳам як пажӯҳиши беназирест.
Устод Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1891 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Яке аз аввалин ходимони маданияти советии тоҷик. Аввал дар мадраса (1905), баъд дар мактабҳои советӣ таълим гирифтааст (1920-1925). Эҷодиёти адабиаш бо шеър (1919-1920) оғоз шуда, ашъори ҳаҷвиаш бо имзои мустаори “Мушфиқӣ”, “Қӯчқор”, “Мулло” ва мақолаҳои танқидиаш бо “Сомонӣ”, “Рустам” дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд.
Зеҳнӣ яке аз муаллифони китобҳои дарсии “Омӯзиш” (1928, ҳамроҳи В. Маҳмудӣ), ”Сарфи забони тоҷикӣ” (1933, ҳамроҳи Б.Ҳоҷизода, Л. Бузургзода) маҷмуаи ”Таронаҳои бачагон” (1927) буда, дар тансифи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (Ҷ.1-2, 1969) иштирок кардааст.
Муҳимтарин асари адабиётшиносии Зеҳнӣ “Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ” (1963) ва такмили дубораи он “Санъати сухан” (1970, 1979) ба таҳлили ҷиҳатҳои бадеии шеъри тоҷикӣ бахшида шудааст.
Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи зиёниёне мебошад, ки ибтидои солҳои 20-ум ба майдони адабиёт бо шеъри “Нидо ба авлоди Ватан” ворид шуда, минбаъд дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон хидмати беназир кардааст.
Дар асоси омӯзиши маводи бойгонӣ, осор, рисолаҳо ва мақолаҳое, ки мавсуф дар солҳои гуногуни зиндагии худ таълиф намудаасту имрӯз қисман дар ихтиёри мо ҳастанд, метавон зиндагиномаи мукаммали устод Зеҳнӣ ва саҳми илмию адабии ӯро муайян намуд. Дар рӯзномаҳои даврӣ шурӯъ аз солҳои 60-ум оид ба фаъолияти эҷодии Тӯрақул Зеҳнӣ аз тарафи Р.Ғаффоров, Х.Мирзозода, М.Шакурӣ, Р.Амонов, Р.Ҳошим, С.Саъдиев ва дигарон тадқиқоти ҷолиб анҷом гирифта буданд. Зарурати омӯзиши фаъолияти илмиву адабии Тӯрақул Зеҳниро дар даврони истиқлол академик Хуршеда Отахонова дар мақолаи “Умри дубораи устод Зеҳнӣ” ба миён гузошта, зимни баррасии фаъолияти илмӣ ва адабии мавсуф, доир ба аҳмияти таърихиву адабии аввалин мақолаҳои солҳои 20-уми ӯ чунин масъалагузорӣ кардааст: ”Мақолаҳои солҳои 20-ум ва 30-юми Зеҳнӣ масоили гуногуни илму фарҳанг ва забону адабиёти тоҷикро фаро гирифтааст. Бисёре аз онҳо хусусияти тарғибию ташфиқӣ дошта, ҳадафи муаллиф пеш аз ҳама даъват ба худшиносии миллӣ, даъват ба ифтихори миллӣ, аз чунин сарвати бебаҳои халқамон омӯхтан ва донистани ин забон ва ин адабиёт аст”.
Тӯрақул Зеҳнӣ низ аз қобили зиёниёне буд, ки то ҳол дар ягон риштаи таҳқиқ ҳаёту фаъолиятит ӯ ҳама чониба баррасӣ нашудааст. Ҳамчунин, дар ягон сарчашма, адабиёти илмӣ, ёддоштҳо ва ё мақолаҳои алоҳидаи (ғайр аз Энсиклопедияи совети тоҷик) то солҳои 90-уми асри ХХ нашршуда, оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву адабии Тӯрақул Зеҳнӣ маълумот дарҷ наёфтааст. Дар ягон асари алоҳида тарҷумаи ҳоли ӯ аз ҷониби худи муаллиф ва ё муҳаққиқони алоҳида расман тартиб дода нашудааст ва саҳми ӯ дар рушду нумӯи илму адаби тоҷик то ҳол алоҳида баррасӣ нашудааст. Аз ин рӯ, ба мо лозим омад, ки дар асоси маводҳои бойгонӣ аз асарҳои таҳқиқотии адабиётшиносии ибтидои асри ХХ ва мақолаҳое, ки бахшида ба ҷашнҳои мавлуди Зеҳнӣ аз ҷониби муҳаққиқон таҳия гардидаанд, тарҷумаи ҳол ва фаъолияти илмиву эҷодии ӯро баррасӣ намоем.
Ходими маданияти советии тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ дар синни 93 – солагӣ аз олам чашм пушид.
ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ АЗ ТУРАҚУЛ ЗЕҲНӢ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ИН МТАОЛИБРО МЕТАВОН ХОНД:
Осор
- Санъати сухан. – Илми бадеъ ва мухтасари арӯз. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 304 с.
- Санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 328 с.
- Чанд сухани саманд. – Душанбе: Ирфон, 1984. –158 с.
- Санъати сухан. – Душанбе: Маориф, 1992. – 304 с.
- Санъати сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. – 396 с.
- Мунтахаби осор. – Душанбе, 2009. – 1200 с.
- Бояд шеърро дуруст хонем // Маориф ва маданият. – 1964. – 2 август.
- Барои мусиқии муттаҳидаи тоҷикӣ // Маориф ва маданият. – 1964. –15 сентябр.
- Чанд сухан оид ба забони наср // Маориф ва маданият. –1964. –3 октябр.
- Пешрафт ва хатоҳо // Маориф ва маданият. – 1973. – 30 сентябр.
- Инкишофи забони тоҷикӣ // Маориф ва маданият. –1977. – 18 октябр.
Дар борааш
Турақул Зеҳнӣ // Энсиклопедияи советии тоҷик: Маълумотнома. – Душанбе, 1981. – Ҷ.2. – С. 488.
Турақул Зеҳнӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъат: Маълумотнома. – Душанбе, 1988. – Ҷ.2. – С. 465.
МАНБАЪ: Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 2018. – С. 17-20.
Таҳияи Машҳурахон Зоирова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ
ва таҳқиқотӣ.