Муаррифӣ: Библиографияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991 – 2021)
Ин нашри дуюми китоб аст ва ба муносибати 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Маводи фароҳамомада натиҷаҳои фаъолияти илмӣ –тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорони Академия дар солҳои 1991- 2021 мебошад.
Дар пешгуфтори китоб аз ҷумла омадааст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳадафи асосии он баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омўзгорон, адъюнктону докторонтҳо ва унвонҷўён фаъолона ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул гардида, дар рушди маориф ва илмӣ кишвар саҳми худро мегузоранд.
Китоб зери назари Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рамазон Раҳимзода таҳия шудааст ва як даста аз шахсиятҳои шинохта, донишмандони варзида, аз ҷумла Ф.Шарифзода, З.Саидзода, А.Мансурзода, У.Муминов, Л.Каримова дар он саҳм доранд.
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Назарова, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.