Муаррифи ду китоби тозанашр дар як маҳфили шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон
Дар шуъбаи аддабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Итифоқи нависандагони Тоҷикистон 2 китоби навро муаррифӣ намуданд.
Дар барномаи навбатии “Китоби нав”-и шуъба, ки тавассути Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” сабт ва пахш мегардад, 2 китоби тозавориди шуъба “Нони Нозанин”-и Азиз Азиз ва “Шоҳдухтар. Саргузашти Сара Кру”-и Фрэнсис Элиза Ҳодсон Бернет рӯнамоӣ шуд.
Китоби “Нони Нозанин” тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) нашр шудааст.
“Шоҳдухтар. Саргузашти Сара Кру”-и Фрэнсис Элиза Бернет тарҷумаи нависанда Азизи Азиз буда, 9545 нусха чоп шудааст.
КИСТ ЭЛИЗА БЕРНЕТТ?
Фрэнсис Элиза Ҳодсон Бернет – нависанда, намоишноманависи англису амрикоист, ки бо романҳои хубаш аз ҳаёти бачаҳо ва барои бачаҳо машҳур шудааст. Маъруфтарин романҳои ӯ “Лорди хурдакак Фаунтлерой”, “Шоҳдухтарин кӯчак” ва “Боғи пурасрор” мебошад.
Ӯ 24-уми ноябри соли 1849 дар Манчестери Англия таваллуд шуд. Падараш замоне тарки олам кард, ки ӯ ҳамагӣ 4 сол дошт. Марги падар хонаводаро ба мушкили фазоянда рӯбарӯ кард ва онҳо соли 1865 ба ИМА рафтанд.
Дар синни 19-солагӣ ӯ барои маҷаллаҳо ҳикояҳо менавишт, то бо ҳақи қаламаш рӯзгори оилавиро чархонад. Соли 1870 модараш ҳам аз олам рафт. Соли 1870 ба духтури оянда Сванн Бернет ба шавҳар баромад ва соле баъд писари аввалинашон Лайонел ба дунё омад. Онҳо ду солро дар Порис гузаронданд ва баъди таваллуд писари дуюмашон Вивиан ба Вашингтон баргаштанд.
Аввалин романи Бернетт «Ин духтарак О’Лоури» (англ. That Lass o‘ Lowrie‘s) хуш қабул шуд. Ҳарчанд романҳояш барои калонсолон низ баъди солҳои 1890 шуҳрат ёфтанд, вале ӯ бештар чун нависандаи кӯдакнавис машҳур шуд.
Солҳои 1880 бештар ба Англия мерафту мемомад ва соли 1890 он ҷо хона харид ва романи “Боғи пурасрор”-ро навишт. Писарбузургаш Лайонел соли 1890 аз сил даргузашт ва ин нависандаро гирифтори ошуфтагии рӯҳӣ кард. Соли 1898 аз Сванн Бернет ҷудо шуд ва ду сол баъд ба Стивен Таунсенд ба шавҳар баромад. Вале ин издивоҷ ҳам дер давом накард, баъди ду сол онҳо ҷудо шуданд.
Солҳои охир вай дар наздикиҳои шаҳри Ню-Йорк зист ва соли 1924 аз дунё рафт.
Повестҳои “Дузд Эдифи”, “Булаҷаб духтаре”, “Саргузашти Сара Кру”, романҳои «Ин духтарак О’Лоури», “Хушбахтии мушкил”, “Шоҳдухтари хурдакак”, “Боғи пурасрор”, “Луизиана”, “Хислати якравӣ”, “Ваҳшии дилкаш” ва ғайра мансуб ба ӯянд.
Китоби “Шоҳдухтар. Саргузашти Сара Кру” соли 1905 дар маҷаллаи «Сэнт-Николас» нашр шудааст. Аз рӯи ин асар филмҳои зиёд рӯи навор омад. Соли 1917 аввал амрикоиҳо аз рӯи он филм бардоштанд. Ҳам китоб ва ҳам филм ба ҳадде машҳур шуд, ки таваҷҷуҳи ҷопониҳоро ҳам ба худ кашид. Ин буд, ки дар Ҷопон сериёле иборат аз 46 қисм таҳия шуд. Коргардони рус Владимир Граматиков низ дар соли 1997 филми «Маленькая принцесса»-ро таҳия намуд.
Ҳамин тавр гунаҳои зиёди филм ба истиқболи бинандагон мушарраф гардида, гунаҳои зиёди филми “Шоҳдухтар” ба забонҳои гуногуни дунё ва дар жанрҳои гуногуни синамо офарида шуданд.
Раҳима Аъзам, бахши матубот ва робита бо ҷомеа.