Аз рӯзгори Куруши Кабир. Рӯзи додгустарӣ

Дарвозаи қасри шоҳаншоҳ дар Экбатана ба рӯи мардум кушодааст. Куруши Кабир дар пойгоҳи қаср бар тахти хоксоронаи адлу дод нишаста, омадани додогоҳеро интизорӣ мекашид. Бонги баланди фосиладори пайкрасон аз чорсӯи бозори шаҳр ба гӯш мерасид:

Эй мардум! Нашунидам нагӯед! Шоҳаншоҳи олам Куруши Кабир ҳафтае як бор ҳар рӯзи бозори калон бар тахти адлу додгустарӣ нишаста, арзу доди шуморо гӯш мекунад! Касе ранҷу озори ноҳақ дидааст ё додпурсие дорад, ба боргоҳи қасри шоҳаншоҳ биравад! Шоҳаншоҳи олам аз субҳ то шом интизори шунидани арзу доди шумост!

Эй мардум! Аз волие ранҷу озор дидаед ё аз зӯроваре ситам расидааст, барои арзхоҳӣ ба ҳузури шоҳаншоҳи олам шитобед!..

Аз шунидани ин нидо ҷавонмарди мӯи ҷулидааш то кифт хамидае, ки бар пешонааш тасмабанд дорад, лабҳои хушку кафидаашро лесида, беҳолона аз ҷой бархест. Аз пероҳани дарози ҷо-ҷо даридаю хунолуд, кифти захмину сару рӯи харошхӯрдааш ҳувайдост, ки ӯ аз набарди шадиде бо азоб ҷон ба саломат бурдааст. Ҷавонмард пои осебдидаашро кашолакунон бар такяи асое сӯи боргоҳи шоҳаншоҳ раҳсипор гардид. Ӯро надимони боргоҳ пазироӣ намуда, дар ҳузури Куруши Кабир рӯи курсии озордидагону додхоҳон нишонданд. Дуртар аз шоҳаншоҳ дабирсолор қаламдону қалами пари уқоб бар даст рӯи лавҳаи чармине қайдҳо менамуд.

Эй мард, қадамат неку дидорат нек бодо! – бо оромию салобат нахуст шуда ҳолпурсӣ намуд Куруш – Аз кадом таборӣ ва чӣ озоре бароят расида?

– Умри шоҳаншоҳ дароз бод!-аз ҷой бо азобе хест марди додхоҳ.- Камина аз табори суғдиёни шаҳри Марокандам. Пешаам бозоргонист ва номам Баҳроми бозаргон аст. Аз мулки Чин абрешими хом харида, дар дастгоҳи ҳунармандони суғдӣ матои шоҳӣ мебофонам ва сипас онро барои фӯрухтан ба шаҳрҳои Бобил, Эфес, Милет ва Сард мебарам.

Матои шоҳӣ?-қадре ҳайрон шуд Куруш аз шунидани ин ном.

Бале, матои шоҳона!-шарҳ дод Баҳроми бозаргон.-Ин матоъ дар Юнону Бобил харидорони зиёде дорад.

– Дар тани Томирис–маликаи массагетҳо пероҳани нафису хушранге дида будам, ки номашро шоҳӣ мегуфтанд.

Умратон дароз бод, шоҳаншоҳ!-хушҳол шуд бозаргон.-Томирис аз бозоргонони суғдӣ шоҳӣ мехарад ва онро хеле меписандад.

Чӣ озоре дидаӣ, Баҳром?-бо нармӣ пурсид Куруш-дар кифтат захми шамшер менамояд?

Бори сеюм аст, ки роҳзанон дар миёнароҳи Хорасму Гирканиё ба корвони мо тохта, молу амволамонро ба ғорат мебаранд ва бозоргонону роҳбаладонро мекушанд.

Дар миёнароҳи Хорасму Гирканиё?-пурсид оромона Куруш.- Сарвари роҳзанон магар Уштан нест?

Ҳазорсола шавед, шоҳаншоҳ!-ба симои бозаргон хушҳоли дамид.-Бале,Уштани яғмогар, ки бо дастааш офати ҷони мо бозаргонон гаштааст!

Осуда бош, Баҳром!-ӯро таскин дод Куруш.- Ту сеюм бозоргоне ҳастӣ, ки аз ранҷу озори Уштан додхоҳӣ менамоӣ. Бо амри ман ӯро дошта овардаанд, дар зиндон интизори марг аст. Гувоҳи сеюм пайдо шуд, акнун маргаш равост!- ба посбон фармуд ӯ-Бибаред он нобакори яғмопешаро ва дар сари бозори шаҳр ба дор овезед!

Сипосгузорам, шоҳаншоҳо! Ҷони мо бозаргононро аз ин офати корвонкушу роҳзан раҳонидӣ!

Амре навишта ин ҷавонмардро  ба ҳузури хазинадор бифирист!- ба дабирсолор рӯй овард Куруш-Бигзор баҳои молу матои ба яғморафтаашро ба хазинаи шоҳӣ бипардозанд!

Аз банданавозии Волоҳазрат басо сарфарозам! – таъзимкунон як либос шоҳӣ аз бағал баровард бозаргон.– Умедворам, ки шоҳаншоҳ дар посухи меҳрубониҳояш ин матои шоҳиро аз бозаргони афтодаҳоли суғдӣ мепазирад.

– Яздони пок нигаҳбонат бод! Нахуст ҷомаи маро бипазир, Баҳром!- бо ишораи ӯ ҷомаи зарбофтро ба кифти тоҷир мепӯшонанд.-Матои шоҳиро ҳангоми бозгашт аз номи ман ба Томирис раҳовард мебарӣ ва барояш паёми Курушро мерасонӣ.

Ба чашм! Мо бозаргонони суғдӣ аз раиятпарварию банданавозии Куруши Кабир басо сарфарозем ва як умр хидмати ӯро хоҳем кард.

– Ба бозаргонони суғдию бохтарӣ ва кулли савдогарони кишварҳои Шарқ бирасон, ки дар қаламрави мо минбаъд роҳҳои корвонгард нигаҳбонӣ мегардад ва амнияти бозоргонон новобаста аз табору насабу эътиқодаш кафолат дода мешавад. Ба ҳамаи волиёни қаламрави ман нома  фиристода амр фармой,-ба дабирсолор рӯй меорад ӯ,- роҳҳои корвонгардро обод намуда, дар чорсӯҳои корвон- гузар ва марказҳои вилояташон корвонсаройу бошишгоҳҳои савдогаронро бунёд кунанд. Дар бозорҳои вилояташон барои нигоҳдорию фурӯши молу матоъ ва бору колаҳои бозаргонон аз рӯи нақшаи меъморон растаю дӯконҳои тиҷоратӣ рост намоянд. Ба бозоргонону савдогарони билодҳои Шарқу Ғарб ҳеҷ гуна ранҷу озорро раво набинанд ва онҳоро ва онҳоро бо лутфу меҳрубонии тамом бипазиранд…

Баҳроми бозаргон ва боргоҳи шоҳаншоҳ баромада, чашмони нурполо хилъати зебое бар тан сӯи бозор шитобад. Аз хастаҳолию ноумедӣ дар андоми ӯ осоре намонда ва ҳатто лангидани пояш ҳам сабуктар шуда буд. Ӯ ҳанӯз ба сари бозор нарасида, Уштани занҷирбандро мебинад, ки посбонон кашолакунону телазанон ҷониби хиёбони серодам мебаранд. Савдогарону аҳли бозор ӯро шинохта ба сӯяш санг меафкананд ва Уштан бо сару рӯи кафидаю хуншор, бори нангу бадномӣ бар дӯш калавида по мениҳад. Пайкрасон пешопеши ӯ ҷор мезананд:

– Эй мардум! Бишнавед ва огоҳ бошед! Бо фармони шоҳаншоҳи олам роҳзани номӣ, сарвари яғмогарон Уштани ҷиноятпеша барои кирдорҳои зишту ғоратгариҳои бешумораш сазовори марг гардид! Эй мардум! Маросими ҷазои куштор дар чорсӯи бозори шаҳр барпо мегардад! Бишитобед, то аз тамошои ба дор кашидани Уштани яғмопеша бехабар намонед!

Ҳанӯз Баҳроми бозоргон аз чашм нопадид нагашта, дар боргоҳи Куруш пиразоли шӯридае падид меояд. Сараш урён, мӯйҳояш баҳампечидаю парешон, рӯяш офтобсӯхтаю пурожанг, пӯсти манаҳаш пажмурдаю овезон, пойҳояш лучу лах-лах кафида. Ӯ чашмони нурандудаи ҷунонолудашро лаҳзае ба рӯи Куруш дӯхту бе ҳеҷ ибо чанголҳои каҳу харошхӯрдаашро болои сар бардошта бо бонгу ниҳеб ба додхоҳӣ шӯруъ кард:

Эй Куруш, ту худро шоҳи олам меҳисобӣ ва ба номат шукӯҳи Кабириро афзудаӣ! Ҳеҷ медонӣ, ки сатрапҳои ту аз яғмогарон камие надоранд?

Биншин модар ва осуда бош!-ӯро таскин бахшид Куруш.-Чи бадбахтие ба сарат омада? Аз кадом вилояте расидӣ ва ки ранҷу озорат дода?

Ман аз шаҳри Балхам, аз Бохтари овозадор, – ҳамоно мешӯрид пиразол.-Аз табори тоҷиконам ва насабам ҳафт пушт пеш ба Зардушти паямбар мерасад.

Зардушти офаридгори Готҳои кӯҳан?-пурсид Куруш.

Готҳо каломи яздонианд, ки ба бобои бузургворамон Зардушт аз само расида,- таъқид кард пиразол.

Чаро худро тоҷик меномед?- бо ожангҳои ҷабини пиразол зеҳн мемонд Куруш.

Зардушти волотабор ба сар тоҷворае мениҳод, ки ин рамзи кеши тозаи ӯ буд,-чашмони пиразол нурмегирад.- Фарзандону наберагон ва пайравони ӯ ба сар тоҷвора ниҳоданро ба ҳукми расмият дароварда, худро тоҷакон, яъне пайравони кеши тоҷдорӣ меномиданд.

Аҷиб! Кеши шумо аз дигар кешҳо чӣ бартарие дорад?-мароқ зоҳир намуд шоҳаншоҳ.

Мо Яздони ягонаи доною биноро мепарастем ва рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори некро сарчашмаи зиндагии инсон меҳисобем,-бо шӯру ҳаяҷон посух дод пиразол.

Хело зебою рехта гуфтӣ, модар, – бо қаноатмандӣ таҳсин хонд Куруш.- Ман дар Курушкадаи канори Яксарт борҳо бо суғдиёну бохтариён вохӯрда, мояи асили кеши зардуштиро пурсидам.Аммо касе чунин посухи кӯтоҳу равшан надод.

Мо тоҷикони покманишро волиёни дур аз хираду фарҳанги ту барои гуфтори рост, рафтори ҳақ ва кирдори поку беолоишамон пайваста ранҷу озор медиҳанд, то амали носавобу ношоистаашон аз мардум пӯшида монад! Ва агар эй Куруш, бихоҳӣ, ки давлатат поянда монаду номат ҷовидон бошад, кеши моро пуштибон шав ва волиёни дурӯғванду хиёнатпешаатро ҷазои сазовор бидеҳ!

– Эй пиразол, ба куҷое қадамам расида бошад, ба кеши мардум эҳтиром гузоштаам ва ба худоёнаш қурбонӣ карда, ба ибодатгоҳашон назару ниёз фиристодаам,- бо самимият гуфт Куруш.- Мехоҳам бидонам, ки ба ту чӣ мусибате расида, то касони гунаҳкорро ба ҷазо гирифтор намоям.

Эй Куруш! Бидон, ки шавҳари маро ба бадкешӣ айбдор карда куштанд!-якбора барошуфт пиразол.- Се писарамро ба ғуломӣ рабуда, дар бозори ғуломони шаҳри БобИл фӯрухтанд. Ва волии ту Атропат маро сарсон хонавайрон намуд. Бо баҳонаи напардохтани андози хушксолӣ, замини корам ва кулбаамро рабуд. Ягона духтари қадрасамро бо зӯрию ситам ба ҳарамхонааш бурд. Ҳеҷ медонӣ, ки нисфи замини корам, боғу роғ ва чарогоҳу чорпоёну мардуми Бохтар   ба дасти волии носерами ту гузашта.Ӯ фарзандони моро бо таҳдиди шамшер ва сипоҳиёни яғмопешааш меситонаду ба ғуломӣ мефурӯшанд. Эй Куруш ! Ту худро шоҳаншоҳи боадлу дод мешуморӣ, вале дар рамаи гӯсфандонат гургҳоро чӯпон гузоштаӣ! Аз оҳи талхи ятимону пиразолҳо битарсу волиёни белаҷоматро ҷазои сахт бидеҳ! Вагарна, як рӯз не як рӯз, хама тахту бахтат сарнагун мегардад!

Атропати палид!-бо хашму ситез бархест Куруш-Худро дар пеши ман баррачаи беозор вонамуд месозад, аммо гургпешагию дадхӯиҳо доштааст! Ба надими хоса ва чашму гӯши шоҳаншоҳ Фарнасп амр бидеҳ,-ба дабирсолор рӯ овард ӯ,- дар либоси фақирона ба музофоти Бохтар раваду кору кирдори Атропадро ниҳонӣ бисанҷад. Сипас ӯро бо ҳукми шоҳаншоҳ  ба қатл расонаду ҳама молу  амволашро  саросар биситонад. Аз нақдинаҳои  ӯ баҳои  замину кулба ва боғу роғи  пиразолро  як бар даҳ бипардозед! Зану фарзандони Атропатро занҷирбанд карда,  бо баҳои  камтарини ғулом фурӯшанд! Ва писари ман Бардияро волии Бохтар гузоранд ва то ба низом омадани кишвардорӣ Фарнасп дар паҳлӯи ӯ ёвари намоянд.Ӯ аз кору  кирдори волиҳои Суғд, Ориё ва Арахосия пайваста огоҳ шуда, бо қосидони пайкрасон сари ҳар моҳ номаи махфӣ фиристад. Инро ман, Куруш, шоҳаншоҳи бузург, бо инояти Яздони пок амр кардам ва волиёни гургтинати қаламравамро ба ҷазои мудҳиштарин хоҳам расонд!

Аз китоби Барот Абдураҳмон “Куруши Кабир шоҳаншоҳи тамаддунофар” (романи таърихӣ). Душанбе, соли 2006.

Хонандагони азиз ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Фазолат Наботова, муовини Маркази “Тоҷикшиносӣ”.