Мутолиа дар низоми арзишҳои ҷомеаи муосир

Китобу китобхона шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи онҳо ба пайдоиши хат, забон, адабиёт ва илму фарҳанг  робитаи зич дорад. Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳоро, ки ганҷинаи маънавии ниёгон маҳсуб меёбанд, дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардўсти тоҷик дар эҷоди китобу бунёди китобхона миёни миллатҳо пештозу пешрафта ба шумор мераванд. Ин миллат дар ҳама давру замон дар рўи дасташ китоб буд. Кору рўзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар Паёмашон гуфта буданд, ки: «Табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Нақш  ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи муҳимми маънавию фарҳангӣ баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза пайваста боло меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумуи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи китобдорию китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ, нашри силсилаи «Ахтарони адаб» ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «ТоҷикистонВатани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» ба шумор мераванд.

Хонандаи имрўз хонандаи солҳои пеш нест. Хонандае ҳаст, ки ба ҳама чиз эрод мегирад. Ҳам ба муоширату дониши китобдор ва ҳам ба офаридаи эҷодкор. Барои қаноатманд намудани эҳтиёҷоти хонандаи имрўз бояд китобҳое нашр ва тавсия шаванд, ки дар баланд гардидани завқ ва тарбияи онҳо дар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ нақши муҳим бозида тавонанд. Воқеан, китоби хуб ба тарғиб ниёз надорад, хонанда онро бе  ягон маслиҳат, бе ягон таърифу тавсиф мехонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хонандаи имрўзи китобхона бештар ташнаи адабиёти соҳавӣ ва ҳам адабиёти бадеӣ мебошад. Адибоне, ки ба арсаи адабиёти бадеӣ қадам мондаанд, асарҳои хубу замонавӣ офаранд, чунки ташаккули шахсияти ояндаи ҷомеа аз овони хурдсоливу наврасии онҳо оғоз мешавад. Барои кўдакону наврасон бояд китобҳое нашр шаванд, ки сифати хуби полиграфӣ ва ороишӣ дошта, ба талаботи имрўза ҷавобгў бошанд.

Китобҳо, махсусан асарҳои хубу арзишманд хазинаи бузурги  мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро ба таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон ошно месозанд. Дар баробари ин, хазинаи панду андарзу насиҳат ва дастуру тавсияномаи ҳаётанд, ки хонандаро ба худшиносӣ, инсондўстию ватанпарварӣ, хислатҳои ҳамидаву маърифати баланд, хуллас ба роҳу рўзгори шоиста ва ояндаи саодатманд  ҳидоят месозанд. Ба ҳаёту рўзгораш  рангу бўйи маънавӣ ва ба дилу дидааш  рўшаниву нур мебахшанд. Аниси кунҷи танҳоӣ, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз ва ёри вафодораш мешаванд.

Мо бояд пайваста  кўшиш намоем, ки насли имрўзи кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ба китобхонаву китобхонӣ бештар рў биёранд. Давраи тиллоии умри худ-наврасиву ҷавониро  сарфи роҳи мутолиаву омўзиш кунанд. Албатта, сарфи роҳи мутолиаву омўзиши китобҳои хуб, китобҳое, ки арзиши баланди маънавию ахлоқӣ доранд. Ба ҳамин маънӣ нависандаи маъруфи рус Толстой гуфтааст, ки: «Мутолиаи китоби хуб баробари мусоҳиба  бо  одами донишманд аст».  Воқеан, мутолиаву омўзиши  китоби хуб ба хонандаи худ  як ҷаҳон ғизои маънавию маслиҳати зиндагӣ медиҳад, аз таҷрибаҳои беназир ва андешаҳои бузургу босамари мутафаккирон баҳравар мегардонад, завқашро қонеъу ташнагиашро мешиканад ва дасташро гирифта, то қуллаҳои баланди хушбахтию  саодат мебарад. Ба қавли донишманде, чор сарчашмаи огаҳӣ аст: китоб, рўзнома, радио, телевизион. Вазъи ҷаҳони имрўз тақозо мекунад, ки ҷавонони мо ба хотири баҳрабардорию бедорӣ, такмили донишу худшиносӣ ва зиракии баланди хеш бештар ба ин чор сарчашмаи огаҳӣ, аз ҷумла китоб рў биёранд. Аз сатру саҳифаҳояш дастуру маслиҳат бигиранд ва бо фурўғи он роҳи хешро рўшанӣ бахшида, зиндагии зебову шоистаро дарёбанд.

Хулоса, мо баъди таҳлили пурраи олимон, муҳаққиқон, бузургони илму адаб ва сиёсатмадорон метавонем зикр кунем, ки мутолиаи китоб аҳамияти зерин дорад:

  • Инсонро ба қуллаҳои баланди илму дониш ва касбу ҳунар мерасонад;
  • Мартабаи инсонро дар ҷомеа баланд мебардорад;
  • Инсонро ҳимматбаланд ва хайрхоҳ менамояд;
  • Барои зиндагии шоиста водор мекунад;
  • Китоб барои тозаву поянда доштани забони модарӣ хизмат мекунад;
  • Дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ҳувияти миллӣ тарбия кардани инсон мусоидат менамояд;
  • Симои ахлоқи инсонро аз нигоҳи мусбӣ дигаргун месозад;
  • Китоб ва мутолиа инсонро аз хатарҳои ҷомеа ва амалҳои номатлуб нигоҳ медорад ва барои пешгирии чунин амалҳо дар ӯ зиракии сиёсиро бедор менамояд;
  • Китоб барои бедории хислатҳои поки инсонӣ, ростқавлӣ, ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, устуворӣ, зиракӣ, чусту чолокӣ, тозагӣ ва дигар хислатҳои наҷиб мусоидат менамояд ва дар баробари ин, инсонро аз бисёр хислатҳои баду номатлуб – танбалӣ, ғайбат, дуздӣ, бадахлоқӣ, суханчинӣ, туҳмат, ришвахӯрӣ ва ғайраҳо бозмедорад.

Зафари ШАРИФ,

Шариф НАБОТОВ,

 омӯзгорони кафедраи

китобхонашиносӣ

 ва библиографишиносии  

МДТ «ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода»