Муждаи Наврӯз: Аввалшумораи маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллӣ” аз чоп баромад
Нахустиншумораи маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ” дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз аз чоп баромад ва рӯзи 11-уми март дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи матбуот муаррифӣ шуд.
Маҷалла бо ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи аввали ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар дафтари назароту пешниҳодот навишта буданд, оғоз шудааст: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чаҳор сол пеш хишти аввалашро гузошта будам ва имрӯз ба фаъолияти он ифтитоҳ бахшидам, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр барҷаста ва дурахшони Истиқлолияти кишвари маҳбуби мост. Ин кохи муҳташам барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз даврони бостон аҳли китобу аҳли савод буданд, бунёд ниҳода шуд. Умедворам, ки Китобхонаи миллӣ садсолаҳо ба миллати куҳанбунёди мо хидмат менамояд, бо нури хираду маърифат наслҳои имрўз ва ояндаро ба корномаҳои оламшумули маънавӣ ҳидоят мекунад, чароғи афрўхтаи ниёгонро фурўзон нигоҳ медорад.
Дар рӯзҳои мубораки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз таманно мекунам, ки Китобхонаи миллӣ дар адои рисолати муқаддаси Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-эҳёи шукӯҳи ҷаҳонии таърих ва тамаддуни халқи тоҷик нақши шоиста гузошта, дар пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи имрўза заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ бо номи “Эҳёи суннати қадимаи китобдориву китобхонии миллати тоҷик” навиштааст, ки “Айни замон дар ҷумҳурӣ 6083 китобхона, аз ҷумла 1362 китобхона дар тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4587 китобхона дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 143 китобхона дар тобеияти дигар вазорату идораҳо фаъолият доранд. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон таҳқиқу тақвият ёфта, силсилаи барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ қабул ва дар амал татбиқ карда шуданд, ки метавон ин айёмро давраи нави рушди фаъолияти китобдорӣ дар кишвар арзёбӣ кард”.
Сармуҳаррири маҷалла доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар сарсухани худ муфассал дар бораи ҳадафу вазифаҳо ва зарурати таъсиси чунин як нашрияро ибрози назар кардааст.
Дар бахши “Китобхонашиносӣ” мақолаи Б.С.Холов бо номи “Сиёсати нави китобдории миллӣ” чоп шудааст, ки дар он муаллиф вазъи воқеии соҳаи китобдорӣ ва вобаста ба он фаъолияти китобдорӣ, китобхонашиносӣ, ба буҳрони амиқ дучор шудани ин самти муҳимми ҳаёти иҷтимоии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, тадриҷан рў ба эҳёшавӣ ва инкишоф ниҳодани онро мавриди арзёбӣ қарор додааст.
Олими маъруфи соҳаи китобхонашиносӣ Сафар Шосаидзода дар мақолаи “Ҷойгоҳи менеҷменти сифат дар раванди идоранамоии фаъолияти китобхона” яке аз омилҳои монеасозро дар самти ҷоринамоии меъёру нишондиҳандаҳои арзёбии сифати хизматрасониҳои китобдорӣ-иттилоотӣ мавҷуд набудани стандартсозии сифат, асосноксозии илмии хусусият ва тавсифи хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ арзёбӣ намудааст.
Ба ақидаи муаллиф, агар чунин вазъияти ногувор ҳарчи зудтар тағйир ёбад, он гоҳ сифати хидматрасониҳо дар китобхонаҳои кишвар боз ҳам беҳтар гардида, барои муаррифии дастовардҳои китобдории миллӣ дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меояд.
Олими тоҷик Шариф Комилзода дар мақолаи “Нақш ва мақомои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди илми китобдорӣ” нақш ва мақоми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пайдоиш, ташаккул, таҳаввул ва рушди илми китобдории тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҳамчунин дар шумораи аввали маҷалла мақолаҳои Зафари Шариф, Салима Раҷабова, Сайзароб Нодирзода, Гадобег Маҳмудов, О.Титова, Э.Эшонқулов, Д.Латифзода, В.Набиев, Ҷумахон Файзализода, М.Муродӣ, Р.Муродова чоп шудааст.
Дар охир маҷалла талабот ба дастнависҳои пешниҳодшуда барои чоп дар маҷаллаи илмии ”Паёми Китобхонаи миллӣ”ҷо дода шудааст.
“Паёми Китобхонаи миллӣ” маҷаллаи илмӣ буда, муҳтавои ҳамаи мақолаҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ оварда мешавад.
Матни пурраи маҷалла: “ПАЁМИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ”