Нақши инноватсия дар рушди китобхонаҳо
Имрӯз инноватсия комилан ба ҳама ҷанбҳаҳои фаъолияти инсон, таъсир мерасонад ва мо наметавонем бе истифода аз техналогияҳои муоссир дар фаолияти кори худ ба натиҷаҳои хуб ноил гардем. Кори китобдорӣ низ имрӯз яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди китобхона ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳар як китобдорро зарур аст, ки бо маҳорати баланди касбӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар кори ҳаррӯзаи худ фаолияти худро ҷоннок намояд.
Муҳимтарин вазифаи китобхонаи муосир ин рушд ва ташаккул додани таваҷуҳи устувор ва бошуурона ба мутолиа, васеъ намудани доираи хонандагон ва фарҳангӣ ва баланд бардоштани нуфузи мутолиа бо таҷдиди усулҳои анъанавӣ мебошад. Дар шароити имрӯза, китобхонаҳое, ки ба омӯзиши фаъол, ва тарғибу ташвиқи китоб, намоиши китоб авлавият медиҳанд, пешрафт мекунанд.
Равандҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи муосир ба амал меоянд, мутахассисони китобхонаро водор месозад, ки бо зарурати ҷустуҷӯи пайвастаи ғояҳо, шаклҳо, воситаҳо ва усулҳои кор, мудирият, таҳлили фаъолияти онҳо, мушаххас кардани ҳадафу вазифаҳояшон рӯ ба рӯ мекунад. Бисёр амалияи анъанавии китобхона аз нав дида баромада, мешавад ва зарурати нав кардан ва такмил додани равишҳои мавҷудаи назариявӣ ва амалӣ барои беҳтар ҳал намудани мушкилотҳои сершумори замони мо ба миён меояд.
Имрӯз истифодаи самараноки инноватсия як мушкилоти муҳими касбӣ барои ҷомеаи китобхонаҳост. Муносибатҳои инноватсионии ноил шудан ба ин ҳадафҳо аз мутахассисони китобхона талаб мекунанд, ки дониш, малакаҳои заруриро барои ташкил, идора ва татбиқи кори худ дошта бошанд. Ҳангоми муҳокимаи навовариҳои китобхона, бояд дар назар дошт, ки ин навовариҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошанд. Мутахассисони китобхона ва иттилоот оид ба аҳамияти инноватсия андешаҳои гуногун доранд. Навоварии китобхона ҳамчун воситаи паҳн кардани “беҳтарин таҷрибаҳои китобхона” дар доираи фаъолияти тадқиқотӣ ва методии китобхона, ҳамчун самт барои дарёфти роҳҳои нави фаъолият, рушд ва такмили кори китобхона (одатан бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва муҳити рақамии иттилоотӣ) ва ҳамчун воситаи муосири рушди эҷодии кормандони китобхона фаҳмида мешавад.
Мафҳуми зерин имрӯз мувофиқтарин ба назар мерасад: Навоварӣ модели ҷоришудаи фаъолият, маҳсулот ё хидматест, ки хусусияти сифатии навоварии мутлақ ё нисбӣ дорад; аз ҳудуди анъанаҳои қабулшуда берун меравад; фаъолияти касбиро ба пояи куллан такмилёфта ё сифатан нав мебарорад. Барои беасос гурӯҳбандии ҳамаи тағйироте, ки дар китобхона ба амал меоянд, ҳамчун “инноватсия” мо қайд мекунем, ки ҳар як тағйиротро навоварӣ ҳисобидан мумкин нест.
«Инноватсияи китобхона як идея, методология ё лоиҳаи аслӣ, ғайримуқаррарӣ аст, ки аз доираи қонунҳои мавҷуда ва шаклҳои анъанавӣ берун рафта, муносибати навро ба мундариҷа ва ташкили хидматрасонии китобхона, инчунин технология ва идоракунии китобхонаҳоро инъикос мекунад».
Аз ин лиҳоз ҳангоми интихоби объектҳои инноватсионӣ соҳаи фаъолияте, ки бештар бояд мутобиқи ҳадафи рушди инноватсионӣ тағйир дода шавад, муайян карда, тавассути модернизатсияи он кормандони китобхона метавонанд қобилияти худро нишон дода, ба натиҷаҳои мусбӣ ноил гарданд. Ҳар як китобхона на танҳо барои муайян кардани маҳдудияти захираҳо ва кам кардани хароҷот, балки барои ноил шудан ба манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ кӯшиш мекунад. Дар ниҳояти кор, ҳар як навоварӣ бояд қаноатмандиро аз натиҷаи кори онҳо ҳам барои истифодабарандагони китобхона ва ҳам барои кормандони китобхона зиёд кунад, садоқати ҳамаи иштирокчиёни китобхонаро баланд бардорад ва обрӯи иҷтимоии китобхонаро баланд бардорад.
Шайдулло Байдуллоев,
мутахассиси Маркази таҳсилот ва
инноватсияҳои китобдорӣ