«Нахустин устод»-и Чингиз Айтматов бо ҳуруфи брайлӣ
Китоби мазкур бо ҳуруфоти брайлӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии созмони амрикоии «USAID» рўйи чоп омадааст. Повести «Нахустин устод» ҳоло дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд гузошта шудааст ва хонандагоне, ки аз биноӣ маҳруманд, аз он метавонанд истифода кунанд.
Повестро адиб ва тарҷумони тоҷик Ҳабиб Аҳрорӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст ва он аз ҷониби С. Илёсов бо ҳуруфи брайлӣ таҳия гардида, барои гуруҳи хонандагони нобино тавсия гардидааст.
Повести Чингиз Айтматов “Нахустин устод” аз беҳтарин асарҳои адиби маъруф буда, дар эҷодиёти ӯ ҷойгоҳи хос дорад. Дар асар аз қаҳрамониҳову шуҷоати як муаллим дар як рустои дурдасти Қирғизистон мавриди тасвир қарор мегирад, ки барои хату савод баровардани наврасону навҷавонони деҳа талош кардаву ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштааст.
Адиби маъруф бо тасвири бадеии ҷараёни чанд ҳодисаи муҳим образҳои мондагоре чун муаллим Дуйшен, Олтиной Сулаймонова, пиразан Сайқал, пирамард Қартанбой ва холаи бадхашму бадназари Олтинойро офаридааст.
Рӯйдодҳо дар аввали солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар деҳаи бо номи Куккурев мегузаранд ва муаллиф ҳаёти наву кӯҳна, талошҳои омӯзиши илм ва раҳидани бонувон аз беҳуқуқиҳо дар таҳсил ва ғайра ҳикоят мекнуад.
Чингиз Айтматов ба адабиёти пурғановати форсу тоҷик эҳтироми хоса дошт ва борҳо ба Тоҷикистон омадаву дар чорабиниҳои адабиву фарҳангии кишварамон ширкат кардааст. Ҳамзамон адибони маъруфи тоҷик низ ҳамеша меҳмонони азизи ин нобиғаи асри 20 ва аввали асри 21 буданд.
Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Фрунзе (Бишкек) ва курси олии адабии Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1958) мебошад. Ба ду забон — русӣ ва қирғизӣ эҷод мекард. Аммо кулли асарҳояшро аввал бо забони русӣ навиштааст.
Нависандаи қирғиз барандаи Мукофотҳои ленинию давлатӣ, Нависандаи халқии Қирғизистон (1968), академики АИ Ҷумҳурии Қирғизистон (1974), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978), Қаҳрамони Қирғизистон (1997).
Қариб ҳамаи асарҳои ў ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Фаъолияти эҷодиаш аз ҳикоянависӣ ва тарҷумаи асарҳои нависандагони қирғиз (ба русӣ) оғоз ёфтааст. Ҳикояи нахустинаш «Рӯзномафурӯш Дзюйдо» (1952). Баъдан ҳикояҳои «Ҳошим» (1953), «Сепоячӣ», «Борони сафед» (1954), «Ҳарифон», «Дар замини лалмӣ», «Дар соҳилҳои Байдамол» (1955) ва ниҳоят қиссаи «Рӯбарӯ» (1957) ба табъ расиданд. Соли 1958 повести «Ҷамила» ба табъ расид. Ин асар ба забонҳои халқҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷӣ тарҷума шуд ва дар олами адаб нуфузи калон пайдо намуд.
Сарчашмаҳои эҷодиёти Айтматов фолклори халқҳои туркизабон (хосса қирғиз), адабиёти классикии рус, адабиёти собиқ шӯравӣ, адабиёти ҷаҳон (махсусан, адабиёти Амрикои Лотинӣ ва Ҷопон), адабиёти Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик мебошанд.
Барно САИДМУРОДОВА