ТАФРЕҲ. Ғазали баҳорӣ аз Мирзо Бедили Деҳлавӣ

bedilЧашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.

Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.

Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.

Чашм то вокардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,
Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.

Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад,
Чуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор. 

Абр менолад, к-аз асбоби нишоти анҷуман,
Ҳар чӣ дорад дар фишори чашми тар дорад баҳор.

Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор.

Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,
Ҳар ки гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.

З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту на шамшод раст,
Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.

Мирзо Абдуқодири Бедил