Наврӯз сапедадами ҳастист…

Наврўз, ки бо номи ҷашни Фарвардин, Наврӯзи Ҷамшедӣ шўҳратёр аст, муҳимтарин ҷашни миллии мост. Умумитарин аст, зеро Наврўз марзе намешиносад ва аз ҳар дару деворе ба сарзамини биҳиштосои мо ворид мешавад ва тамоми қавму мазҳабро дар ин сарзамини бостонӣ яксон шодмон месозад. Наврўз бузургдошти ростию ҳақиқат ва марзу буми сарзамини кўҳан, нишонаи мардуми накўкор ва накўсиришт аст!

 

Наврўз – ҷашни қадимтарин ва дерпойтарин аст, ки мардум муддатҳо пеш аз фаро расиданаш мунтазири қадамаш ҳасатанд, барои расиданаш лаҳзашуморӣ мекунанд, хонаро обу ҷоруб мезананд. Чун фаро мерасад мардум ба дидори ҳам мешитобанд. Қаҳр ба оштӣ, кина ба муҳаббат табдил меёбад. Пиру барно дар ҷашни Наврўз, дар ин шодии ҳамагонӣ ширкат меҷуянд,зеро Наврўз ба замину замон, ба табиат, ба мардумон шодӣ меафзояд. Наврўз-оғози Соли Нави хуршедӣ ва эъдидоли баҳорист. Нахустин рўз аз фарвардинмоҳ аст. Аз ин рў «Рўзи нав» номаш ниҳоданд, зеро пешонаи Соли Нав аст! Фарвардин-рўшноӣ, фурўғи зиндагонист! Наврўзу Фарвардинро оғози ҳаёти нав дар рӯи олам мехонанд. Наврўз бузургтарин ҷашни миллист, ки бо нахустин рўз-Ҳурмуз ва нахустин моҳи соли хуршедӣ, фарвардин, дар баҳор, он гоҳ, ки Офтоб ба бурҷи Ҳамал мебарояд ва шабу рўз баробар мешавад, оғоз мегардад. Рўзи омадани Хуршед ба хонаи худ, бурҷи ҳамал ва баробаршавии шабу рўз! Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ мефармояд:

 

Чу хуршед сар зад зи бурҷи барра,

Биёрост рўи Замин яксара.

Бирав бо саворон сўи майсара,

Ба кирдори Наврўзи ҳур аз барра.

Нигаҳ дорад оини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврўзу оташкада.

Ҳамон Ҳурмузу маҳу рўзи меҳр,

Бишўяд ба оби хирад ҷони меҳр.

 

Наврўз фархундатарин ҷашн, арзандатарин ва гаронбаҳотарин мероси маънавии ниёгони мост, ки дар роҳи муаррифии фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми муассир дорад. Наврӯз бо ойину русуми наҷибаш дар эҷоди ваҳдати маънавӣ ва фарҳангии тамоми халқхо мусоидат карда, ҷавҳару сиришту афкору андешаи башардўстонаи мардуми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунад. Наврўз шиносномаи фарҳангу маънавиёти ниёгони мост. Ҷашни миллии тоҷикон – Наврўзи Хуҷастапай бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи Наврўз соли 2010-ум аз тарафи СММ чун  арзиши бузурге ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва оламгир гашт! Эҳсоси футувату худшиносӣ ва тинати бузурги фарзанди фарзонаи миллат буд, ки шукўҳи шаҳомати азалии Наврўзи хуҷастапай пойбарҷову ҷовидона боқӣ монд. Наврўзи оламафрўз сифату оинҳои наҷибу диловез дорад. Оину суннатҳои Наврўз хеле зиёданд, ки имрўз каму беш ба назар мерасанд ва аз қалбҳои пур аз муҳаббату хиради азалии мардуми мо шаҳодат медиҳад. Наврўзи хуҷастапай ҷашни хайрхоҳиву хайрандешӣ бо гуфтору пиндори накўст! Густурдани хони Наврўзӣ ва оростанаш бо «Ҳафт-сину» «Ҳафт-шин» намунаи хайру баракат аст. Дар ҷашни Наврўз хўрокҳои миллии аз рустаниҳои шифобахш омодашуда зеби хону кошонаҳост. Мардум он чӣ доранд рўи хони наврўзӣ мегузоранд бо он ният ки, тамоми сол файзу баракат ва суруру нишот бо онҳо бошад. Гирди хони Наврўз ба ҳам омадани аҳли оила, пайвандону ёру дўстон бо шодиву тараб фоли нек маҳсуб меёбад. Бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оростани хони наврўзӣ ба худ ҳикмат дорад. Суманак аз суннатҳои бостонии мардуми ориёинажод ва яке аз аркони асосии хони Наврўзист! Суманак чун рамзи баҳори диловез аз шираи гандуми навсабзида барои хони Наврўзӣ ва зиёфати меҳмонони дуру наздик тайёр карда мешавад. Суманак рамзи Наврўз ва фаровонист ва танҳо дар айёми Наврўз пухта мешавад. Бонувони нуронӣ ва солдида донаҳои гандум сабз мекунанд ва суманак мехобонанд. Суманак муҳимтарин ширинии Наврўзӣ ва рамзи Наврўз аст. Пухтани суманак дар арафаи Ҷашни фархунда дар маҳаллаву шаҳру деҳот шомгоҳон оғоз ёфта, то субҳидам давом мекунад. Занону дуҳтарон тамоми шаб бо либосҳои фохир худро ороста, бо рақсу сурудҳои дилнишин дар ҳавои мусиқӣ суманак мепазанд. Бонувону гулдухтарон дар сари деги суманак бо меҳру муҳаббат базм меороянд. Ин суннату русуми наҷиб аз қаъри асрҳои кўҳан, аз хиради ниёгони озодаву сарфарози мо ибтидо мегирад ва то кунун дар ҳукми анъанаи зебои миллист! Суннатҳои милливу аҷдодӣ ва одобу оини гузаштагон дар бовару эътиқоди мардум решаи қавӣ доранд, аз ин рў онро мардум самимона таҷлил мекунанд ва аслан бо ҳамин далел ниёгони мо ҷашни миллиро дар ҳолати фархундаву рўзи нек қарор додаанд. Наврўз- рўзи адлу дод, нишот ва рафъи кинаву зиштиҳост. Ифтихори тоҷикон аз сифату ҳикматҳои Наврўзи диловез ва арҷ доштани аҳли башар аз он аст! Эҳё ва таҷлили ҷашни Наврўз андешаи пок, афкори созанда ва эҳсоси зебоипарастии ниёгони моро собит мекунад. Шукўҳу фарри Наврўз пас аз ҷашни байналмилалӣ эълон шуданаш бештар гардид. Имрўз ба тамоми мардуми ҷаҳон рўшан аст, ки Наврўзи некпай чун мубтадои ҳамбастагӣ ва оғози табии муносибатҳои инсонӣ пазируфта шудааст. Имрўз Наврўзи оламафрўзро дар қитъаҳои бузургтарини олам, аз Шарқу Ғарб то Ҷануб истиқбол мегиранд ва аз куртаи чакану тоқии зардўзӣ, либосҳои миллии атласу адрас ва дигар ороишоти зебову ҷилодори миллии тоҷикон дар ҷашни Наврўзӣ истифода мебаранд. Оламгир шудани шўҳрату шони Наврўз дар дили ҳар фарди худшинос эҳсоси муҳаббатро нисбат ба Ватан, ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу оин тақвият мебахшад. Чароғи Наврўз- чароғи худшиносиҳост. Ва ҳар куҷо ин чароғ равшанӣ медиҳад, сарзамини мост, диёри табори мост. Ҳар ҷо, ки Наврўз таҷлил мешавад бо мо бегона нестанд. Ҳар куҷо тоҷикзабонест дар оғози баҳор бо шукўҳу азамат хиргоҳи наврўзӣ мезанад.

Ба ҳар кор бахти ту пирўз бод!

Ҳама рўзгори ту Наврўз бод!

 

Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси

шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ.