Таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврӯз зери унвони “Наврӯз эҳёгарии анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ”  бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Пайшамбезода Муҳиддин Шоҳинбод, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев ва муовини раиси  Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон ширкат ва суханронӣ   намуданд.

 

Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар китобхона дар  сатҳи баланд доир шуда, як қатор кормадони фаъоли китобхона бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва аълочии фарҳанг қадрдонӣ шуданд.  Аз ҷумла, Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумъахон Файзализода бо Ифтихорномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардид.

Инчунин ба муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин ва чанде дигар аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба унвони  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шарафёб шуданд.

Бояд гуфт Наврӯз ҷашни бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик буда, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд.

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо  ойину, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Ҷашни Наврӯз аз  бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.  Наврӯз дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Мувофиқи қарори СММ ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми давлатҳои дар ҳайати СММ буда ҷашн мегиранд. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст.

Қисмати дуввуми барномаи фарҳангӣ дар ошёнаи якуми китобхона бо иштироки ҳунармандону мутрибон соҳибистеъдод идома ёфта, табъи ҳозиринро болида гардонданд.

 

Раҳима Азам шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.