Наврӯз василаи ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ
Тоҷикон бо таърихи беш аз 6000-солаи худ яке аз миллатҳои куҳанбунёд ба шумор мераванд. Ин миллат хирадманиш, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илму адаб буданд ва он чун давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шуд.
Дар ин росто тоҷикон дар тули мавҷудияти худ расму оин ва ҷашну анъанаҳое чун Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва ғайраро эҷод намудаанд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо моҳияти иҷтимоии худро аз даст надодаанд. Бахсус Наврӯз, ки бунёди онро гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ташкил медиҳад, бо таърихи дарозои худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон мебошад. Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузоштанд, ки то замони мо расонидаанд.
Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашма аз ахлоқи ҳамида, тарбияи накӯ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мегиранд. Наврӯз чун ҷашни миллӣ пайки муқаддас, ҷавҳари тобанда, нишонаи ҷовидонаи тамаддун, нигоҳдорандаи таърих, забон, урфу одат ва фарҳанги мо мебошад. Ин ҷашни гуворо аз зеботарину деринатарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато кардааст. Наврӯзи ҷаҳонафрӯз асрҳо аз тӯфони ҳодисаҳо гузашта, зинда, бегазанд ва барҷо то ба мо омада расидааст. Мояи ин дурри таърихиро муттаҳидиву ваҳдатофаринӣ ташкил медиҳад. Ҳамин падидаҳои нек буд, ки аҷдодони шарафманди мо тӯли ҳазорсолаҳо онро азизу гиромӣ доштаанд. Онҳо бо хираду фаросати азалии худ ин ҷашни зебои табиатро бо беҳтарин расму оин ва маросимҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд. Маҳз оинҳои неки наврӯзӣ сабаб шуд, ки миллати тоҷик дар дарозои таърихӣ илму адаб, фарҳангу ҳунар, хату забон ва дигар суннатҳои бостонии худро бегазанд нигоҳ дошта, то имрӯз оварда расонанд.
Наврӯз ҷашнест, ки покиву покизакорӣ, осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад, қалбҳоро нарму кинаҳоро дур месозад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
19 феврали соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии Эрон, Афғонистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷашни Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ қабул карда шуда, ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард. Вобаста ба ин рӯёдоди муҳимми тахрихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2011 иброз намуданд, ки: “Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт”.
Бо шарофати Пешвои миллат мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз дар арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар, таҳкими сулҳу субот ва равобити халқу миллатҳои мухталифи дунё сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккур нақши муассир гузошт.
Пазируфтани ҷашни Наврӯз ҳамчун иди байнамилалӣ аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни куҳанбунёди мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Пешвои миллат бо дастгирии доираҳои илмию фарҳангӣ бархе аз суннатҳои волои Наврӯзро, ки бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, дубора эҳё ва суннатҳои наврӯзиро барои беҳбуди ҳаёти имрӯза ва таҳкими ҳарчи бештари равобити халқҳо истифода намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари некхоҳу некбини тоҷикон аз рӯзи сари қудрат омадан дарк намуданд, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкорию созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Пешвои фарҳангсолори тоҷикон нек дарк намуданд, ки ин ҷашни асили фарҳангӣ дар замони бархурди сиёсатҳо, манфиатҳои абарқудратҳо ва хатарҳои сартосарӣ мардуми сайёраро ба ҳамзистию ҳамбастагӣ даъват мекунад ва ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Вақте ба таърихи Наврӯз назар афканем, мебинем, ки он воқеан аз куҳантарин ҷашнҳоест, ки аз замонҳои қадим боқӣ монда, ҳоло на танҳо дар кишварҳои форсизабонон, балки дар манотиқи мухталифи кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марзказӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар кишварҳое чун Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Гурҷистон, Озарбойҷон, Албания, Чин ва ғайра таҷлил мешавад. Ба қавли Пешвои миллат сабаби ин ҷашни бостониву зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин пайки таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё таҷлил менамоянд ва ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” табрик менамоянд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст.
Ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Мо Наврӯзро оғози эҳёи табиат, санаи нашъунамо ва тавлиди наботот мешуморем ва ба ин боварем, ки дар баробари табиат бояд даврони навро низ бо рӯҳияи тоза ва пӯшидани либосҳои пок оғоз кунем. Пешвои миллат вобаста ба ин масъала ба маврид чунин зикр кардаанд: “Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад”.
Яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст. Пешвои миллат ҳамасола, ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар кишварҳои дигар баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳимми илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли онро айни муддао дониста, ба ин восита боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардани миллатҳоро арзёбӣ мекунанд.
Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези зиндагии муосир табдил шудааст. Таҷлили ҷашнҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Наврӯз дар ҳалли мушиколоти ҷуғрофию марзӣ ва равобити мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба аз ҳар ҷиҳат мусоидати мусолиматомез менамояд. Бо дар назардошти проблемаҳои умумибашарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид гуфтаанд: “Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз имкон медиҳад, ки аҳли башар ба ин падидаи нодири бостонӣ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро Наврӯз ва мазмуну муҳтавои он хоси фақат қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд”.
Дар айни замон ҷомеаи башарӣ дар беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондӯстона ва хиради созанда ниёзманд аст. Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд. Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва ташаббусҳои беназири Сарвари оқиламон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.
Дар фаровард ҳаминро метавон таъкид намуд, ки нақш ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байналмилалӣ намудани Наврӯзи Аҷам на танҳо ба муррифии расму оини миллати куҳанбунёди миллати тоҷик ба ҷаҳониён боис шуд, балки ба ин восита дар асоси дурнамои гуногун, дар пойдории фарҳангу амният, сиёсату иқтисодиёт ва ваҳдату ягонагии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми шоён гузоштанд. Сиёсати сулҳдӯстӣ ва оқилонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намоянд ва онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндошта, ҳамасола бо шукуҳ бо риояи расму оини наврӯзӣ ҷашн гиранд.
Шаҳодат ДАВЛАТОВА,
мутхассиси шуъбаи котиботи КМТ