Назари хос. Иҷлосияи XVI-ум – наҷоти миллати тоҷик аз нобудшавӣ

Иҷлосияи XVIСарнавишти миллати тоҷик чӣ пастию баландиҳо, азобу машаққат ва сахтиҳои миёншикан доштааст. Рӯзҳои вазнини бесарусомонӣ, ошуфтагӣ, дарбадарӣ, ки ба сари миллати тоҷик дар солҳои 1991-1992 чун ярче, ки дар роҳи худ ҳамаро нобуд месозад, фуруд омада буд, қариб буд камари миллатро бишканад. Чӣ сабаб шуд, ки Тоҷикистон ба чунин вартаи ҳалокат омада расид?

Пеш аз ҳама ин паст будани сатҳи зиндагии мардум ва яке аз сабабҳои дигари он бозиҳои сиёсии охирин солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ҳамаи ин бесарусомониҳо боис гардид, то мардуми гумроҳзада ба даъватҳои сиёсатмадорони аз кӯчаи сиёсат нагузашта дода шуданд ва ин боиси аланга задани ҷанги дохилӣ дар кишвар шуд.  Аммо сад шукрона мекунем, ки Иҷлосияи воқеан тақдирсоз сарнавишти миллати моро ба ҷониби гулгулшукуфоӣ ва раҳоӣ аз нобудшавӣ оварда расонид. Ба бахти миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

Албатта, ин бесарусомонӣ бе дахолати душманон ва нохалафон аз хориҷи кишвар ба амал наомадааст. Дар чунин ҳолат дӯст ниқоби дӯстиашро як сӯ партофта, чеҳраи аслии худро нишон медиҳад. Дар руй ба руй истода механдад, аммо аз пасат корҳои разилона ба анҷом расонида, ба тахтапуштат корд мехалонад. Шукрона ва садҳо шукрона мекунем, ки Парвардигор раҳми моро хӯрда, чунин як шахсияти бузургро ба мо ҳадя намуд. Маҳз далерӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ ва вафодории Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ӯ ба ҷониби мухолифин оғӯши дӯстӣ боз намуд, то кишвари мо талаву тороҷ нагардад. Таърих гувоҳ аст ва ба ҳамагон маълум аст, ки то кадом андоза Иҷлосияи тақдирсоз сарнавишти миллати тоҷикро дигар намудааст. Агар ин Иҷлосия намебуд, кӣ медонад, ки ба сари мардуми мо чӣ рузҳои пурдаҳшат фуруд меомад. Ин Иҷлосияро мӯъҷизаи асри ХХ гӯем ҳам хато намекунем.

Чӣ рӯзҳои даҳшатнок ва фаромӯшнашаванда буданд он рӯзҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз. Бародар бо дасти худ бародарашро, писар падари худро ба қатл мерасонид. Ҷавондухтарон ва духтарони наврасро омада аз пеши падару модарашон бо зулму ситам мерабуданд. Кӯдаконро дар пеши чашми волидайн шамшер мезаданд. Зиёда аз 150 ҳазор фавтидагон дар муддати кутоҳ. Акнун худ қазоват кунед, агар ин ҷанги бародаркуш анҷом намеёфт, бо чунин омор магар аз миллати тоҷик нишоне мемонд?

Ёд дорам он рӯзҳои мудҳиш бо чашми умед ба оинаи нилгун назар мекардем ва натиҷа аз Иҷлосияи XVI-умро бесаброна интизор мешудем. Вақте бори аввал симои Эмомалӣ Раҳмонро дидем, бе ягон муҳобот шуълаи умед дар дилҳои мо аланга зад. Ба худ гуфтам, ана акнун бо ин шахсият мо аз ин бало раҳоӣ хоҳем ёфт.

Боҷуръатона сухан намудан, ҳақиқатро дифоъ намудан ва ҳақиқатпарастии ин марди шуҷоъ ба дилҳои якояки миллати ғамзада ва бепарастор тухми боварӣ ба ояндаи некро бикошт ва моро аз ҷанги касиф ва хонумонсӯз раҳо намуд. Эмомалӣ Раҳмон ба монанди кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон баҳри миллати худ сипар шуд, барои ободии давлат ҷавонӣ ва ҳаёти худро дареғ надошт, то миллати парокандааш сарҷамъ шавад. Бинобар ҳамин, ҳамасола 16-уми ноябр ба хотири арҷ гузоштан ба хидматҳои бузургу бесобиқаи ин шахсияти барҷаста – Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати тоҷик ва сипос ба арзишҳои давлатӣ, милливу шаҳрвандӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба мо  Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд. Баъдан умеди миллати тоҷик ба ояндаи некро бедор намуд, сулҳу субот ва осмони софи беҷангро ба кишварамон биёвард, оҳиста-оҳиста сатҳи иҷтимоии ҳаёти мардум боло рафт, сиёсати сулҳофарини Президентамон мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён гардид, Тоҷикистони дар вартаи бало ва нобудшавӣ қарордоштаро дар тамоми ҷаҳон мешинохтагӣ шуданд ва эътироф намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия иброз намуданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ва воқеан, Пешвои муаззами миллат ба ваъдаи хеш содиқ монданд ва миллати хешро аз парокандагиву бесарусомонӣ, сарзамини Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшиданд.

Ин Иҷлосияи тақдирсоз дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин абадӣ сабт хоҳад ёфт. Рӯ ба ободонӣ ва рӯзҳои хушбахтиву сулҳу оромӣ ниҳодани миллати сарбаланди тоҷик ва давлати мисли кӯҳҳои сарбаланди худ побарҷо аз ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз оғоз мегардад.

Ба хидматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати тоҷик арҷ гузорем, барои ватани худ ва миллати худ, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами давлат ва сиёсати пешгирифтаи ў софдилона ва содиқона хидмат намоем, ба ин оромиву субот, сулҳу ваҳдат ва осоиштагиву хотирҷамъӣ шукргузорӣ намоем.

Раҳмонова-БунафшаРаҳмонова Бунафша,
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон