Нест лозим аз фиреби ин ҷаҳон ғофил шавем…
Ин як мисраъ аз китобчаи ашъори Турсунбой Кашаков, ки бо номи “Иншои дил” шояд бо талоши пайвандону дӯстонаш чоп шудааст, иқтибос шуд. Ва китобча саропо аз чунин мисраъҳои дар назари аввал сода, вале дар асл баёнгари ҳолу сарнавишти мардуми кишвар, бахусус касоне, ки солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ заҳри муҳоҷират кашидаанд, мебошад. Худи муаллиф аз ҳамин гуна касон буд, ки аз кӯҳистони Бадахшон ба водии Вахш омад ва дар ободонии як замини паҳновари бекор, ки баъдан ба водии зархез табдил шуд, саҳм гирифт.
Дар сарсухани китоб, ки мутаассифона имзои муаллифи он дида намешавад, мехонем:
Турсунбой Кашаков соли 1919 дар деҳаи Басиди Водии Бартанг дар оилаи деҳқони қамбағал таваллуд шудааст. Аз овони кӯдакӣ ба омузиши дониш машғул шуда, дар мактаби маҳви бесаводӣ таҳсил намуд ва бо гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар деҳоти Бартанг ба касби омӯзгори машғул шуд. Вай яке аз нахустмуаллимони мактаби Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, дар таълиму тарбияи насли наву маҳви бесаводии мардуми диёраш тамоми қувваю нерӯи ҷавонияшро сарф кардааст.
Чун аз омӯзгорони хуб буда, дар як муддати кутоҳ аксари мардуми Бартанг бо вай унс гирифтанд.Ҷавон буд, аммо байни мардум мартабаи худро касб кард. Ба шеъру шоирӣ рағбат дошт ва аз овони ҷавонӣ чакидаҳояш рӯйи қоғаз мерехт. Бо ду забон шеър мегуфт. Ҳам ба лафзи бартангӣ ва ҳам бо забони тоҷикӣ. Шеъри шогирдона менавишт, аммо ба сухани нав, ки ба дили мардум кора мешуд. Ҳамин истеъдоди худододӣ дошт, ки Ҳофизи халкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадёр Хуҷамёров ба аксари ашъори ин шоири ширинкалом оҳанг баста, бештари эҷодашро месуруд. Бахусус, шеъри Турсунбой , ки бар марги фарзандаш эҷод кардааст, дар иҷрои устоди ҳунар Мамадёр хеле самимона ва ба ҳиссиёти баланди ҳофизона садо медиҳад, ки касро аз шуниданаш ларза фарогир тан мегардад.
Яке аз мавзуҳои эҷоди ин шоири ширинкалом ҳаёти мардуми Бартанг буда, тавонистааст, зиндагии ин мардуми мехмондӯст ва самимиро ҳамаҷиҳата тасвир намояд. Беҳтарину, ширинтарину, ҷаззобтарин шеърҳояшро ба ин мардум бахшидааст, ки бесабаб нест. Зеро Турсунбой Кашаков замони муҳоҷир шудани мардуми Бартанг ба водии Вахш, аз ҷумлаи муҳочирон буд ва солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба сифати муҳоҷир ба ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайхун) равона карда шуда, то охири умраш дар шаҳраки Дӯстии ин ноҳия кору фаъолият дошт. Ёди зодгоҳ , мардуми он вайро ҳеҷ ором намегузошт ва барои дилбардории худ дар васфи Бартангу мардумонаш шеър мегуфт
Турсунбой Кашаков соли 1989 дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир вафот кард ва хонаи охираташ дар ҳамон ҷост.
Китоби “Иншои дил”-ро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона ШАРИФОВА, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.