Нигаронии ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ аз афзоиши талоқ дар кишвар
16 май мизи мудаввари Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила доир гардид. Ба ин чорабини намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз нақши оилаи солим ва миллати солим ҳарф зад ва оиларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа донист. Вай аз ҷумла гуфт:
– Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ба ҳамин хотир аст, ки аз соли 2015 дар Ҷумҳурии мо низ Рӯзи оила ҳамасола 15 май таҷлил мегардад.
Намоянда аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулсара Ёрова дар мавзӯи “Оила такягоҳи давлат” маъруза карда, аз ҷумла қайд намуд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои нигоҳ доштани арзишҳои оиладорӣ, дар фазои меҳру муҳаббат тарбия намудани фарзандон якҷоя кушиш намоем, то дар оянда ҷомеаи мо солим монад.Зеро ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.
Вобаста ба “Омилҳои устувории оила дар ҷомеаи Тоҷикистон” доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бибиҳафиза Маҷидова изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт, ки дар бунёду устувории оила духтарону писарон бояд масулиятшинос бошанд. Зеро тайёр набудани махсусан духтарон ба ҳаёти оилавӣ ва бетарафии онҳо нисбат ба дигар аъзоёни оила низ яке аз омилҳои асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад.
Дар тақвияти назари иштирокдорон намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Бекназарова ақидаҳои худро баён дошт.
Нуқтаи бисёр муҳиме, ки бояд волидайн ба он таваҷҷуҳ бикунад ин аст, ки кӯшиш намояд, муҳити хонаводаро маркази амну осоиш ва сафову самимият бигардонад. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб ба камол расидани фарзандон беҳуда аст. Иртиботи самимонаи волидайн бо якдигар дар ислоҳ ва тарбияи рӯҳиву равонии фарзандон таъсири босазое дорад –гуфт ӯ.
Намояндаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Қосимзода дар робита ба мавзӯи оиладорӣ омори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 – ро вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ пешниҳод намуд.
-Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ 2 ҳазору 919 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 864 ҳолат коҳиш ёфтааст. Теъдоди кӯдакони ноболиғ аз бекор кардани ақди никоҳ 3017 нафаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 1288 нафар кам аст. Дар ин давра баъди ташхиси фаросавтии занони ҳомила дар натиҷаи дарёфти нуқсонҳои иллатёфта 779 нафар кӯдакони маъюб ба дунё омаданд, ки 41 нафари онҳо аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ мебошанд.
Маҳмадҷон Оймуҳаммадзода судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми чорабинӣ масъалаҳои доғро, ки аслан аз бекор гардидани никоҳ сарчашма гирифта, минбаъд ба носолим гардидани ҷомеа сабаб мегардад, аз чанд паҳлу арзёбӣ намуд.
– Давоми соли 2022 ба судҳои кишвар барои ҷудоӣ қариб 17 ҳазор ариза ворид шуд ва зиёда аз 14 ҳазор оилаҳо ҷудо карда шуданд. Ин натиҷа хеле нигаронкунанда аст, ки ҳамагӣ 2 ҳазор аризаро рад карда, оилаҳоро дубора барқарор карданд. Барои пешгирӣ аз ин раванд бояд ҷавононро ба ҳамдигарфаҳмӣ омӯзиш диҳем.
Ҳамчунин дар интиҳо миёни иштирокдорон табодули назарҳо сурат гирифт, ки чи гуна ва бо кадом роҳҳо бояд раванди бекор гардидани оилаҳоро пешгири намоем. Инчунин пешниҳод гардид, ки ба хонандагон дар муассисаҳои таълими дарси равоншиносӣ низ ҷорӣ гардад.Чунки чанд соли охир, ки дарси “Маърифати оиладорӣ”-ро дар мактабҳо ҷори намудаанд, натиҷаи босамаре ба бор овардааст.
Хотирасон бояд кард, ки маҳфилу чорабиниҳо дар робита ба таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар Китобхонаи миллӣ чанд рӯз боз идома ёфта истодааст. Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии баргузории ин нишасту чорабиниҳо мебошад.
Маҳинбонуи Ҷамолиддин,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа