Як Рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми май

adaibiyotСоли 1864 нависанда ва адабиётшиноси амрикоӣ Натаниел Ҳоторн аз олам гузашт. Вай яке аз аввалин нависандагони эътирофшудаи адабиёти амрикоӣ мебошад. Дар ташаккули жанри ҳикоя нақши шоиста дошт, адабиёти замони худро бо романтизм бою рангин сохт. Вай падари нависанда, рӯзноманигор ва муаррих Ҷулиан Ҳоторн буд.

Романҳои “Ҳарфи сурхфом”, “Блитдейл”, “Ватани куҳани мо” аз ӯ мебошанд.

hose-martinСоли 1895 дар Дос Риос, каме дуртар аз мавзеъи ба ҳам омадани рӯдҳои Контрамаэстре ва Кауто дар синни 42-солаӣ дар ҷанг бо лашкари испониҳо шоир, нависанда, мақоланавис, тарҷумон, файласуф ва инқилобии аҳли Куба Хосе Марти кушта шуд. Вай як назарияпардози сиёсӣ ҳам буд ва ҳамеша таъкид мекард, ки кишварҳои Амрикои Лотин бояд фарҳанг ва тамаддуни худро нигоҳ доранд.

Хосе Марти соли соли 1869 нахустин навиштаҳои худашро дар як рӯзнома мунташир кард ва худи ҳамон сол китобашро бо номи “Озодии ватан” чоп кард. Вай барои рӯзномаи “Ҳама миллат”, ки дар шаҳри Буенос-Айреси Аргентина чоп мешуд, мақолаҳои зиёде навишт ва солҳои 1889-1890, ки конфронси дохилии кишварҳои Амрико дар Вашингтон ҷараён дошт, бо навиштани мақолаҳое даст ба ифшогарӣ зад ва таблиғоти расмиро беасар намуд.

Номгӯи баъзе аз осори адабии ӯ: “Оё мумкин аст онҳо маро то торикӣ хок накунанд”, “Мурдан монанди як хоин”, “Ман инсони хубе ҳастам”, “Ба унвони як инсони хуб дар мулоқот бо хуршед хоҳам мурд” мебошанд.

boleslav-prusСоли 1912 нависанда, рӯзноманигор, муҳаррир ва фелетонависи лаҳистонӣ Болеслав Прус аз олам гузашт. Вай 64 сол дошт. Аз соли 1872 бо нашрияҳо ҳамкорӣ кард. Муҳаррири маҷаллаи «Nowiny» буд.

Мақолаҳои вай дар нақди адабӣ барои ташаккули ин жанр дар Лаҳистон хидмат карданд.

Вай ба романҳои Лев Толстой мароқи зиёд дошт.

Талоя”, “Зоча”, “Фиръавн”, “Бачаҳо”, “Дигаргунӣ” аз ҷумлаи романҳои ӯ мебошанд.

Соли 1944 дар шаҳри Москав нависанда, санъатшинос, муаррхихи меъморӣ ва мунққиди меъмории шӯравию амрикоӣ Владимир Паперний ба дунё омад. Падараш адабиётшиноси машҳур Зиновий Паперний ва модараш Калерия Озерова корманди “Литературная газета” буд.

Соли 1987 дар шаҳри Маклини иёлати Вирҷонияи ИМА дар синни 71-солагӣ нависандаи машҳури асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷеймс Типтрии хурдӣ аз олам гузашт. Вай донишгоҳи Калифорнияро хатм карда буд. Аз замони таъсиси СРУ аз ҷумлаи кормандони аввалини он буд.

Аввалин асали илмӣ-тахайюлии худро соли 1968 навишт, замоне буд, ки унвони илмии доктори илмҳои фалсафа дошт.

Баъди марги шавҳари дуюмаш, ки биноии худро аз даст додаву фалаҷ ҳам шуда буд, худкушӣ кард.

Ҷеймс Типтрии хурдӣ барандаи ҷоизаҳои “Ҳюго”, “Небюлла”, “Локус” ва “Муштарӣ” буд.

rimma-fedorovna-kazakovaСоли 2008 шоир, тарҷумони рус Римма Казакова аз олам гузашт. Вай 27 январи соли 1932 дар Севастопол таваллуд шуда буд. Падараш марди ҳарбӣ буд. Номи ӯ дар аввал Рэмо, кутоҳшудае аз мафҳуми русии «Революция, Электрификация, Мировой Октябрь»  буд, вале баъди бистсолагӣ худро Римма номид.

Кӯдакии ӯ дар қаламрави Белорусия гузаштааст, солҳои мактабиаш дар Ленинград. Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Ҷумҳурии Мухтори Удмуртия бурда шуданд. Падараш ҷангро солим ба поён расонд ва бо рутбаи ҳарбии полковникӣ ба наздашон баргашт.

Римма факултаи таърихро дар Донишгоҳи Ленинград хатм кард, ҳафт сол дар Хабаровск зист, муаллим буд, дар идораи газета ва студияи синамо кор кард.

Римма Казакова аз машҳуртарин шоирони замони худ миёни бонувон буд.

Таҳияи Б.Шафеъ