Нигоҳе ба Фестивали “Сайри гули лола”
Ба умри кутоҳаш нигоҳ накарда, лола гули писандидаи халқи тоҷик аст. Ин гулро ба хотири зебоиву дилрабоияш дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон парвариш мекунанд.
Дар саросари Тоҷикистони азизи мо Фестивали “Сайри гули лола” ҳамасола аз рӯи номинатсияҳои “гулпарвари беҳтарин”, “гулгашт ва хиёбон”, ”боғҳои фарҳангию фароғатӣ”, ”деҳаи беҳтарин”, ”маҳаллаи беҳтарин”, ”деҳоти беҳтарин”, ”шаҳраки беҳтарин”, ”ноҳияи беҳтарин” ва ”вилояти беҳтарин” баргузор мегардад. Соли равон низ ин озмуни зебоиву зебоипарастӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос барпо гардид, ки дар он бонувони Китобхонаи миллӣ низ ширкат доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳаштум аст, ки дар сар то сари Ватани азизамон гузаронида мешавад.
Ин навбат макони баргузории маросими ҷоизасупорӣ ба барандагони Фестивал толори театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ интихоб шуд ва аз субҳ майдончаи назди театр пуродам буд. Ин ҷо издиҳоми зиёди иштирокдорон барои пешвози меҳмонон омодагӣ медиданд. Ҳама гулпӯш. Ҳама зебо. Овезаҳои иттилоотӣ ва садои форами мусиқии ҷаззоб фазоро аз ҳавои идона пур мекард.
Дар гӯшае хурдтаракони гулбасар мерақсиданду дар гӯшаи дигар ҳофизон аз вилояти Суғд табъи ҷамъомадагонро бо сароидани рубоиёти зарафшонӣ хуш мекарданд. Дар гӯшаи севум хонандагон аз мактаби рассомии идораи фарҳанги Ваҳдат намоиши рассомӣ барпо кардаву дастаи дигаре иборат аз гулдухтаракони пероҳани рангину зебои миллӣ ба бар шеъру ғазал дар васфи Ватан, баҳор, гули лола ва табиати зебои Тоҷикистони офтобӣ қироат менамуданд. Гӯшаи гулпарварон боғи афсонавиро мемонду духтаракони булбулзабон васфи Ватан ва Сарвари адолатпешаи Тоҷикистони азизро месуруданд. Ҷойи дигар баробар бо рақси фаввораҳо рақси зебои гулдухтаракони хурдакак парвози кабутаронро мемонду дар канорашон ҳунарпешаҳои халқӣ хурдакаконро хушнуд менамуданд. Дар канори фаввораҳо ва сояи дарахтон бонувону ҷавонон аз идораву коргоҳҳо ҷамъ омадаву аз ин ҳамоиши зебо баҳра мебурданд, ки мо – кормандони Китобхонаи миллӣ низ ҳамроҳашон будем.
Бояд гуфт, ки маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” дар бинои театри опера ва балет ба номи С. Айнӣ ботантана баргузор гашт. Дар ин маросим Душанбешаҳр соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал гардида, дар номинатсияи “гулпарвари беҳтарин” сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шодмон Халилов сазовори ҷойи якум шуд. Дар номинатсияи ”гулгашт ва хиёбон” гулгашти назди Муҷассамаи ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ дар хиёбони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Рӯдакӣ”-и шаҳри Душанбе дар номинатсияи “боғҳои фарҳангию фароғатӣ” сазовори ҷойи аввал гаштанд. Дар номинаи “ноҳияи беҳтарин” бошад, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешгом гашт. Ҷойи аввалро шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар номинаи “шаҳри беҳтарин” ва вилояти Суғд дар номинатсияи “вилояти беҳтарин” сазовор шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷаласа ҳофизону мутрибон ва раққосаҳои хушхиром ғолибони фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лоларо” таҳният мекарданду ба хурсандии ҷамъомадагон шодиву сурур зам мекарданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ бо тозаву озода нигоҳ доштани қитъаи замини ба Китобхона вогузоргашта барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як порча, ҳар як гӯшаи Ватани азизамон саҳми хешро мегузоранд.
Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат буда, парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназирест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Нақши гули лола ҳанӯз дар асрҳои 3-5 мелодӣ дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад, ки дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг тасвир шудааст. Занони ҳунарманди мо аз қадим то ба имрӯз дар дӯхтани чакан ба ин гул афзалият медоданду медиҳанд.
Баргузории Фестивали “Сайри гули лола” барои мардуми тоҷик ифтихор аст, зеро тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буда, ба зебоиву зебопарастӣ, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳи хос доранд.
Махфират Муҳидинова