Нуқра Аҳмадова: Бойгонии маводи мусаббати Медиатекаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад

Нуқра Аҳмадова: Бойгонии маводи мусаббати Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад

ОШНОӢ: Нуқра Аҳмадова риштаи суханшиносии Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз ассистенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллӣ оғоз кардааст. Дар шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2015 дар Китобхонаи миллӣ кор мекунад. Аз моҳи апрели соли 2020 сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

 – Аз натиҷаи сафаратон ба Ҷумҳурии Қазоқистон бигўед. Чӣ гуна сафар буд ва бо даъвати кӣ анҷом пазируфт?

– Ин сафари 8-рўза буд дар доираи лоиҳаи маводи мусаббати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 ба Китобхонаи аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Елбасӣ таҷрибаомўзӣ рафтем. Фаъолияти китобхонаи Елбасӣ вобаста ба сохторҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст ва дар ин давраи коромўзӣ бо фаъолияти хадамотҳои китобхона, осорхона ва бойгонии ин муассиса ошно шудам. Фонди Хадамоти китобхонаи Элбасӣ ба се қисм тақсим шудааст: китобҳо дар бораи нахустпрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон, китобҳое ки бо соядаст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон туҳфагардида ва китобҳое, ки дар бораи фаъолияти ў навишта шудаанд. Маводи чопии китобхонаи мазкур тибқи талаботи китобдорӣ тавассути барномаи E-Library коркард ва истифода мегардад.

Толори хониши Хадамоти китобхона 19 ҷои нишаст дорад. Табақаи хонандаҳои онҳо куллан фарқ мекунанд. Дар бахши осорхонавӣ туҳфаҳое, ки ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон тақдим гардидаанд, ба бойгонии китобхонаи Нурсултон Назарбоев пешниҳод гардидааст.

Маводи осорхонавӣ ва бойгонӣ бошад тавассути барномаҳои Низоми автоматикунонии «Осорхона» ва «Е-Архив» коркард ва нигоҳдорӣ мешавад. Дар хадамоти осорхонавӣ туҳфаҳои ба Президенти Ҷумҳурии Қазиқистон тақдимгардида гирдоварӣ шудаанд. Дар Хадамоти бойгонӣ бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ, дастхатҳои Нурсултон Назарбоев аз замони фаъолият дар идораҳои гуногуни кишварашон гирдоварӣ шудаанд.

Вобаста ба навъҳои маводи ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасӣ», ки ворид шудаанд, дар китобхонаи мазкур намоишномаҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд, ки аз он шаҳрвандон, ҳайатҳои дипломатӣ ва шахсиятҳои гуногун дидан мекунанд.

Чӣ вижагӣ дошт ин китобхона?

–  Бартарияте, ки дар Китобхонаи Элбасӣ дидам, ин аст, ки тамоми нусхаҳои маводи мусаббат вобаста ба фаъолияти Президенти собиқи Қазоқистон дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Феҳристи маводҳои дар бойгонии барномаи электронии ин китобхона, нигоҳдошти маводҳо дар муассисаҳо, ташкилотҳо дар ҳудуди Қазоқистон, ки нусхаҳояш ҳифз мешавад, дар феҳристи электронӣ низ ҷо дорад.

Дар Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ?

– Мутаасифона, ҳарчанд Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ махзани нигоҳдорандаи маводи чопӣ, электронӣ ва махсусан маводи аудиоӣ -видеоӣ ҳаст, вале ба ҳадди китобхонаи Элбасӣ комилу пурра нест.  Медиатека таи ду сол аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои лоиҳаҳои “Бунёди захоири электронии библиографии Пешвои миллат барои солҳои 2019-2021” ва «Бунёди маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» зина ба зина фаъолияташро амалӣ намуда истодааст. Талош дорем бойгонии маводи мусаббати Медиатекаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ташкил намоем.

Оё дар Медиатекаи президентӣ ҳама маводҳои мусаббат аз ҳаёти президенти кишвар вуҷуд дорад?

– Дар Медиатекаи президентӣ баъзе аз филмҳои мустанад, роликҳо, суруду мусиқиҳо вобаста ба фаъолияти Пешвои миллат, Истиқлолияти давлатӣ, рамзҳо ва ҷашнҳои муҳими давлатӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мо имрўз дар доираи феҳристи анъанавӣ кор мекунем. Замоне фаро расидааст, ки низоми ягонаи итилоотии Медиатека дар назди Китобхонаи миллӣ таъсис дода шавад.

Чаро Медиатекаи президентӣ осорхона надорад?

– Дар асоси моддаи 13-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ҳуқуқ дорем, ки дар китобхона осорхонаи Президентро ташкил кунем. Барои ташкили осорхонаи Медиатека дар аввал корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст. Дар оянда мо нақша дорем, ки осорхонаи медиатекаро мутобиқи талабот ва меъёрҳо пас аз гирдоварии маводҳо коркард намуда, ташкил менамоем.

Агар Медиатекаи президентиро бо Китобхонаи Элбасӣ муқоиса кунем, чӣ нуктае барои омўзиш дорад?

– Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Китобхонаи миллӣ як сохтори хурдакак дар назди китобхона аст. Китобхонаи Элбасӣ бошад ниҳоди махсус вобаста ба фаъолияти аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аст. Низоми дастрасӣ ва фаъолияти мо нисбатан маҳдудтар аст. Фаъолияти онҳо ҳам дар се самт китобхонавӣ, осорхонавӣ ва ҳам бойгонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар тўли роҳбариятон Медиатекаи президентӣ ба чӣ комёбӣ ноил гарид?

– Дар зарфи ду сол медиатека бори нахуст тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, №423 ба “Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба феҳристи гирандагони ройгони нусхаҳои ҳатмӣ ворид карда шуд. Чӣ тавре, ки дар боло ишора рафт, соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳои лоиҳаҳои “Бунёди захоири электронии библиографии Пешвои миллат барои солҳои 2019-2021” зимни сафарҳои хидматӣ аз минтақаҳо маводи зиёде оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ намудем. Дар ин сафарҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар бораи вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешниҳоди саривақтии нусхаҳои ройгони ҳатмӣ гузарондем. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи “Бунёди захоири электронии библиографии Пешвои миллат барои солҳои 2019-2021” зиёда аз чоруним ҳазор маводро гирдоварӣ кардем, ки дар як ҳамоиш баррасии ин лоиҳа баргузор шуда буд.

Мусоҳиб Раҳима БОБОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.