Ойинҳои мардумӣ. Гавҳорабандони Бадахшон

ГахвораМардуми Бадахшони кўҳӣ гавҳорабандонро бо номҳои “арсинаквуздо”, “говарабандон” ва “муборакбод” ҷашн мегиранд, ки ҳамон маросими нахустин маротиба ба гаҳвора бастани кўдак аст. Бисёре аз одатҳои ин маросим ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ монандӣ дорад. Маросими гаҳворабандон дар минтақа низ маросими занона мебошад. Онҳо низ пас аз ҳафт рўз кўдакро ба гаҳвора мабанданд. Аммо бархе  аз  тафовутҳое мавҷуд аст, ки онҳоро ҳатман таҳлил бояд намуд.

Мардуми ноҳияи Рўшон пеш аз ба гаҳвора бастан аввал сари тифлро мешўянд. Ба истилоҳи худи онҳо анъанаи “калзинед” (саршўянд) –и тифлро баргузор менамоянд. Азбаски тифли навзод бисёр нозук аст, баъзе одатҳои асосӣ аз ҷониби занони рўзгордида бисёр бо эҳтиёт иҷро мегарданд. Ҳамзамон дар вақти иҷрои ин анъанаву маросим усули  иҷрои онҳо аз қабили  чӣ гуна бо эҳтиёт шустани сари кўдак, бо кадом тарз ба гаҳвора бастани он ба модари ў омўзонида мешавад.

Чун  дигар маросиму одатҳои анъанавӣ гаҳворабандон  низ дар Бадахшон дар иҳотаи бовару ақидаҳои қадимаи ин минтақа барпо мегардад. Барои баргузор намудани ин маросим модари арўс , модари домод ва ҳамсоязанҳову хешовандони наздик даъват мешаванд. Аслан иштироки ҳамсояву хешовандон интихобист, зеро дар ин маросим танҳо занони поктинату нексиришт бояд иштирок намоянд. Инчунин заноне, ки кўдакони худро ҳангоми тифлияшон аз даст додаанд, дар гаҳворабандон иштирок набояд кунанд. Ҳангоми сўҳбат муайян гардид, ки  интихобан даъват шудани ҳамсояҳо низ анъанавӣ буда, вобаста ба боварҳои мардумӣ занони даъватнашуда ҳеҷ гоҳ намеранҷанд.

Ҳангоми калзинед – саршўйӣ зани рўзгордида  ва оромтабиате ҳамроҳи модари тифл сари кўдакро мешўянд. Вазифаи модари тифл дар ин асно танҳо обрезӣ мебошад. Агар мабодо обро кам ё зиёд рехта, аз ўҳдаи он набароянд, зани дигаре  ин амалро иҷро намуда, ба ў меомўзонанд. Пас аз шустан шахсе, ки масъулияти гаҳворабандиро бар ўҳда дорад, се маротиба бо даст аз пушти сар то ба поён “дарду бало набинад” гўён, даст меафшонад ва ба гаҳвора мебанданд.

Чуноне ки мушоҳида шуд, маросими саршўёну гавҳорабандон дар як рўз иҷро мегарданд. Аммо мардумшинос Юсуфбекова З. дар тадқиқоти хеш баргузории ин ду маросимро  дар мисоли  мардуми Шуғнону Роштқалъа на дар як рўз, балкӣ дар ду рўз ишора намудааст. Мувофиқи гуфтаи ў саршўён “калзинед”- и тифл дар серўзагии тифл ва гавҳорабандон бо номи “муборакбод” дар ҳафтум рӯз иҷро мешаванд.

Мардумшиноси  номбурда дар бораи саршўён чунин маълумотро баён намудааст: “Дар рўзи сеюм дар тағорае оби гарм мегиранд ва зани таҷрибадори оила сари кўдакро дар он мешўяд. Инчунин дар ин рўз барои кўдак аз либосхои қадимаи калонсолони авлод курта дўзонида, нахустин бор ба ў курта мепўшонанд. Агар духтар бошад, ин куртаро пас аз чил рўз ва писар бошад, пас аз бист рўз аз  танаш мебароранд. Аз рўи  боварҳои  ин  мардум, писар дар бистарўзагӣ, гўё, мисли  чилрўза  ба воя мерасад. Пас аз баровардан   куртаи аввалини  кўдакро ба шохи буттаи хуч “хор” овезон мекунанд. Дуо мекунанд, ки мисли буттаи  хуч боқуввату серҳосил гардад”

Дар мавриди “шаби муборакбод” ё гаҳворабандон Юсуфбекова З. чунин гуфтааст: “Рўзи ҳафтуми пас аз таваллуди кўдак  дар хона хўрокҳои гўштӣ ва аз атола “бат” мепазанд. Занони хешовандон  ҷамъ шуда, соҳибони тифлро муборакбод мегўянд. Пас аз хўрдани зиёфат зани кўҳансоле кўдакро дар гаҳвора мебанданд. Пас аз ин кўдак дар паҳлуи модар нею дар гаҳвора мехобад”

Мувофиқи нақли гўяндаҳо ва тадқиқотҳои донишмандон  солҳои пешин дар рўзи муборакбодӣ ба ғайр аз хўрокҳои гўштӣ ва атолаву ширравған аз ҷониби падари тифл гўсфанд ва ё ягон чорвои калон кушта, ба аҳли деҳа зиёфат дода мешудааст. Хатто дар ин рўз баъзан буз кушта, бозии “бузкашӣ” ташкил мекарданд ва дар охир ба ғолиб бузро “олган” тўҳфа мекардаанд.

Аз рўи одат, пеш аз хобидан ба гаҳвора се чиз нон, корд ва китоби муқаддаси Қуръон ҳатман болои сари тифл гузошта мешавад. Табиист, ки ин се ашё рамзу ҳикматҳои худро доранд. Нон аз қадим дар фарҳанги мардуми тоҷик рамзи баракат ва ҳамроҳиро дорад. Корд ҳамчун ашёи тезу бурранда рамзи нигоҳ доштан аз офату балоҳо ва китоби Қуръон барои  ҳамчун мусулмони асил ба воя расидани ў болои сараш гузошта мешавад. Баъди ба гаҳвора бастан аз зери гаҳвора  ва гирду атрофи он гиёҳи хушбўй бо забони бадахшонӣ “страхм” дуд карда мешавад. Пас аз иҷрои ҳамаи ин амалҳо бо оҳанги ниҳоят нарм  аз ҷониби гурўҳӣ занҳо  суруди “лалайик”монанд ба суруди “алла”- и дигар манотиқи ҷумҳурӣ то хоб бурдани кўдак хонда мешавад. Тафовут дар он аст, ки  дар дигар минтақаҳо суруди алларо як ё ду нафар шахсони нармовоз  бо ҳамовозӣ мехонанд. Аммо дар Бадахшон барои хотирасон  намудан мисраҳо аввалро як кас оғоз намуда, сипас ҳама ба он ҳамроҳ мешаванд. Яъне суруди  лалайик гуруҳӣ сароида мешавад.

Яке аз хусусиятҳои асосии маросими гаҳворабандон он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз ба кўдак ном мегузоранд. Мардуми  Бадахшон бар он ақидаанд, ки пас аз ҳафт рўз дигар ба кўдак осеб намерасад ва бояд ба ў ном монанд.

Аммо мувофиқи ақидаҳои қадима ба кўдак бояд ҳатто барвақтар ном гузоранд. Чунончӣ, Пешерова Е.М.ҳангоми тадқиқоти мардуми Яғноб чунин ишора намудааст: “Дар Яғноб ба кўдаке, ки бисёр заиф ва бемор аст, ҳарчӣ зудтар ном мемонанд. Зеро агар кўдак беном вафот кунад, гуноҳаш ба падару модараш бор мешавад

Ҳамин тариқ, ҳангоми таҳлил муайян гардид, ки аз се ҷиҳат гаҳвораро дар   Бадахшон муқаддас мешуморанд:

(1) гаҳвора дар ин минтақа муъҷиза ва ашёи малакутӣ ба шумор меравад;

(2) Бадахшон ҳамчун минтақаи кўҳӣ бисёр ҳавои сард дорад ва барои аз хунукӣ нигоҳ доштани тифл гаҳвора бениҳоят созгор мебошад;

(3)  гаҳвора қомати кўдакро рост мегардонад ва ҳамчун ашёи муқаддас гаҳвора ба тифл ростиро меомўзонад.

 

Порае аз мақолаи Абдуфаттоҳ Аминов “Чанд сухан дар бораи ҷашну маросимҳои мардуми Бадахшон” аз китоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик”. Душанбе, “Истеъдод”, 2019.

Таҳияи Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.