Омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Омодагиҳо ба озмунБо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ва омодагиҳо барои ширкат дар даври ниҳоии он кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рафтанд.

 Маълум шуд, ки дар даври аввали Озмун аз Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар донишҷӯйи фаъол ба даврӣ ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Назира Амирбекзода ва Карамалишо Карамалишоев – ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки донишҷӯён аз соли аввали ташкили Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба он таваҷҷуҳ доштанд ва ҳамасола фаъолона иштирок мекунанд. Ҳакамон имсол аз миёни ширкаткунандагони давраи аввал се нафарро барои иштирок дар даври ниҳоии Озмун шоиста донистанд ва ҳоло онҳо ҷиддат ба омӯзиши осори мондагори Пешвои миллат машғуланд ва Академия ба ин умед аст, ки онҳо қобилияту истеъдод ва дониши худро барои ишғоли ҷойҳои намоён равона хоҳанд кард.

Бо ташаббуси роҳбарияти Академия барои донишҷӯён ва махсусан довталабони ин Озмун ҳамаи асарҳои Пешвои миллат аз Хонаи китоби Тоҷикистон харидорӣ карда шудаанд.

Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ низ тибқи табалот даври аввали Озмунро баргузор кардааст. Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Коллеҷи мазкур Холиқназар Азимов дар суҳбат бо мо гуфт, ки 3 нафар донишҷӯ барои иштирок дар даври ниҳоии озмун омодагӣ мебинанд, умедворем сазовори ҷойҳои ифтихорӣ низ мегарданд ва номи Муассисаро баланд мебардоранд.

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Додарой Усмонова мудири шуъбаи илм ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсуҳбат шудем. Маълум шуд, ки дар даври аввали Озмун 23 нафар донишҷуёни ихтисосҳои гуногуни муассиса фаъолона иштирок намуданд, ки 3 нафарашон ғолиб омаданд ва барои даври ниҳоӣ тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд.

Ҳамзамон, бо сардори шуъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷуён дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Гулнора Саидмуродова ва мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкур Сироҷиддин Баҳорзода ҳамсуҳбат гаштем. Ба мо гуфтанд, ки дар даври аввали Озмун, ки ба анҷом расид, 20 нафар иштирок намуданд. Донишҷӯён бо осори мондагори Пешвои миллат хуб ошноӣ дошта, барои ширкат дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба мутолааи асарҳои дар Низомнома ва суолномаи тавсиявии Озмун овардашуда машғуланд.

Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузории Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” қабл аз ҳама, дар замири наврасону ҷавонон парвариш намудани ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ ва бо ҳамин васила, фароҳам сохтани шароитҳои зарурӣ ҷиҳати омӯзиши мактаби давлатдории Президенти мамлакат ва хидматҳои шоистаи ӯ дар бунёди Тоҷикистони навин, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мебошад.

Сарпарасти озмун, Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар ду давр баргузор карда мешавад.

Даври аввал моҳи май дар Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва даври ниҳоӣ ҳафтаи охири моҳи сенятбр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:

Ба ғолибони ҷойҳои якум ва дуюм диплом, корти узви ифтихории «Китобхонаи миллӣ» ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад.

Ба ғолибони ҷойҳои дуюм, сеюм ва ифтихорӣ диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:

Ғолибон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.

Ғолибон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун ба таври зер муайян карда мешаванд:

барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);

барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);

барои ҷойҳои сеюм (ду ҷойӣ ба ҳар кадом гурӯҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).

Ҳамагӣ: 100 000 сомонӣ.

Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон, бо тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Меҳрангез МУҲАББАТОВА,
Мавзуна САЛИМОВА
Кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.