Омори ҳафта: Дархости 5713 нусха китоб аз ҷониби муштариён!

китобхона

То даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» камтар аз як моҳ монда аст. Ширкаткунандагон аз фурсати каме, ки то даври ниҳоӣ боқист, пурсамар истифода бурда, донишҳояшонро такмил медиҳад, китобҳои мутолианамудаашонро такрор мехонанд. Толоре, ки барои ширкатдорони озмун ихтисос дода шудааст, ҳамарўза пурхонанда аст.

Сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ мегуяд аз 14-уми октябр то 14-уми ноябри соли 2022  224 нафар хонанадагон ба толори мазкур ташриф оварда, 568 китоб суориш додаанд.

Ин рақамҳо танҳо марбути як толори ин муассиса мебошад, давоми як ҳафта аз 7-уми ноябр то 13-уми ноябри соли 2022 дар дигар толорҳои хониши китобхона 5713 адад китоб аз ҷониби муштариён дархост шудааст. Ин шумора аз ҳафтаи гузашта 1761 нусха зиёд аст.

Дар ҳафтаи сипарӣ муштариён 3952 китоб фармоиш додаанд. Ташрифи хонандагон ба толорҳои хониши китобхона 2965 нафар аст.

Дар зимн 443 кас таи як ҳафта корти хонанада ба даст оварданд, ки ин имкон медиҳад муштарӣ давоми се сол аз толорҳои китобхона истифода барад.

Маврид ба ёдоварист,ки корти хонандаро дастрас намудан даҳ сомонӣ арзиш дорад, ғайр аз маблағ шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд барои наврасон шарти аслист.

Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.