Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16-уми ноябр

як-рузи-таърих-16Соли 1861 нависандаи  фин Арвид Ярнефелт таваллуд шудааст. Вай дар Санк-Петербурги империяи Русия ба дунё омада, 27-уми декабри соли 1932 дар Хелсинки тарки олам кардааст. Яке аз аввалин тарҷумонҳои Лев Толстой ба забони финӣ буд ва бо ў солҳои зиёд мукотиба дошт. Соли 1894 дар Хелсингфорс (Хелсинки) китоби тарҷумаиҳолии ӯ бо номи «Бедории ман» ба забони финландӣ аз чоп баромад.

Ярнефелт муаллифи романҳои «Ватан», «Бародарон», «Елена», «Фарзандони Модар-Замин», «Самуэл Кроэл» буд. Ярнефелт дар охири умраш се ҷилди ёддоштҳояшро бо номи  «Достони волидони ман” аз чоп баровард.

Соли 1893 Казис Бинкис шоир, драматурги аҳли Литва ба дунё омад.    Вай тарҷумони  романҳои «Дэвид Копперфилд»-и Чарлз Диккенс, «Асири Қафқоз»-и Л.Н.Толстой, афсонаҳои Р.Киплинг ва Д.Н.Мамин-Сибиряк, шеърҳои С.Маршак ва К.Чуковский барои кӯдакон буд. 27-апрели соли 1942 дар 48 солагиаш вафот кардааст.

Соли 1899  муаллифи суруди миллии Литва Винтсас Кудирка даргузашт.

СарамагоСоли 1922 Жозе Сарамаго нависанда, шоир, намоишноманавис ва тарҷумони португалӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1998 дар Азинягаи Португалия таваллуд шудааст.Ҷоизаи Нобели адабиёт барои романи “Кӯрӣ” ба вай эъто шуда буд. Аз соли 1969 ба ҳизби коммунисти Португалия пайваст ва то охири умр ба ормонҳои он вафодор будааст, вале дар ҳеч замоне адабиётро ба хидмати ягон идеология ворид накардааст.

Вай асосгузори Ҷабҳаи миллии ҳифзи фарҳанг буд.

Сарамаго муаллифи романҳо “Соли марги Рикардо Рейс”, “Хотираҳои дайр”, “Амади сангӣ”, “Кӯрӣ”, “Инҷили Исо”, “Ҳамандом”, “Мағора”, “Номураттабӣ дар  марг”, “Сайру сафарҳои фил”, достонҳо, хотираҳо,афсонаҳо ва китобҳои барои бачаҳо мебошад.

10-уми июни соли 2010 аз олам рафтааст.

Соли 1929 нависанда, публистист, намоишноманавис ва журналисти телевизион Генрих Авиэзерович Боровик дар Минск (Беларусия) дар оилаи дирижёри оркестри симфонӣ таваллуд шудааст. Волидайни ӯ аз муассисони Театри мазҳакаи мусиқии Пятигорск буданд. Генрих ректори фахрии Институти телевизион ва радиошунавонии Москва «Останкино» буд. Муаллифи китоб ва очеркхо дар бораи инкилоб дар Куба «Киссаи калтакалоси сабз», ҳикояи «Май дар Лиссабон», «Агент 00», «Шуриши ношиносон», «Одам пеш аз тирандозӣ», «3 дақиқа Мартин Гроу», роман-эссеи «Муқаддима»,китоб дар бораи қатли Мартин Лютер Кинг “Таърихи як қатл” ва ғайра буд.

ОЧИБЕСоли 1930 нависандаи Нигерия Чинуа Очебе дар деҳаи Огиди шарқи Нигерия таваллуд шудааст. Вай муътабартарин нависандагони қораи Африқо буд. Аз ӯ ба унвони бунёдгузори ададбиёти африқоӣ ба забони инглисӣ ёд мекунанд. Аввалин иромани ӯ “Ҳама чиз фурӯ мепошад” дар соли 1958 чоп шуд. Ин асар бо беш аз 50 забони халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо форсӣ тарҷума шудааст ва беш аз 10 миллион нусха аз он ба фурӯш рафтааст. Мавзӯи асарҳои Очебе таъсироти давраи истеъмор ва фасод дар Африқост.

АлисСоли 1934 Алиса Лидделл, прототипи Алисаи Кэрролл дар синни 82 солагиаш вафот кардааст. «Алиса дар мамлакати мӯъҷизот» яке аз маъруфтарин асарҳои ҷаҳон аст. Қиссаҳо дар бораи шахсияти Алиса Лидделл басо мароқангезанд. Имрӯз кам касон шояд бовар кунанд, ки қаҳрамони яке аз машҳуртарин асари олам шахси воқеъӣ буд ва ҳатто дастнависи асарро, ки муаллиф барояш туҳфа карда буд, то дергоҳ нигоҳ медошт ва танҳо замоне дар ауксион ба фурӯш гузошт, ки ба пул муҳтоҷ буд.

Соли 1959 нависандаи маъруфи асарҳои илмии тахайюлии инглис Сюзанна Кларк, барандаи ҷоизаҳои Хюго, Локус, Ҷаҳони Фантастика ва Ҷоизаҳои Мифопоӣ дар Ноттингем таваллуд шудааст.

Соли 1974 Александр Солженитсин нависанда, намоишноманавис, очеркнавис, публисист, шоир, ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии рус дар Сюрих нишасти хабарии маъруфи «Дар бораи ояндаи Русия»-ро баргузор кард. Маҳз дар ҳамин рӯз нависанда «Барномаи инқилоби маънавӣ»-ро пешниҳод кард, ки дар очерк-манифести «Бо дурӯғ зиндагӣ накун!» ифода ёфтааст.

ШербаСоли 1981 нависандаи украинии фантазиянавис Шерба Наталя Василевна дар Молодечно таваллуд шудааст.

Соли 2007 коргардони синамои гурҷӣ, филмноманавис ва нависанда Чохели Годердзи  дар синни 53-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Ӯ муаллифи китобҳои «Нома ба арча», «Дараи туман» буд. 2 октябри соли 1954 дар Гурҷистон таваллуд ёфтааст.

Соли 2019 Валерий Дударев шоири рус, сардабири маҷаллаи «Ҷавонон» дар солҳои 2007-2019 тарки олам кард.

Таҳияи Мадина Ҳамидова