Омори ҳафта: Хонандагон дар қиёс ба ҳафтаи пеш 1760 китоб бештар дархост кардаанд

 

Омори КитобхонаКитобхонаи миллӣ дар арафаи озмунҳои «Илм-фурўғи маърифат» (моҳи ноябр) ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» (моҳи декабр), ки қарор аст дар ин макони фарҳангӣ баргузор шавад, боз ҳам пурхонанда аст. Ин аз бештар шудани шумори хонандагон ва дархости китоб дарак медиҳад.

Дар мавриди пур будани толорҳои хониши китобхона ва бештар китоб супориш додани мутолиакунандагон сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Муҳсиддин Сатторов иттило дод. Тибқи омори пешниҳоднамудаи ў аз 17 то 23-юми октябри соли 2022  817 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Ташрифи дўстдорони китоб, ки дар ҳафта пеш 2317 нафар буд, ба 3166 нафар расид. Яъне танҳо давоми ҳафта 849 бештар хонандагон вориди Китобхонаи миллӣ шудаанд.

Хонандагон дар толорҳои хониши гуногун 5766 нусха китоб дархост намудаанд, ки 1760 адад дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта бештар аст. Дар ҳафтае, ки пушти сар шуд, дархости китоб аз ҷониби хонандагони толорҳои китобхона 4006 нусха буд.

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.