Қосим Роҳбар. Сарчашмаи Саодати инсоният
Барои миллати фарҳангпарвар ва адабиётдӯсти тоҷик китоб як ганҷинаи бебаҳоест, ки он инсонҳоро барои ташаббусҳои наҷиб, ғояҳои баланд ва фаъолияти пурсамар раҳнамоӣ менамояд. Дар ин ҷода ташаббусҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки боиси рушди маънавиёти ҷомеа саҳми беназир дошта, инсонҳоро ба волотарин хислатҳои одамӣ чун ватандӯстиву меҳнатпарварӣ, одамиву одамгарӣ, раҳму шавқат ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад. Воқеан, китоб ҳамешагӣ ҳамчун сарчашмаи саодати инсонҳо арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки бо китоб унс мегирад дорои маърифати баланд ва афкори тоза хоҳад буд.
Аслан, инсон ҳанӯз дар даврони наврасии хеш бо китоб ошноӣ пайдо мекунад. Китобҳои хубу хонданӣ, ки инъикоскунандаи хаёти воқеист тамоми умр ба сифати як устоди хирадманд инсонро раҳнамоӣ мекунад, барои ҳаллу фасли мушкилоти рӯзгор кӯмак мерасонад, ба олами рангини нотакрор равзана боз мекунад. Китоб новобаста ба самту мавзӯъ муҳим аст ва барои инсону худогоҳу худсоз ҳамеша азиз хоҳад буд. Масалан, китобҳои таърихӣ аз рӯзгори гузаштагонамон нақл мекунад. Китоб новабаста ба самту мавзӯъ муҳим аст ва барои инсони худогоҳу худсоз ҳамеша азиз хоҳад буд. Масалан, китобҳои таърихӣ аз рӯзгори гузаштагонамон нақл мекунанд ва дар сурати ошно шудан бо онҳо мо на танҳо бо таърихи падару бобоёнамон шинос мешавем, балки барои имрӯзу фардои худ дастури зиндагии шоиста ва арзандаро қабул менамоем. Ба иборати дигар китоб роҳнамоест, ки барои мо роҳи дуруст ва ҳақиқатро нишон медиҳад. Китобҳои илмӣ бошад дар ниҳоди худ чи қадар санаду далелҳоро фарогир аст, ки онҳо барои мо маълумотҳои дақиқ, хулосаҳои мушаххасро пешниҳод месозад. Гузаштагони мо дар ин гуна осор натиҷаи таҷрибаҳои фаровони худро инъикос карданд, ки дар шинохт ва ҳалли мушкилоти имрӯзаи мо низ ба кор меояд.
Дар китобҳои бадеӣ баробари воқеаҳои зиндагӣ эҳсосоти баланди инсонӣ инъикос мегардад ва ин моро водор мекунад, ки зиндагиро дӯст дорем, бо роҳи нодуруст қадам нагузорем, инсонро эҳтиром кунем, некиву саховатро пешаи худ қарор диҳем. Ин китобҳо барои мо қаҳрамонҳоеро азиз мекунад, ки онҳо метавонанд дар зиндагӣ намунаи ибрати мо бошанд ва дар ниҳоди мо инсони воқеиро ба вуҷуд оранд. Китобро дӯсти беғарази инсон мегӯянд ва он рафиқи содиқиест, ки ҳаргиз хиёнат намекунад.
Нақши китоб дар зиндагонии мо калон аст. Маҳз китобҳо нигоҳдорандаи таърих, сирру асрори ҷаҳон, таҷрибаи инсоният дар давоми мавҷудияти он мебошад. Имрӯз осори адибони классикии мо ашъори Устод Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ, “Гулистон”- у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ, “ Девон”-ҳои Ҳофизу Камол, Ҷомиву Бедил, Ҳилоливу Сайидо, ки ба ганҷинаи бебаҳои маънавияти олам мутталлиқ аст тавассути китоб то замони мо расидааст ва ифодагари маданияти баланди миллати воломақоми тоҷик мебошад. Маҳз китоб зодаи завқи баланди суханварони беназири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоиқ, Бозор Собир ва Саидалӣ Вализода барин адибони нотакрорро барои имрӯзу фардо маҳфуз нигоҳ медорад.
Аслан китоб ҳамдаму ҳамнафаси инсон ва даврони наврасист. Ҳар як нафар инсон аз он айёми нотакрори баҳори зиндагиаш бо китоб иртибот дорад. Китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” аввалини китоби дӯстдоштаест, ки моро ба олами рангини хеш иҷозати вуруд додааст ва то имрӯз қиссаҳои он, қаҳрамонони афсонаҳо дар хотирҳо зиндаву барқарор аст. Маҳз ин китоб раҳнамоӣ намудааст то мо ба осори адибони дигар, монанди устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзодаву Ҷалол Икромӣ, Ҳабибулло Назарову Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзиву Пӯлод Толис, Фазҳлиддин Муҳаммадиеву Юсуф Акобиров ва даҳҳои дигар рӯй орем.
Имрӯз баъди гузашти солҳо ҳанӯз таъсири китобҳои шавқовари тоҷикии даврони наврасиву ҷавонӣ монанди “Марги судхӯр”, “Субҳи ҷавонии мо”, “Маъвои дил”, “Духтари оташ”, “Иншо дар мавзӯи озод”, “Тобистон”, “Об аз куҷо меояд”, “Достонҳои Шоҳнома”(ба наср). “Самаки Айёр”, “Синбоди дарёгард”, “Ҳазору як шаб”, ва осори адибони хориҷӣ чун “Ҷура”-и Георгий Тушкан, “Доғистони ман”- и Расул Ғамзатов , “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматов, “Робензон “Крузо”-и Даниел Дефо, “Дар талоши ҳаёт”- и Ҷек Лондон, “Се мушкетдор”- и Александр Дюма, “Шоҳзода ва гадо”- и Марк Твен, “Шерлок” Холмс”-и Артур Конан Дойл,” “Дон Кихот”-и Мигел де Сервантес аз хотир нарафтааст ва образҳои ҷолибу нотакрори онҳо ба инсон руҳу тавон мебахшад. Ба ибораи дигар мо ҳамаи хубиҳоро аз китоб бардоштем ва аз нависандагони онҳо умре сипосмонанд ҳастем.
Дар мавриди таъсири неки китоб ба зиндагии инсон метавон садҳо мисолу санад овард. Зеро китоб қабл аз ҳама ганҷинаи дониш, хирад ва заковат аст. Чунончи дар гуфторҳои классикон мехонем “Инсонҳо чун аз хондан бозмемонанд” аз фикр кардан маҳрум мегардад. “Пас китоб сарчашмаи тафакукури инсон ва ифодагари мавҷудияти одами мутаффакир мебошад. Гузашта аз ин, китоб ҷаҳонбинии моро ташаккул ва доираи фаҳмишамонро нисбати олам васеъ менамояд. Мо дар китоб гузаштаи пур аз асрор ва воқеаи на танҳо миллати худ балки тамоми оламро мебинем, аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонийн огоҳ мешавем, бо таърихи худ муқоиса намуда, худшиносу худогоҳ мегардем. Китоб дар тавсеа ёфтани олами тасавур ва маърифати мо нақши бориз дорад. Махсусан эҳсосоти аввалин мо дар даврони наврасӣ аз кору пайкори паҳлавонони асарҳо чун Шераку Рустам, Салимпаҳлавону Исфандиёр, Эраҷи тилисшикан ё Фарҳоду кӯҳкан моро ба каҳрамониву фидокорӣ дар роҳи ҳақиқат ва адолат омода мекунад. Ё образи нотакрори насриддин Афандӣ, ки ба дунё чашми лутф назар мекунаду инсонҳоро ба табассуму ханда водор менамояд, ҳамрадифи зиндагонии мо гаштааст. Мо то имрӯз қаҳрамонони афсонаҳо чун Фариштамоҳи зебову доно, Ҳасанак, Робияи Чилгизамӯй, Лаку Пак, Духтару ҷасур, ки образҳои нотакрори афсонавӣ ҳастанд мехри хоса дорему аз онҳо ёд мекунем. Мо ба дунё аз чашми ин қаҳрамонон назар мекунем ва зимнан беҳтарин хислатҳо монанди ватандориву меҳанпарастӣ, росткориву ростқавлӣ дар ниҳоди мо бедор мешавад. Ҳар як афсона овони наврасӣ дар ҷаҳони андеша ва тафаккури мо табаддулотеро ба вуҷуд меорад ё ҳикматеро гӯшзад мекард. Агар афсонаи “Рӯбоҳ ва лаклак” ишора ба одоби меҳмондории самимӣ бошад, қиссаи “Яҳё ва Мадёр” оини дӯстиву бародариро, ки дар меҳвараш сидқу вафо қарор дорад, меомӯзад. Афсонаи “Ҳезумкаш ва мор” талқин медиҳад, ки подоши некӣ бояд некӣ бошад, вагарна носипосӣ нисбати хубии як нафар инсон пайомади хуб надорад. Ё қиссаи “Рӯбоҳ, сангушт ва мурча” инсонро аз ҳиллагариву найранг ва танбаливу тайёрхӯрӣ боз медорад ва меҳнатдӯстиву росткориро талқин менамояд. Аз сӯи дигар, китобҳо як равзанаи пурасрор ба олами тамаддун буд. Китобҳои нависандагони хориҷӣ моро бо вазъи ҷуғрофии олам ошно мекард ва мо дар бораи дурдастарин кишварҳои олам маълумот пайдо мекардем, онро бо зиндагии худамон муқоиса менамудем. Китоб ягона сарчашмаи боэътимоди таърихӣ буду ҳаст. Китобҳо маслиҳатгари беминнате ҳастанд, ки барои мо дар қабули қарорҳои муҳими зиндагиамон кӯмак мерасонад. Ба зиндагиномаи қаҳрамонони асарҳо назар карда, бо рӯзгори худ муқоиса мекунем, дар онҳо худро мешиносем ё ба дӯстону наздикон баҳо медиҳем, аз комёбии қаҳрамон ибрат гирифта, аз хатоиҳо онҳо таҷриба меандозем.
Муҳимтар аз ҳама хондани китоб моро босавод мекунад ва чи аз назари нутқи даҳҳонӣ ва чи аз назари нутқи хаттӣ инкишоф меёбем ва чи аз назари нутқи хаттӣ инкишоф меёбем ва дар ҷомеа мақоми бештареро пайдо месозем. Ба ибораи классикон китоб ин мероси пурбаҳои маънавии як насл ба насли дигар аст. Ҷовидонии насл маҳз дар китобҳо инъикос мешавад.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китоб ва арҷгузорӣ бар он, даъвати ҷомеа ба хондани китоб ва тарғибу ташвиқи осори адабиву бадеӣ заминаи мӯҳками таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Пешвои миллат бо дарки амиқи муҳимияти ин масъала, ки ҷомеаро ба сӯи маънавият ва маърифати баланд раҳнамоӣ мекунанд ва наслеро мехоҳанд тарбият намоянд, ки фардо миллати моро дар олами тамаддун ҳамчун вориси арзандаи падарону модарони бофарҳанг муаррифӣ карда тавонад. Махсусан иқдоми бесобиқаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғаффуров ба ҳар як оилаи кишвар ин рамзи саодати ҷовидонаи миллат мебошад. Зеро китоби “Тоҷикон” оинаи равшани таърихи миллат аст, ки дар худшиносии мо нақши беназир дорад.
Китоби “Пешвои миллат ва китоб”, ки дар дасти Шумо қарор дорад маҷмӯаи мақолоти олимону донишмандони маъруфи тоҷик аст, ки дар партави афкору андешаҳои созандаи Пешвои миллат дар бораи китоб рӯи кор омадааст. Дар китоб қабл аз ҳама арзишҳои ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба китоб, дастовардҳои рушди интишори китоб, муносибат бо он, истифода аз ин ганҷинаи бебаҳо, раванди муосири густариши нашри китоб дар қаламрави кишвар, вазъи китобхонаҳо ва истифода аз сарчашмаҳои хаттӣ, роҳи воситаҳои ҷадиди ҷалби ҷомеа ба китоб ва монанди инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфтааст. Муҳтавои ин китоб барои хонандагон олами наверо дар худшиносии миллӣ ва худсозиву худафрӯзӣ боз мекунад ва дар ташаккули ҷаҳони маънавии инсонҳо нақши созанда хоҳад гузошт.
Таҳияи М.Муҳаббатова аз “Китоб – сарчашмаи маърифат”, Хуҷанд Ношир, 2020.
Китоб зери назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода чоп шудааст.
Шумо метавонед онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
.