Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ-шоире, ки аз дарраи хордори Ҷаҳонгиршоҳ шаҳодат ёфта
Аз афозили замону аозими даврон аст. Тантанаи донишаш аз Қоф то Қоф расидаву сити фазлаш шарқу ғарби оламро фурў гирифта. Тасонифи олияаш дар олам машҳуру шарҳи ҷалолати шаънаш дар алсинаи ҷумҳур мазкур аст. Дар аҳди Акбарподшоҳ дар Ҳиндустон қозиюлқузот буда. Охир дар синни хафтсолагӣ, дар аҳди Ҷаҳонгирподшоҳ ба сабаби таснифи “ Маҷолис – ул-муъминин” ба зарби дарраи хордор ба дараҷаи шаҳодат расид.
Тахаллуси вай “Нурӣ ” буда дар фанни шоирӣ камоли қудрату маҳорат дошта , дар ҷавоби қасидаи Саййид Ҳасани Ғазнавӣ қасидае гуфта, ки ин чанд байт аз он ҷост:
Шукри Худо , ки нури илоҳист раҳбарам
В-аз нори шавқи ўст фурўзанда гавҳарам.
Андар ҳасаб хулосаи маънию суратам
В-андар насаб сулолаи Заҳраву Ҳайдарам.
Дорои даҳр – сибти Расулам бувад падар,
Бонуи шаҳр – духтари Кисрост модарам.
Ҳон,эй фалак, чу ин падаронам яке биёр,
Ё сар ба бандагӣ неҳу озод зӣ барам.
Шукри Худо , ки чун Ҳасани Ғазнавӣ наям.
Яъне, на оқи волиду на нанги модарам.
Бодам забон бурида, чу он нохалаф агар
Мадҳи мухолифони Алӣ бар забон барам.
Донад ҷаҳон , ки ў ба дурўғаш гувоҳ сохт,
Дар он , ки гуфт қуррати айни паямбарам.
Шоиста нест ин ҳам аз он нахалаф, ки гуфт:
Шоиста меваи дили Заҳрову Ҳайдарам.
Ўрост:
Нанг оядам , ки гўяд инак, ман эдарам,
Андар ҷавоби ў, ки суол аз риҷол кард.
******
Фарзандро, ки табъи падар дар ниҳод нест,
Покии зайли модари ў нест боварам.
******
Эй дар сари зулфи ту сад фитна ба хоб андар,
Дар ишқи ту хоби ман нақшест ба об андар.
Дар шаръи муҳҳабат з-он фазл аст ятимро,
К- аз домани покат ҳаст гарде ба сароб андар.
Дар дафтари ишқи ў чун сифр ҳама ҳечанд,
Кай ман, ки гум аз ҳечам, оям ба ҳисоб андар?
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.