Яке аз хурдтарин китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон

  «Эпиграммы» (ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо) яке аз хурдтарин китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин китобҳои хурд 4,4 сантиметр дарозӣ ва 3,8 сантиметр паҳно дошта, дар он беҳтарин латифаҳои ҳаҷвнигорони Англия, Олмон, Испания, Русия, Фаронса гирдоварӣ шудаанд.

Силсилакитобҳои «Эпиграммы» дар бораи ҳаҷвияҳои ҳар як давлатҳои номбаршуда ба таври алоҳида дар соли 1986 аз ҷониби нашриёти “Книга”-и шаҳри Москва чоп шудаанд. Ин асарҳо бо ду забон таҳия шуда, тарҷумаи русии онро В. Васильев ба зимма дошта, мураттибон В. Новиков., И. Кутик мебошанд. Яке аз аҷоиботи дигари ин китобҳои хурд дар он аст, ки шумораи саҳифаҳояшон аз 200 саҳифа зиёд ҳастанд. Мисол “Ҳаҷвия”-и Русия ва Фаронса 260 саҳифаро дар бар мегирад.

Ин ҷо мехоҳам яке аз ин асарҳои хурдтаринро, ки дар бораи ҳаҷви Испания мебошад, мисол биёрам. Китоб бо ду забон, русӣ ва испанӣ нашр шуда, мураттибон бештар ҳаҷвияҳоеро гирд овардаанд, ки дар бораи занҳо гуфта шудааст.

Чанд намуна аз ҳаҷвияҳои китоби мазкур:

Мушоҳида шудааст, ки зан дар зиндагӣ ду бор худро хушбахт ҳис мекунад. Аввал ҳангоми шавҳар кардан ва дуюм ҳангоми аз ӯ ҷудо шудан.

Тирсо де Молина

Аз ҳамсар ҷудо шудану зуд оромиши худро дар издивоҷи дувум ҷустан, мисли шино дар баҳри кушод баъди ғарқи киштӣ аст.

Хуан де Ириарте

Замоне ҷавони нерӯманд будам, ба ман танҳо пул намерасид. Ҳоло ки пул дорам, танҳо нерӯ намерасад.

Леон де Арроял

Машварати мӯйсафедонаи ман барои Шумо ин аст, ки ба гуфтаҳои мӯйсафедон гӯш надиҳед.

                                                                        Антонио Мачадо-и-Руис

Саросема нашав! Талхиҳо одатан  самараи  шитобкорист. Чизе, ки  хуб  навишта мешавад, ҳеч гоҳ барои  нашраш  дер  нахоҳад  шуд.

                                                        Хуан  Франсиско  Лопес дель Плано

Ин буд чанд намуна аз яке аз кучактарин китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфуз аст. Аммо хонандаи азиз бояд донад, ки мутолиаи ин ҳаҷвияҳо аз худи китоби “Эпиграммы лаззату кайфияти дигаре дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар шуъбаи нигоҳдории депозитории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷату санадҳои арзиши илмӣ дошта ва маҷмӯи нашрияҳои ватанӣ, ки то инқилоби Октябр бо забони русию тоҷикӣ ва бо ҳуруфоти лотинию крилӣ нашр шудаанд, нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин шуъба метавон варақаҳои изографӣ ва китобҳои нодири андозаашон калону хурдро ҳам дарёфт кард.

Шумори китобҳои андозаашон хурди шуъба ба 1189 адад мерасанд, ки яке аз махзанҳои китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

  Мавзуна Аминова, мутахассиси шуъбаи

нигоҳдории депозитарӣ.