ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АДАБИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ ДАР ОИНАИ КИТОБХОНА»
Агентии федералӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ, Ассотсиатсияи арбобони фарҳанг, ҳунар ва маориф оид ба ҷалби кўдакон ба китобхонӣ – «Хонанда тарбият мекунем», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии кўдакони Россия таҳти унвони «Тоҷикистон-Россия дар оинаи Китобхона» Озмуни байналмилалии адабӣ эълон мекунанд.
Озмуни «Тоҷикистон-Россия дар оинаи Китобхона» ба таблиғоти арзишҳои фарҳангии миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди муколамаи байнифарҳангӣ, дарёфт ва дастгирии наврасони боистеъдод, барангехтани ҳисси худогоҳӣ ва фаъолият дар онҳо ва фароҳам сохтани имконот барои ҳамкории эҷодӣ нигаронида шудааст. Рушди маҳорати эҷодкории бадеӣ дар насли наврас омили ҷудоинопазир ва таъсирбахши тарбияи шахсият дар муҳити фарҳангӣ буда, ба шаклгирӣ, камолот ва такомули фард таъсири шоста дорад.
Озмун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои наврасони синну соли 14-16 – сола баргузор мегардад.
Муҳлати пешниҳоди корҳо ба озмун: аз 01 июн то 01 августи соли 2022.
Озмун дар ду марҳила баргузор мегардад: дар Сатҳи миллӣ (бо ҷалби ҳайати доварони коршиноси ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда) ва дар Сатҳи байналмилалӣ (бо ҷалби ҳайати доварони коршиноси байналмилалӣ).
Озмун дар ду номинатсия баргузор мегардад: «беҳтарин асари шигифтангези-фантастикӣ» ва «беҳтарин асари реалистӣ».
Барои ҳар гурўҳи синнӣ 1 нафар ғолиб ва 2 нафар финалист, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд, ё бо ҳам тақсим карданд, муқаррар шудааст. Корҳои пешниҳодшуда мавриди тақриз қарор намегиранд ва баргардонда намешаванд. Масъулияти эътимод ба муаллифи кор бар уҳдаи шахсест, ки онро ба озмун фиристодааст.
Шарикони озмун (Кумитаҳои ташкилӣ): Созмони ғайридавлатии «Пояс-Путь», Маркази омўзиши Афғонистони муосир.
Созмондиҳандагони озмун: Агентии федералӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ; Ассотсиатсияи арбобони фарҳанг, ҳунар ва маориф оид ба ҷалби кўдакон ба китобхонӣ – «Хонанда тарбият мекунем»; Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии кўдакони Россия.
НИЗОМНОМАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АДАБИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ ДАР ОИНАИ КИТОБХОНА»