“Парчам-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат”. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” –и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Парчам – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии муассиса баргузор гардид. Дар кори ин чорабини доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, корманди дастгоҳи марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи АМИТ, номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ғайратшоҳ Роҳатов ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Ӯ дар суханронии худ иброз дошт, ки истиқболи ҷашнҳои фархунда, хусусан, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо армуғонҳои арзанда ба ҳукми анъанаи нек  даромада, бо дарки баланду ифтихори ватандорӣ таҷлил карда мешавад, ки он ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ифтихор нисбати Ватан нақши муассир мебозад. Донистани таърихи парчам, эҳтироми он, арҷ гузоштан ба парчам ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ имрӯз ба рукни муҳими ватандориву ватанпарварӣ табдил ёфтааст. Дар радифи дигар муқаддасоти кишвар Парчам низ дар пойдории номи давлату миллат ва шинохти он дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Қиёмиддин Миралиён- доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, корманди дастгоҳи марказии ҲХДТ аз таърих ва пайдоиши аввалин  парчамҳо дар дунё ва вазифаву ифтихори он барои ҳар як миллату давлат сухан кард. Қиёмиддин Миралиён аз ҷумла гуфт, ки парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ, истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоишта ва мубориза баҳри зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Абдувалӣ ШарифзодаСипас, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи АМИТ, номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи “Инъикоси парчами ковиёнӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ” суханронӣ намуд.

Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки қадимтарин парчами давлати тоҷикон мувофиқи сарчашмаҳо «Дирафши ковиёнӣ» будааст ва шоҳони сосонӣ онро дар сафарҳои ҳарбӣ ва муҳорибаҳо ҳамеша аз пешгоҳи сипоҳ мебурданд, ба дасти душман афтидани он нишони шикаст ва мағлубияти давлат будааст. Бинобар ин, шоҳон онро муқаддас медонистанд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ асли баромади «Дирафши ковиёнӣ» – ро ҳамон парчами чармини Коваи оҳангар донистаанд, ки ӯ бо ин парчам бар зидди Заҳҳоки морон исён намуда буд.

Парчам-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллатДирафшро на ягон миллат, на ягон давлат балки худи халқ ба вуҷуд овард. Ҳар як шоҳе, ки салтанат меронд, бо пайравӣ ба шоҳони пешин дирафшро истифода мебурд ва он то замони мо омада ба шакли имрӯза расидааст.

Дар идомаи чорабинӣ дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ғайратшоҳ Роҳатов аз онҳое ёдовар шуд, ки барои ин парчам ва устувории он заҳматҳо кашидаанд. Ӯ аз ҷумла аз хидматҳои шоёни Бобоҷон Ғафуров, ки маҳз ин парчамро бо рангҳои сурх, сафед ва сабз интихоб намуд ва имрӯз яке аз зеботарин парчамҳо дар қуллаи баландтарини Тоҷикистон қулллаи Исмоили Сомонӣ ва дар дуртарин минтақаи замин Антарктида парфишонӣ мекунад.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо дорои аҳамияти бузург аст.

Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Наргис НАЗАРЗОДА