Пешгуфтори профессор Худоӣ Шариф ба китоб Меҳрубоншо Саломатшои Дарвозӣ “Маърифати ҳаёт”
Дар Дарвоз ба монанди бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, балки сарзаминҳои форсигўю тоҷиксухани Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон шоирони касбӣ дар ҳама давру замонҳо зиёд буданд. Ин гуна шоиронро ҳокимони замон мешинохтанд, ба дарборҳо мехонданд, ҳаққи сухан медоданд ва ба ин васила онҳо шўҳрат меёфтанд. Дар асри XV Дарвеши Деҳакӣ дар асри XVI Хокӣ ном шоироне буданд, ки ба гурўҳи шоирони касбии дарборӣ ҳамроҳ нашуда, дар падидаи шоирони мардумӣ монданд. Дар адабиёт ҳатто баъди асрҳои XV -XVI гурўҳи адибоне аз аҳли касбу пеша буданд ва онҳо равияи адабиёти косибонро ба вуҷуд оварданд. Ин анъана то замони Шўравӣ дар адабиёт идома ёфт.
Дар замони Шўравӣ шоирони ҳавасманди маҳаллиро чун гурўҳи адибон шинохта, дар китобҳои таҳқиқи адабиёт ва фолклор ба онҳо номи шоирони халқӣ ва шоирони маҳаллиро доданд. Аз ҷумла, Сайдалӣ Вализода Кўлобӣ, Юсуф Вафоро аз води Зарафшон чун шоирони халқӣ мешинохтанд ва ба китобҳо дохил карданд. Донишманди Ленинградӣ (имрўза Санкт-Петербург) З.Розенфелд як китоб бо номи “Фолклори Дарвоз” таълиф кард, ки дар солҳои 50- ум ва 60 – уми асри гузашта ду маротиба рўйи чоп омад. Дар ин китоб фаслҳои шоирони маҳаллӣ ва шоирони халқӣ мавҷуд аст. Дар бахши шоирони маҳаллӣ қаламкашони то замони Шўравӣ, аз ҷумла шоирони Ҳабо, Ғофил, Баҳрин, Иззат ва дигарон дохил карда шудаанд. Шоирони ҳалқӣ Саидаброр ва бародараш Саидаттор Мулло Хўҷа, Амирҷон ва чанде дигаронанд, ки ахборе дар бораи зиндагии онҳо бо намунаи сурудаҳояшон дар ин китоб имрўз нодир ҷой ёфтаанд.
Рафта – рафта миқдори гўяндагони мардумии шеър кам шуд. Ташкили мактабҳо майл ба илмҳои зиёди дунёӣ,афзудани васоити ахбор аз қабили рўзномаю маҷаллаҳо, радио ва баъдҳо телевизион ҳавасмандиро ба касби суханварӣ коҳонд. Шоирони халқӣ, ки як навъ вазифаи миёнаравиро миёни адабиёти касбӣ ва мардум доштанд, то ҷое ки мақоли иҷтимоӣ ва фарҳангии худро аз даст доданд. Бо вуҷуди ин дар миёни мардум касони соҳибзавқе буданд, ки аз осори гузаштагон баҳра меёфтанд ва ҷўшу хурўши шавқу эҳсоси худро ба воситаи сухани манзум ифода мекарданд. Аз ҷумла, чанд нафар дар шаҳри Кўлоб машқи шоирӣ мекарданд, дар дигар минтақаҳо ҳам чунин касон буданд, гурўғлисароёни маъруф ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна сухансароён маҳсуб шуда метавонанд.
Боре дар гузари Гулзори шаҳри Қўрғонтеппа дар тўе иштирок доштам. Ҷавонон бо ҳавои суруди ҳофиз рақсу бозӣ мекарданд, дар гўшае ҷамъе мардон як шахси ҳамроҳашонро, ки чизе мегуф, мешуниданд. Наздиктар нишастам ва шеър хондани ўро шунидам. Каси дар паҳлўям нишаста, ба таври гўшакӣ ба ман гуфта, ки ин шахс Меҳрубоншоҳи Дарвозӣ ном дорад ва шоир аст. Шоири шеърхон марди миёнсол буд ва мо қариб ҳамаи шоирони ин синну солро мешинохтем. Ҳайрон мондам, ки ин шоирро чаро ман намешиносам. Маро бо Меҳрубоншо чун меҳмон аз Душанбе шинос карданд. Сўҳбат ба сўи мавзўи шеъру шоирӣ майл кард. Меҳрубоншоҳ гуфт, ки ман шоири касбии расмӣ нестам. Ба воситаи шеърҳоям шўҳрат ёфтан намехоҳам ва шеъри расмии сиёсӣ навишта наметавонам, балки намехоҳам. Шеър барои ҳавас, завқ барои хоҳиши дили худам менависам. Бо вуҷуди ин шеърҳоямро гоҳ-гоҳе рўзномаҳои Қурғонтеппа чоп мекунанд.
Меҳрубоншоҳ зодаи Дарвоз ва писари Мавлавӣ Саломатшоҳ мебошад. Вай соли 1927 ба дунё омада, айёми кўдакию наврасиаш дар Дарвоз гузашт, соли1943 мактаби ҳафтсолаи деҳаи Нулвандро, ки падараш Саломатшоҳ мўзадўзи артели он ҷо буд, хатм кард. Баъди ҷанги ҷаҳонӣ зиндагонӣ дучори мушкилиҳо шуд ва хонадони онҳо ба ноҳияи Мўъминободи Кўлоб омад. Дар ин ноҳия онҳо хешовандон доштанд, чанде дар он ҷо монданд. Саломатшоҳ падари Меҳрубоншоҳ дар он ҷо мондан нахост. Онҳо роҳи ноҳияи Ҷиликўлро пеш гирифтанд. Дар Ҷиликўл яке аз хешовандонашон ба номи Раҳмоншоҳ зиндагӣ мекард, дар муддати се рўз пиёдаву савора ба он ҷо расиданд. Соли 1951 онҳо дар ҷойи нав онҳо соҳиби кулбае буданд. Аммо Саломатшоҳ, ки мардум ўро Мавлавӣ мегуфтанд, бо порсоию некӣ дониши динию ҷаҳонӣ ва хулқи некую муносибати хуб дар миёни мардуми эътибори зиёде дошт. Ҷиликўл он замон як сарзамини туғайзору қамишзор, пур аз пашшаю хомўшак ва хеле гарму сўзон буд. Хонаводаи Саломатшоҳ ба иқлими гармо одат мекард ва заҳмат мекашид. Зиндагӣ бо ҷамъ омадани мардуми зиёди муҳоҷир аз Ғарму тобеъоти Кўлобу Бадахшон ранги дигар мегирифт.
Сўҳбатҳои адабӣ ва ирфонии Мавлавӣ Саломатшоҳ касони зиёдеро ҷамъ меовард. Аз ин сўҳбатҳо аз дониши падар Меҳрубоншоҳи ҷавон ҳам баҳраманд мешуд. Мавлавӣ 32 сол дар Ҷиликўл монд. Доимо дар забонаш ин шиор буд, ки “Ҳуббулватани минал имонӣ” ва ба ин восита дар дил ёди диёри кўдакии худ- Дарвозро нигоҳ медошт. Аз ҷониби дигар диёри нав ва саросари кишварашро ҳам бо арҷу эҳтиром мепарварид. Мавлавӣ Саломатшоҳ дар синни 84 – солагӣ дар деҳаи Сурхи ноҳияи Ҷиликўл соли 1979 ҷаҳони фониро падруд гуфт. Меҳрубоншоҳ дар мактаби советӣ хонд ва соли 1947 ўро ба хидмати аскарӣ даъват карданд ва дар он замон ў 19 – сола буд. Панҷ сол дар хидмати аскарӣ монд. Баъди он дар маҳаллаи Гулзори шаҳри Қўрғонтеппа зиндагӣ мекард ва як умр коргари сохтмон буд. Дар оғози рўзгор касби омўзгорӣ дошт. Пас ин касбро тарк карда, 25 сол ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ машғул буд. Дар баробари касби коргарӣ ў чун як шахси сухангустар шўҳрат ёфта буд. Дар охирҳои умр ў расмияти Ҳаҷи муборакро ба ҷой оварда, ба кишварҳои дигар ҳам сафар карда ва чун як марди корозмуда ва ҷаҳондида ба дунё ва муносибатҳои одамӣ менигарад. Донишу таҷрибаи рўзгор сўҳбатҳои ўро хеле ширин намуда, дар атрофаш шунавандагони зиёдеро ҷамъ меовард. Ў шахсест, ки бо забони шеър гуфтугў мекунад ва ба ҳар паҳлўи зиндагӣ даҳҳо абёт мисол меорад, албатта, аз мероси хонаводаи худ, халқи худ, баҳра ёфта ва ба бозмондагони худ мероси ғании фарҳангӣ мегузорад. Дар ҷамъомаду вохўриҳо аз Саъдию Ҳофиз шеърҳо хонда, Гётеро ном мебурд ва бо ифтихор мегуфт, ки тоҷикон соҳиби маданияти қадимӣ мебошанд.
Дар бораи шахсияти Меҳрубоншоҳ шоири маъруфи Тоҷикистон М. Ҳайдаршо чунин фармудааст: “Рушангарӣ ва маърифатпарварӣ хати асосии зиндагии пурбаракати пири хирадманд Меҳрубоншои Дарвозӣ будааст ва ҳоло ҳам, ки солаш ба ҷое расидааст, ин ҳаёти зебои рўҳонӣ дар вуҷудаш мавҷ мезанад:
Маърифат мулкест андар синаам,
Маърифат нурест бар ду дидаам.
Боғи пургул ҳасту мулки орзу,
Ман ба гирди шохи ў печидаам.
Аз Меҳрубоншоҳ се маҷмўаи шеърҳо ба ғайр аз ашъори парокандаи дар саҳифаи рўзномаҳо, ба чоп расидааст. Китоби якуми чопшудааш “Гулбарги маърифат” унвон дорад ва соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти “Нодир” ба чоп расидааст. Дар маҷмўа зиёд аз 50 шеър ва 85 рубоию чаҳорпораҳо ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд.
Шеърҳояш аз ҷиҳати мавзўъ гуногунанд ва ба рўйдодҳои зиндагӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҳасби холи гўянда бахшида шудаанд.
Дар ин шеъри ба унвони “Чӣ суд” шоир вазъи рўҳии худро баён мекунад:
Меҳнати дунё ҳама бе ҳосили фардо чӣ суд,
Аҳли уқборо саросар сарвати дунё чӣ суд,
Олами одам бувад, подор бо илми амал,
Бе амал бошӣ агар, илми туро бар мо чӣ суд?
Донаи тазвир гардонӣ ба рўзи шаб чаро?
Дар тарозу пас мизоҷи ғалваи беҷо чӣ суд?
Нағмаи савту наво бар гўши хар бошад хато,
Пеши нобино намуди сурати зебо чӣ суд?
Сурати хўшрў надорад ҳоҷати мадҳу сано,
Зиштрўро майли нозу ишваи беҷо чӣ суд?
Меҳрубоншоҳ аҳли сират бош, на суратпараст,
Варна ин ному нишону зоҳири дунё чӣ суд?
Маҷмўаи дуюм ва сеюми Меҳрубоншоҳ бо номҳои “Маърифати ҳаёт” ва “Маърифатнома” ҳамчунин дар нашриёти “Нодир” солҳои 2006 ва 2009 чоп шудаанд. Дар ашъори ин маҷмўаҳо низ Меҳрубоншоҳ сухан аз рози зиндагӣ мегўяд. Покию диёнатро ў асоси зиндагии худ ва рафтори одамӣ медонад, дар мавзўи динӣ аз ҳамин ҷиҳат гуфтугў мекунад. Ашъори шоир як навъ ёднома аз зиндагӣ айёми гузаштаи умр мебошад. Барои намуна ин шеъри шоирро мутолиа кардан судманд менамояд, ки унвони он “навбаҳоре доштам” мебошад:
Мо ҳам охир навбаҳоре доштем,
Бори рўзу рўзгоре доштем.
Дар раҳи ёре, ки меомад зи дур,
Чашмҳои интизоре доштем.
Чашми ёрӣ доштем аз аҳли дин,
Ҳамдилеву ҳамканоре доштем.
Хуш замоне буду хуш шабҳои ишқ,
Зиндагии меҳрборе доштем,
Дар фарозу дар фуруди умри хеш,
Ҳамнигоре,ҳамҳазоре доштем,
Меҳрубоншоҳ шукрҳо дорад ба лаб,
Мо ҳам охир навбаҳоре доштем.
Як умр заҳмат кашидан, бо қуввати тану зўри бозу нон хўрдану фарзандонро бузург кардан ва боз дар баробари он дар ҷаҳони рўҳонию маънавӣ зистану ормону орзуҳо парваридан кори ҳар кас нест. Чунин шахс соҳиби завқи табиӣ ва модарзодист, ки як умр ўро дар олами рўй ба некиҳо нигаҳ медорад ва аз ҳоли рўзгор хаставу шикастадил намегардад. Зиндагӣ барои ў чунончӣ дар як шеъраш мегўяд, оинаи сарнавишт аст ва рўзе нидо аз вақти рафтан медиҳад. Маслаку мароми зиндагӣ аз ҳамин омада будан ба кори саршавишт ва вақти рафтан аст. Дар шеъри “Садои дигар”сухан аз ҳамин садои дил дар ин дунёи лабрези садоҳо мегўяд, ки қабои дигаре дорад. Ҳамин қабои дигари дил олами маънавӣ ва саройи дигар аст. Дар шеъри “Ҷони ҷаҳон” Меҳрубоншоҳ ба оҳанги гуфтор ҳастии рўҳонии худро ҷони ҷаҳон хондааст, ки бо ҷаҳон кабир пайвастаю бузургӣ ёфтааст. Мо ин мақолаи кўтоҳро бо иқтибоси чанд байте аз ҳамин шеър ба поён мерасонем:
Кӣ ҳастам ман? Ҳамон ҷони ҷаҳонам,
Навиди тозае аз ломаконам.
Гузаштам аз ҳама чуну чароҳо,
Чӣ мепурсӣ, чунинам ё чунонам.
Мабин бе рангу бў моро бародар,
Баҳор аз рангҳо дорад хазонам.
Ҳаме дар осмони зиндагонӣ,
Бубин ҳамчун гули рангинкамонам.
Ғами дунё надорад Меҳрубоншо,
Зи ишқаш меҳрбору меҳрубонам.
Худоӣ ШАРИФОВ, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИ ҶТ.
Китоби “Маърифати ҳаёт”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна НАЗАРОВА,
сармутахасисси Маркази такмили ихтисос.
Даттор Мулло Хўҷа, Амирҷон