Зодрӯзи шоира Меҳринисо

mehrinisoАз ҷумла шоиронест, ки шеърашро сарояндагон бештар писандидаву оҳанг бастаанд ва худ ҳам иқрор аст, ки бо хоҳиши сарояндагон таронаҳои зиёд навиштааст. Аммо мегӯяд ҳунармандон бештар шеърҳояшро аз китобҳояш интихоб мекунанд. Дар суҳбате гуфта буд, ки хушиқбол аст, ки беҳтарин сарояндагону машҳуртарин ҳунармандон, аз қабили утсодони ҳунар Одина Ҳошиму Ҷӯрабек Мурод аз ашъораш интихоб кардаву сурудаанд.

МЕҲРИННИСО (Бобобекова Меҳринисо) 19 январи соли 1950 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 (1966) соле дар ҳамин мактаб кор карда, соли 1972 соҳиби дипломи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст.

Солҳои 1972-1973  корманди илмии Институти шарқшиносӣ, 1973-1976 дар сафари хизматӣ дар Афғонистон, 1976-1985 муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №41, 1985-1987 муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносии Омӯзишгоҳи касбии №3, 1987-1989 коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, 1989-1991 муҳаррири шуъбаи илму маърифати маҷаллаи «Фирӯза», 1991-1996 мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996-2007 сарреференти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити мадании Тоҷикистон будааст.

Аз соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯй» мебошад.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, намунаҳои ашъораш то имрӯз дар авроқи маҷмӯаҳои «Хӯшаи Парвин» (1989), «Нафаси субҳ» (1991), «Шароби нур» (1996), «Исми шаби ишқ» (1999), «Замзамаи зебоӣ» (2001), «Тулӯи раҳоӣ» (2003), «Боли ҳумо» (2004), «Меҳроби меҳр» (2006), «Пурсадотар аз сукут» (2008), «Оини хуршед», «Дар партави ишқ» (2011), «Девони меҳр» (2011), «Гулбаргҳои ҳамдилӣ» (2012) ба табъ расидаанд.

Суруд гаштани беш аз 400 шеъри шоира ва садо додани онҳо дар иҷрои сарояндагони машҳури Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки сухани шоира ба дилҳо нишаставу ҳамроҳи шодиву ғами мардум гаштааст.

Меҳриннисо муаллифи беш аз 15 барномаи маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва 150 очерку мақолаи публитсистӣ буда, ба сифати сарвари созмони ҷамъиятии «Хубони порсигӯй» дар тамоми нуқоти кишвар бо мардум мулоқоту машвараҳо гузаронда, дар раванди бунёд ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссаи сазовор мегузорад. Дар солҳои аввали истиқлолият, ки барои Тоҷикистон марҳалаи душворе буд, барои мукаммал намудани фазои иттилоотии кишвар, огоҳ намудани занони деҳот аз вазъи воқеъии ҷомеа ва рукнҳои давлати демократӣ моҳномаи «Сабо»-ро таъсис дода, китоби «Нақши зан дар раванди демократӣ»-ро ба табъ расондааст.

Дар чанд анҷуману конфаронси байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Остона, Самарқанду Тошканд, Маскаву Санкт-Петербург, Теҳрону Кобул ва Коҳираву Истамбул иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дорандаи ордени «Шараф» (2011).

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

(Сомонаи Ит.Нав).