Профессор Асозода: “Ҷалол Икромӣ ва устод Айнӣ”. Бахши 1

устод АйнӣУстод Айнӣ муҳим будани падидаи насрро, тақрибан даҳ сол дар эҷодиёти худ таҷриба намуда, натиҷаи мусбати онро дар тасвири бадеии воқеияти сотсиалистӣ эҳсос карда ва сипас ба адибони ҷавони навқалами солҳои сиввум таҷрибаи андӯхтаашро тавсия мекард. Ба ин восита баъзе аз ононро дар ҷодаи насри бадеӣ қарор медод. Ба ин хотир чун анъана ҳар кадом аз насли солҳои сиввум дар оғоз худро ҳамчун шоир муаррифӣ кардан мехост, С. Айнӣ намунае аз шеъри ононро мехонад ва баъд андешашро иброз медошт.

С. Айнӣ одатан медид, ки соҳиби шеър дар оянда шеъри асил эҷод карда наметавонад. Бо ин далел устод ба соҳибзавқи ҷавон маслиҳат медод, ки агар вай қаламашро ба эҷоди намунаҳои насрӣ бубахшад, муваффақ хоҳад шуд, зеро бо хондани шеъри пешниҳодкардаи шоири ҷавон ӯ эҳсос мекард, ки он дорои ҷанбаи ҳаммосавӣ аст. Дар назари С. Айнӣ дар шеъри он ҷавон эҳсоси воқеа нисбат ба тасвири он камтар ба мушоҳида мерасад, воқеаи интихобкардаи шоири ҷавон чандон эҳсосшаванда нест, балки он воқеа тасвири сужавӣ мехоҳад. Ҷиҳати воқеанавис буданро С. Айнӣ ҳанӯз дар оғози қарни ХХ ҳангоми мутолиаи “ Наводир-ул-вақоеъ”– и Аҳмад Махдуми Дониш ошкор сохта буд. Таҷрибаи насрнигории Аҳмади Дониш ба рӯҳияи эҷодгарии С.Айнӣ таъсир гузошта буд. Устод мехоҳад, ки таҷрибаи бардоштаашро дар ҷавонони боистеъдоди солҳои сиввум санҷад. Аз ин ҷост, ки як саҳифаи бисёр назарӣ ва амалии мактаби эҷодии С.Айнӣ маҳз ҳамин падида, яъне беш аз пеш муайян карда тавонистани қобилияти шогирдони эҷодкор дар боби шеъру наср мебошад. Ин саҳифа дар ду маънӣ баён меёбад; яке ин ки С. Айнӣ бадоҳатан ба шогирд маслиҳат медиҳад, ки ӯ дар оянда ба наср машғул шавад ва дуввум ин ки С.Айнӣ дар шакли амалияи наср, эҷоди осори насриаш исбот менамояд, ки дар инъикоси воқеияти сотсиалистӣ, ки хеле дар ҷӯшу хурӯш аст, навъи наср адибро хубтару сазовортар мусоидат карда метавонад.

Ҷалол Икромӣ чӣ навъ шогирди С. Айнӣ ва дар ин воқеияти сарнавиштсоз кадом омилҳо вуҷуд доштаанд, ки Ҷ. Икромӣ фарзанди қозӣ буд, қозие, ки дар ҷустуҷӯи муаллиме аст, ки Ҷалолхонро босавод гардонад ва майлу рағбати ӯро ба мактабу китобхонӣ пайдо кунонда тавонад. Чун Ҷалолхон аз рафтан ба мактаби маъмулӣ дилгир шуда буд, бо шунидани исми Садриддин Айнӣ, ки дар Бухоро мактаби нав кушода буду он мактаб бо роҳу усули дигар дар зудтарин фурсат шогирдонро босавод карда метавонист, рӯҳан омодаи дар мактаби Айнӣ таҳсил диданро дар худ мепарварад. Гӯё орзуи Ҷалолхон ба гӯши С. Айнӣ мерасиду ба Қарақул, ки қиблагоҳи  Ҷалолхон он ҷо вазифаи қозигиро анҷом медод, меравад ва ин воқеа боис мегардад, ки Ҷалолхон бори аввал С. Айниро аз наздик мебинад. Баъдҳо Ҷ. Икромӣ он нахустошноиро ба хотир оварда менависад, ки дар қарибии падарам “шахси кулӯтариш, салласафед ва гарданкӯтоҳи тану тушноке менишаст, ки дар тан ҷомаи банораси нимдошт, аз зери он боз ҷомаи алочаи тунук ва аз таг камзӯли суфи сафед пушида буд, зоҳиран мударриси машҳур ва мӯҳтарам Садриддин Айнӣ ҳамин кас буд…..” (Ҷ. Икромӣ: Устоди ман, мактаби ман, хӯди ман- Душанбе; Ирфон, 1976, с,21).

Дар ҳамон мушоҳидаи аввалӣ Ҷ. Икромӣ аз забони С. Айнӣ мешунавад, ки ӯро “ Мулло Ҷалолиддин Махсум” ном мегиранд ва аз хонданҳояш пурсон мешавад. Табиист, ки ба саволи С. Айнӣ Ҷалолиддини ҳанӯз хурдсол ҷуръати ҷавоб гуфтан намекунад, балки падараш дар бораи вазъияти бади мактабҳои мавҷуда шикоят пеш меорад ва ҳам ишора мекунад, ки фарзандони ӯ ба мактабу муаллими дигаре эҳтиёҷ доранд ва фақат С. Айнӣ метавонад, ки ин камбудии маънавиро дар хонаводаи онҳо ислоҳ намояд. Ҳамин тавр ҳам мешавад: “Аз рафтани Садриддин Айнӣ дере нагузашту муаллими мактаби усули ҷадидӣ ба Қарақул расид….” ( Ҳамон маъхаз, с. 24). Ба ибтикори падари Ҷалолхон дар ҳавлие аз Қарақул мактаби нав ифтитоҳ мешавад ва ӯ бо бародараш аз муаллими аз Бухоро омада ва китоби дарсии С. Айнӣ “Таҳзиб-ус-сибиён” дарс меомӯзанд. Яъне, нахустошноӣ бо С. Айнӣ ва китоби дарсии ӯ Ҷалолхон дар симои С. Айнӣ аввалин муаллими худро мешиносад. Агар нахустин ошноӣ бо С.Айнӣ дар арафаи Инқилоби октябр, соли 1917, сурат гирифта бошад, ошнои дуввуми ӯ бо С. Айнӣ баъд аз ду соли аз ҳабсхонаи амир халос шудану баъди табобати 52 рӯза дар бемористони Когон ва ба Самарқанд кӯч бастани С. Айнӣ рост омадааст. Ин дафъа ҳам Ҷалолхон, ки бо падараш ҳамроҳӣ дошт, бо С. Айнӣ дар ҳавлии Аминҷон Махсум, ки дар ҳукумати Ҷумҳурии халқии Бухоро вазифаи нозири адлияро ба ӯҳда дошт, дидор мебинад.

Дафъаи дуввум Ҷ. Икромӣ устод Айниро чунин ба мушоҳида мегирад: “Вай ба сар саллаи сафеди майдаи мисқолӣ дошт. Риши кулӯтаи сиёҳаш ба худаш мезебид. Аз симояш ба гумони ман нур меборид. Ҳеҷ як аломати ғамгинӣ, малулӣ ва пажмурдагӣ дида намешуд. Гумон намекардед, ки ҳамин одам ду сол пеш аз ин ҳафтоду панҷ чӯб ба тахтапушташ хӯрда ба зиндони амир хобида ва чӣ азобу уқубатҳоро кашидааст….” ( Ҳамон маъхаз, с. 65-56).

Дар ин ду вохӯрӣ диққати Икромиро чеҳраи зоҳирии устод, қиёфаи ӯ, сару либоси вай, тарзи  сӯҳбат кардану воқеаҳоро бо тамоми нозукиҳояш қисса намудани С. Айнӣ бештар ҷалб менамояд. Вале вохӯрии севвуми Ҷ. Икромӣ бо С. Айнӣ, ки дар яке аз рӯзҳои тобистони соли 1927 дар Бухоро воқеъ мегардад, саҳифаи наверо дар зиндагиномаи Ҷ. Икромӣ илова  менамояд, ки ин саҳифаро мешавад саҳифаи тақдирсоз дар роҳи эҷоди Ҷ. Икромӣ шуморид. Ин давроне аст, ки падари Ҷалолхон дар ҳаёт нест ва ӯ донишҷӯйи Дорулмуаллимини шаҳри Бухоро мебошад. С. Айнӣ, ки дорои зеҳни закӣ буд, дарҳол дар миёни донишҷӯёни ба мулоқот ҳозиршуда Ҷалолхонро мешиносад ва аз ӯ хонданашро пурсон мешавад. Агар дар мулоқоти аввал ба саволи ҷониби Ҷалолхон равоншуда С. Айнӣ падараш ҷавоб гардонда бошад, ин дафъа ҳамдарсонаш посух мегӯянд: “нағз мехонад, ҳатто шеър менависад”. С. Айнӣ бо шунидани “шеър менависад” ба зудӣ аз Ҷалолхон хоҳиш  мекунад, ки ягон намунаи шеърашро ба ӯ нишон диҳад. Ҷ. Икромӣ, ки бештар ба забони ӯзбекӣ шеър эҷод мекардааст ва дар Дорулмуаллимин бо шоирон Муҳиддин Аминзода ва Пайрав Сулаймонӣ шинос будааст, табииист, ки бо кӯмаки ин ду машқи шеър мекардааст ва шеъреро ҳам ба забони тоҷикӣ бо унвони “Ба духтарони тоҷик” навишта будааст ва лаҳзаи вохӯрӣ ба С. Айнӣ пешкаш мекунад. Баъд аз хондани шеър С, Айнӣ дар бораи қонунмандиҳои хоси навъҳои шеърӣ изҳори ақида намуда, сипас ба Ҷ. Икромӣ рӯй оварда мегӯяд: “Умуман чорчӯбаи шеър танг аст. Ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки  ҳикоя нависед. Зеро ки домани наср васеъ аст. Ман боварӣ дорам, ки дар наср қобилияти шумо зоҳир мегардад” (Ҳамон маъхаз, с,77). Бинобар ин ки ин таъкиди С. Айнӣ барои Ҷ. Икромӣ моҳияти тақдирсозӣ дорад, мо лозим донистем, ки ҷумлаи севвуми ин гуфторро дар таҳрири дигар биёрем; “… Шояд, ки дар наср қобилияти шумо зоҳир гардад” ( Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. К. 1. С. 497). Яъне дар таҳрири адабиётшинос Б. Худойдодов ба ҷойи “Ман боварӣ дорам, калимаи “шояд” омадааст. Дар ҳарду маврид ҳам моҳияти таъкиди С. Айнӣ ва дуои додаи ӯ ба Ҷ. Икромӣ ҳамгун аст. Аммо сарчашмаи “шояд” гуфтани С. Айниро таҳқиқ намудан аз фоида холӣ нест. Вале тақдири баъдии Ҷ. Икромӣ ва дар ҷодаи наср ба таври ҷиддӣ қарор гирифтани ӯ ба он таъкиди устод, ки “Ман боварӣ дорам” мегӯяд, ба ҳунари насрнависии Ҷ. Икромӣ мувофиқат пайдо кардааст.

Аз вохӯрии севвум сар карда. С. Айнӣ барои Ҷ. Икромӣ ҳукми устодӣ касб менамояд ва мибаъд Ҷ. Икромӣ яке аз шогирдони воқеии мактаби  адабии С. Айнӣ шинохта мешавад. Оғози ҳукми устодӣ ба чопи нахустҳикояи Ҷ. Икромӣ бо номи “Хаёл. Шабе дар Регистони Бухоро” иртибот мегирад, ки С. Айнӣ онро бидуни қалам задан дар шумораи дуввуми маҷаллаи “Раҳбари дониш”, соли1927, ба нашр мерасонад. Хурсандии Ҷ. Икромӣ аз ин ҳодисаи фараҳбахш ҳадду канор надошт. Нависанда баъдҳо он рӯзи фаромушнашуданиро ба хотир оварда, изҳор медорад, ки дар тули фаъолияти адабии худ ба ҳама ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардидам, аммо, “аммо он хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихорҳоро, ки бо дидани аввалин ҳикояи худ дар журнал ба ман рух дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам….он хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихорро, ки бо дидани аввалин ҳикоя – ба худ хос ва такрорнашуданӣ буд!” ( Ҷ. Икромӣ. Устоди ман, Мактаби ман, худи ман. С.79).

Ҷ. Икромӣ иқрор мешавад, ки қабл аз ин ки ҳикояи мазкурро ба С. Айнӣ пешкаш намояд, онро М. Аминзода каме таҳрир карда будааст. Метавон гуфт, ки нахустин намунаи насри психологии Ҷ. Икромӣ ҳамин нахустҳикоя аст. Тасаввур мешавад, ки мӯйсафеде дар таги девори Регистони Бухоро, дар моҳтобшабе нишастааст ва ба хаёлу андеша гирифтор аст ва рӯзгори кулфатборашро пеши назар меорад ва мебинад, ки чӣ навъ амир писари маҳбуби ӯро ин ҷо кушта буд. Ҳамаи саҳнаҳои даҳшатбор дар хаёли мӯйсафед пайи ҳам аз пеши чашм мегузаранд. Бесабаб нест, ки Ҷ. Икромӣ тамоми муваффақиятҳои баъдиашро ҳамчун адиб ба ҳамон ҳикоя нисбат медиҳад. “ Ҳамаи ин натиҷа ҳамон шавқу завқи нахустин мебошад.”- таъкид мекунад Ҷ. Икромӣ ( Ҳамон махъаз. С. 80)”.

С. Айнӣ ба сифати устод бо вуҷуди серталабу дақиқкор буданаш бисёр кӯшиш менамояд, ки дар оғози ошноӣ ба навиштаи ин ё он ҷавони соҳибқалам масъулиятмандона муносибат намуда, бо эродгириҳои зиёдаш дили он ҷавонро аз кори эҷодӣ қатъ нанамояд. Аммо дар  эҷоди асари дуввуму севвум С. Айнӣ шогирдро сахт танбеҳ медиҳад, чунонки дар мисоли ҳикояи дуввуми Ҷ. Икромӣ “Ширин” ба мушоҳида мегирем. Баъд аз мутолиаи ин ҳикоя С. Айнӣ ба Ҷ. Икромӣ чунин сарзанишро раво мебинад: “ҳикоятам дар журнал чоп шуд, ман усто шудам. Гуфта саросема шудед! Кас бояд чунон кунад, ки як ҳикояташ  аз дигараш беҳтар ва хубтар бошад. Лекин шумо чиҳо навиштаед?….” (Ҳамон махъаз, с. 80). Бо идомаи ин сӯҳбат С. Айнӣ Ҷ. Икромиро дар шоҳидии Сайид Ризо, Ализода Ҷабборӣ ва дигар кормандони нашриёт дар Самарқанд хеле сахт танбеҳ медиҳад. Ҳарчанд Ҷ. Икромӣ баъд аз чунин сарзаниш дидан изҳори пушаймонӣ мекунад, ки чаро ба нависандагӣ пардохтааст, аммо пас аз ду-се рӯз гӯё ба худ меояду ҳикояи “Ширин”-ро ҳафт маротиба менависаду рӯйбардор мекунад, то ки  ба С. Айнӣ маъқул шавад. С. Айнӣ заҳматҳои Ҷ. Икромиро дарк мекунад, ки ба ӯ мегӯяд.

“- Ана акнун ҳикояатон ба чоп меравад. Нағз кор кардед. Офарин!” (Ҳамон махъаз,  с.820).

Метавон гуфт, ки Ҷ. Икромӣ то соли 1930 ба устод Айнӣ гоҳе аз наздик ва гоҳе ба воситаи мукотиба маслиҳатҳо  мегирад ва дар эҷоди насриаш ба осори С Айнӣ, тасвирофаринӣ, сириштсозӣ ва нишон додани задухӯрдҳо миёни қаҳрамонҳои бадеияш пайравӣ намуда, дар дил  орзу мепарварад, ки Айнивор асар эҷод кунад.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон