Профессор Нуралӣ Нурзод: Нақди адабӣ ва адабиётшиносии устод Гулназар
Аз солҳои аввали оғози корномаҳои эҷодӣ Гулназар Келдӣ ба баррасии масоили мубрами адабиёти гузашта ва муосири тоҷик низ иқдом намуд. Шоир солҳо дар вазифаи мудири шуъбаи нақди адабӣ ва адабиётшииносии маҷаллаи «Садои Шарқ» на танҳо худ ба иншои мақолоти марбут ба масъалаҳои муҳими нақди шеър, адабиётшиносӣ, равобити адабиёти халқҳои мухталиф, вежагиҳои муҳими тарҷумаи бадеӣ ва зарурати ташаккул ва таҳаввули он машғул гардидаст, балки дар ҷалби ноқидону адабпажуҳон ба таҳқиқи шеъру осори мансури гузаштаву имрӯз саҳми шоистаеро дорост.
Сабки нақдҳои устод Гулназар низ танҳо махсуси қалами худаш аст ва бо шеваи қобили таваҷҷуҳ ба шинохти ҷаҳони маънавиву эҷодии шоирон, ҳунари суханварӣ ва вежагиҳои муҳими осори онҳо роҳ мекушояд. Китобҳои «Лоиқе чун Лоиқе», «Қутбии қутби сухан», «Растохези сухан» намунаҳои беҳтарини осори устод Гулназар дар нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ мебошанд. «Вожаро бояд шуст», бо он ки мақолае роҷеъ ба шохисаҳои шеъри имрӯзаи тоҷик аст ва дар таркиби маҷмуаи ашъори Гулназар «Забони ошиқӣ» бо хати форсӣ дар Эрон ва дар китоби «Растохези сухан» дар Тоҷикистон чоп шуда, аммо ба зоти худ як рисолаи кӯчаки таҳқиқист, ки назариёти шоирро роҷеъ ба асолати шеър ва рисолати шоир низ фаро гирифта, диди амиқ ва фарохнои баррасиҳои ӯро дар шинохти шеъри имрӯзаи кишвари мо бозгӯӣ мекунад. Андешаҳои шоир роҷеъ ба шеъру андешаи Бедил, ҳунари таркибсозиву вожаофаринии ӯ дар баробари қобили таваҷҷуҳ будан гувоҳ бар он ҳам ҳастанд, ки чун адабиётшиноси варзида андешаҳои қобили таваҷҷуҳеро роҷеъ ба адабиёти гузаштаи мо манзур карда. Аз сӯи дигар, бар пояи ин назариёт ӯ хостори он аст, ки мизони шинохти шеъри имрӯзаро аз ин зовияҳо муқаррар созад. Ҳамзамон, дар чандин ҳамоишу маҷолиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мулоҳизоти арзишманди хешро дар бораи вазъи шеъри муосир, муаммову мушкилот, ҳолат ва дурнамои шеъри ҷавонон ва амсоли ин байн доштааст. Борҳо авзои шеъри тоҷикии замони моро бар мабнои ашъори нашршуда дар саҳифаҳои нашрияҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ» баррасӣ кардаву бо ҳузур дар нишастҳои тахассусии Раёсати Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон нақду назарҳои шоёну шоистае манзур карда. Ҳанӯз соли 1976 маҳсули яке аз чунин мулоҳизарониҳои устод Гулназар дар саҳифаҳои нашрияи миллии «Садои Шарқ» ба чоп расида буд, ки «Замини баруманди шеър» унвон дорад. Шоир Толиби Луқмон бо ёдоварӣ аз ҳузури андешапарваронаи устод Гулназар дар яке аз чунин маҷолиси тахассусӣ дар мақолаи хеш «Садоқат ба адабиёт» навишта: «Ёд дорам, соли 2011 дар Иттифоқи нависандагон маҷлиси калоне дар мавзуи забони назм ва насри адибони ҷавон баргузор шуда буд. Забони насрро устод Саттор Турсун ва забони назмро устод Гулназар таҳлилу баррасӣ карда буданд. Дар суханронии устод нуқтаи муҳиме зикр шуда буд: «Дар шеъри бисёр шоирони ботаҷрибаву ҷавони мо ибораву вожаҳои зиёде вомехӯранд, ки аз назми кишварҳои ҳамсоя ба орият гирифта шудаанд ва ба сурудаҳои онҳо як навъ ҷилои бегонагӣ медиҳанд. Вақте ки мо «тиреза» дорему «панҷара» – ро ба маъони дигар истифода мекунем, гуфтани «шаб омад, пушти панҷара торикист» шеърро ба ҳавзаи аз воқеияти мо дуртар мебарад».
Устод Гулназар ба ифтихори бузургдошти шоирону адибони ҳамнасли хеш, аз ҷумла Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Сайдалӣ Маъмур, Баҳром Фирӯз ва дигарон низ мақолоте арзишманд, меҳрномаву ёдномаҳое ба қалам овардааст, ки баробари аз сабки хоси иншо баҳравар будан, нақду назарҳои шоирро роҷеъ ба эҷодиёти ин адибон фаро мегиранд, ки ин шеваи арзишманди муносибаташ ба адабиёти муосир афкори муҳими адабии суханварро таҷассум кардаанд. Ҳамзамон, бахши муҳими афкори адабии устод Гулназар дар пешгуфторҳое ҷой доранд, ки ба китоби суханварони мухталиф ва намояндагони адабиёти имрӯзаи тоҷик ба қалам омадаанд. Аз ҷумлаи чунин навиштаҳои самимонаву таҷассумгари андешаҳои арзишманди адабии Гулназар пешгуфтори ӯ ба маҷмуаи рубоиёт ва дубайтиҳои Низом Қосим зери унвони «Чорсӯ» мебошад, ки соли 2014 ба нашр расидааст. Устод Гулназар аз ҷумла роҷеъ ба ҷойгоҳи рубоӣ дар сурудаҳои ин суханвари номвар чунин навишта: «Рубоӣ ва ё дубайтиро як ибора ва ё як гардиши шоирона ба вуҷуд меорад, ки Низом Қосим инро хуб омӯхтааст ва хуб гуфта метавонад. Бояд зикр кард, ки хуб гуфта тавонистан аз ҳунари волои эҷодкорист».
Дар робита ба муносибати хоси устод Гулназар ба намояндагони адабиёти муосир мехоҳам ин ҷо таъкид намоям, ки аз сӯи ин суханвари мумтоз як баёзе ҳам бо номи «Сафина» таҳия гардидааст, ки ба таъкиди худаш «ҳамчун китоби иловагии хониш ба дарси адабиёт буда, дар он маълумоти амиқтари ҳаёту эҷодиёти адибон аз хотираҳо, ёддоштҳо, мукотибаҳо, мусоҳибаҳо фаровон истифода шудааст». Дар ин баёз шуруъ аз устод Айнӣ то Лоиқ Шералӣ дар бораи рӯзгор ва нуктаҳои муҳими ҳаёт ва намунаҳои эҷодии 17 адиб сухан меравад. Шеваи гузиниши маводи шарҳиҳолӣ ва иттилоот дар бораи адибон тоза буда, бештар аз рӯи ёддоштҳои ҳамнаслони адибон матолибе дарҷ шуда, ки мустанад, воқеъбинона ва барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ нав ва омӯзанда мебошанд. Масалан, ба ҷои шарҳи ҳоли устод Садриддин Айнӣ устод Гулназар хотираҳои Раҳим Ҳошимро зери унвони «Дар коргоҳи эҷодии Айнӣ» оврадааст, ки нукоти омӯзандаро барои хонандагон манзур месозад. Ин равиши кори устод Гулназар воқеан як кӯшиши хубу муваффақона ҷиҳати дурӣ ҷустан аз такрори матолиби шарҳиҳолӣ мебошад, ки дар аксари китобҳои дарсӣ ва тазкираи адабиёти бачагона зикрашон ба сурати ҳамгун рафта. Намунаҳои эҷодиёти манзум ва мансури адибон бошад интихоби худи Гулназар буда, ба завқу салиқаи наврасон мутобиқ шудаанд.
Ба унвони ноқиди сухан баррасиҳои ӯ маҳдуд ба адабиёти тоҷик, масъалаҳои назму насри тоҷикӣ нест, балки ҳамчун мутарҷими касбӣ дидгоҳи хешро роҷеъ ба тарҷума ва мушкилоту муаммоҳои он баён доштааст, ки мақолаи ӯ зери унвони «Дар бораи тарҷумаи осори М.Лермантов» (бо забони русӣ) аз ҷумлаи онҳост. Ин мақола ҳанӯз соли 1987 дар саҳифаи нашрияи «Комсолец Таджикистана» ба зевари табъ ороста шудааст. Ҳоло адабиётшиноси ҷавон Тоҳирӣ Манишвар Мирсаид ба таҳқиқи афкори адабӣ – танқидии устод Гулназар ва фаъолиятҳои адабпажӯҳиву ноқидии вай машғул аст. Умедвор ҳастем, ки ин самти эҷодии шоир дар навиштаҳои ин муҳаққиқ ва мақолаву осори илмии дигарон бештар ва амиқтар баррасӣ хоҳад шуд, то шинохти фаротаре аз ин бахши муҳими корномаҳои шоир ҳосил намоем.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филология,
профессор, директори институти
илмӣ-тадқиқотии илмҳои
ҷомеашиносии МДТ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғ. Ғафуров
Ин як пора аз пешгуфтори донишманди маъруфти тоҷик Нуралӣ Нурзод ба “Девон”-и Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ иқтибос шуд.
Китоби мазкур соли 2025 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба теъдоди 300 нусха бо сифати хеле олӣ чоп шудааст.
Хоҳишмандони “Девон”-и Гулназар, чопи Хуҷандро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд