Рӯ ба илм. Глобус: Аз Кратес то Берунӣ

Глобус (лот. globus – кура), тимсоли курамонанду чархзанандаи Замин, дигар ҷирмҳои осмонӣ ё кураи осмонӣ, ки дар сатҳи он тасвири харитавӣ инъикос шудааст. Глобус миқёс, шабакаи арзу тўл ва силсилаи аломатҳои шартӣ дорад, бар хилофи тасвироти харитавии дар ҳамворӣ бо ҳамин миқёс сохташуда аз хатоҳо орӣ мебошад.

Глобусҳоро аз рўи объектҳои дар онҳо нишондодашуда (заминӣ, сайёравӣ, осмонӣ), мавзўъ (умумиҷуғрофиёӣ, сиёсӣ, геологӣ ва ғ.), таъйинот, (таълимӣ, киштиронӣ, барои нобиноён ва ғ), андоза (глобусҳои бузурги утоқӣ, рўимизӣ, хурд ва туҳфагӣ ва ғ.) фарқ мекунанд.

Глобусҳои осмонӣ ё осмони ситоразор кураи Осмонро бо ҳамаи бурҷҳо ва ҷирмҳо инъикос менамоянд.

Глобуси аввалинро ҳанўз дар асри 6 то мелод Кратес ном сокини Юнон сохта будааст. Дар асри 10 олимони Осиёи Марказӣ Абурайҳонӣ Берунӣ ва Абдурраҳмони Суфӣ низ глобус сохтаанд. Глобусҳои осмонии қадимии арабҳо, ки бо ҳалқаҳои андозагирии нуҷумӣ муҷаҳҳаз буданд, ҳанўз дар асри 13 аз биринҷӣ сохта шуда буданд. Аммо глобуси бузурги Заминро, ки соли 1492 ҷуғрофиёдони олмонӣ Мартин Бехайм (1459-1507) сохтааст, аввалин глобуси ҷуғрофиёӣ мешуморанд.

Дар сохтани глобус хидмати харитасози ҳолландӣ Герард Меркатор ниҳоят бузург аст. Яке аз глобусҳои беҳтарини ў, ки соли 1541 сохта буд, 42 см қутр дошта, дар гирди меҳвари худ дар дохили ҳалқаи калони мисӣ чарх мезад. Ҳалқа якҷо бо глобус дар буриши такягоҳи худ давр зада метавонист: ин холат имкон медод, ки глобус  дар ҳолати дилхоҳ ҷой дода шавад. То имрўз 12 нусхаи харитаҳои ба ин глобус часпондашаванда ва асари Меркатор Г. «Китоб дар бораи истифодаи глобус» расидаанд. Баъдтар ба замми глобуси заминӣ глобуси осмонӣ ва якчанд нусхаи онҳо тайёр карда шудаанд. Ҳоло глобусҳои дар асрҳои 15 ва 16 сохташуда ҳамчун осори санъат баррасӣ мешаванд. Дар байни ин осорҳои бадеӣ глобусҳои осмонии дорои механизми соатдор мавҷуданд, ки дар осорхонаи Лондон, Дрезден, Вена, Порис ва ғайра маҳфуз дошта мешаванд. Маъмулан ин глобус асбобест, ки қисми асосии онро гдобуси осмонӣ – кураи мисини қутраш 20 см ишғол менамояд ва дар дохили он механизми соатдор ҷойгир аст. Дар болои он кураи ҳалқагии начандон калон ва дар таҳкурсиаш глобуси Замин, ки қутраш ду баробар хурдтар аст, насб карда шудааст.

Дар осорхонаи таърихи фарҳанг ва санъати шаҳри Самарқанд глобусе махфуз аст, ки онро олим ва сайёҳи хуҷандӣ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёзов соли 1886 сохтааст.

Глобусҳои муосири Осмон ва Замин аксар вақт аз маводи пластикӣ дар таҷҳизоти ҳароратии беҳаво (гармовакуум) сохта мешаванд. Баъзе глобусҳо бо зеррўшноидиҳак ва механизми махсус барои нишон додани гардиши сайёраҳо таҷҳизонида шудаанд. Дар миёнаҳои асри 20 дар натиҷаи таҳқиқоти кайхонӣ глобусхои Моҳ, Муштарӣ ва радифони он – Фобос, Зуҳра ва дигар ҷисмҳои осмонӣ сохта шудаанд. Коллексионери белгиягӣ Ш. Миссин соли 2013 глобусеро таҳқиқ кардааст, ки он дар тухми шутурмурғ кандакорӣ шудааст: дар ин тухми шутурмурғ Амрикои Шимолӣ тасвир ёфтааст.

Машхуртарин глобусхои рўизаминӣ глобуси себи заминӣ (асри 15), глобуси Ягеллон дар Краков, глобуси Готторп дар осорхонаи М. В. Ломоносов, глобуси тухми шутурмурғ (1504), глобуси Блау, глобуси ҷаҳонӣ ва глобуси Украина мебошанд. Дар шаҳри Вена ягона дар ҷаҳор осорхонаи глобусҳо мавҷуд аст.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 382.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.