Рӯ ба илм. Дар бораи геном чӣ медонед?
Геном [анг. genom (е); аз юн. genos – ҷинс, пайдоиш], дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ; маҷмӯи генҳое, ки дар дастаи яккаи хромосомаҳои андомгон (организм) ҷой гирифтаанд. Истилоҳи геном –ро соли 1920 биологи олмонӣ Г. Винклер ба илм ворид намудааст.
Дар гаметаи андономгони диплоидӣ ва дар ҳуҷайраи андомгони гаплоидӣ як, дар ҳуҷайраи ҷисмии организмҳои диплоидӣ бошад, ду адад геном мавҷуд аст. Баробари афзундани дараҷаи такрори дастаи хромосомаҳо дар ядрои ҳуҷайра адади геномҳо низ зиёд мешавад. Ҳангоми бордоршавӣ геномҳои гаметаи падарӣ ва модарӣ сарҷамъ меоянд. Геномҳое, ки аз гаметаҳои падарӣ ва модарӣ ҳосил шудаанд, ба ҳамдигар шабеҳ (гомологӣ) мебошад. Дар дурагаҳои дур байни геномҳо шабоҳат (гомология) вуҷуд надорад.
Таносуби ҷойгирии хаттии генҳоро дар ҳар як хромосома гомологияи мутлақи ду геном меноманд. Ин гуна мувофиқат боиси конъюгатсияи мусоиди хромосомаҳо дар давраи мейоз мешавад. Тағйири адади хромосомаҳо (мас., полиплоиднӣ, афзоиш ё коҳиши шумораи хромосомаҳои ҷудогона) мутатсияи геномӣ ном дорад.
Андомгоне, ки дар он ҳамон як геном борҳо такрор меёбад, автополиплоид ва андомгоне, ки дар он геномҳои гуногун муттаҳид гаштаанд, аллополиплоид номида мешавад. Мисоли аллополиплоидҳо гандум аст. Миқдори хромосомаҳои гаплоидӣ дар гандуми сахт-14, мулоим-21, якачин-7 мебошад. Бо роҳи дурагакунӣ ва таҳқиқи қонъюгатсияи хромосомаҳо дар давраи мейоз маълум гашт, ки як геном иборат аз 7 хромосома дар ҳама навъи гандум дучор меояд (генома А); дар гандумҳои сахт ва мулоим ду геноми умумии ҳар яке иборат аз 7 хромосома (А, В) вуҷуд дорад. Дар гандуми мулоим геноми махсуси D низ мавҷуд аст, ки 7 хромосомаро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, формулаи геноми гандуми яккачин –АА, гандуми сахт – ААВВ, гандум муолим, ки дар ҷараёни таҳаввулот бо роҳи дурагакунии се навъи гуногуни хӯшадорҳои худрӯй ва дучандсозии адади хромосомаҳои дурагаҳо пайдо шудааст, ААВВDD мебошад. Геном дар рӯёндани навъҳои гуногуни меваю сабзавот истифода мегардад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. – Ҷ. 4. – С. 293
Муаллиф: М. Ҷанубилов
Таҳияи Маҳина Раҳмонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.