Раҳмонов, Э. Бист қадами созанда. – Душанбе: Эр – граф, 2014. – 312 саҳ. Ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Ин китоб ба ифтихори ҷашни 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия шуда, дар бораи таърихи таъсиси ҳизб, омилҳои илмию назариявии ташаккули он, фаъолияти амалӣ, нақши муассири ин ниҳоди сиёсӣ дар ҷомеа тоҷик ва дигар матолиби мавриди таваҷҷуҳи алоқамандон маълумоти кофӣ медиҳад. Китоби мазкур дар амалияи таърихнигории сиёсии ҳизбӣ дар даврони нави давлатсозии тоҷикон ва марҳилаи ҷадиди истиқлолияти Тоҷикистон таҷрибаи нахустин масҳуб меёбад. Китоб ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст.