Расул Ғамзатов дар бораи сюжет. Бахши аввал

Расул ҒамзатовСангем мо. Хоҳем шуд фардо таҳи девору фарш.
Бар маҳбасе, ё бар саро, ё гунбади сар сўйи арш,

Катибаи санг

Лаълро дар нигин шиносанд, одамро – дар хона.
Тўй шуд-иморат бибояд сохт.

Қасрҳои фароҳи тафаккурам, манораҳои вазнини андешаҳоям, хонаҳои қиссаву ҳикоётам, гунбадҳои баланди ашъорам… Инак, ман сангу хишт кашонидам, чўбу тахта тайёр кардам, ҷойи иморати навро  интихоб намудам. Акнун ман бояд каму беш меъмор, муҳандис, риёзӣ, гилкор ва наққош шавам…

Чӣ сон биное созам? Чӣ тарҳе бар он бубахшам, то дилу дидаҳо аз тамошояш шод гарданд? То ин бино зебову мутаносиб бошад, мислаш то ин дам надидаву аммо ба назар шинос намояд. Мисли хонаҳои шифташ пасти ин замона набошад, ки сари одам расад, инчунин шифташ ба дараҷае баланд набошад, ки кас сар боло карда нигарад, кулоҳаш афтад. Биное набошад, ки аз дараш мизи муқаррарӣ надарояд, инчунин иморате набошад, ки аз дараш шутур бо бораш гузарад. Мисли кох ё клуб набошад, ки мардум омада, консерт тамошо кунанду раванд, инчунин монанди масҷид набошад, ки одамон фақат барои намозхонӣ биёянд. Чун идораи пур аз шикояту справка ба кор наравад, инчунин ба осиёби ҳамеша гардони Алӣ монанд набошад.

Падарам достони шоири ҷавони кўҳистониро хонда, гуфт:

Девораҳои ин достон беҳад зебоянд. Достон мурғхонаи Аликебед сохтаро мемонад. Мурғхона набояд ба қаср шабоҳат дошта бошад, қаср набояд чун мурғхона истифода шавад.

Баъди он, ки падарам ҳикояи беандоза дуру дарози нависандаи дигарро хонд, ба муаллиф гуфт:

Ту дареро кушодӣ, ки пўшида наметавонӣ. Мурватеро тоб дода кушодӣ, ки маҳкам карда наметавонӣ. Вақти гиреҳ андохтанат арғамчинро аз ҳад зиёд тар кардӣ.

Ёд дорам, ки дар овони бачагиам ба авули мо ҳофизҳо меомаданд. Ман ба лаби бом дароз кашида кўчаро тамошо карда мехобидам ва сурудхонии ҳофизҳоро гўш медодам. Баъзешон даф зада баъзешон ғижак навохта, вале аксар қубуз навохта, ҳофизӣ мекарданд. Онҳо аз маҳалҳои гуногун дар фаслҳои гуногун меомаданд.

Сурудҳои гуногун мехонданд, як ғазалро ҳаргиз такрор намекарданд. Хусусан баҳс ба баҳс хондани ду-се ҳофиз ба ман маъқул буд. Он сурудҳо дуру дароз буданд, аз ин рў, фаромўшашон кардаам. Вале аз ҳар суруд ду, чор ё як байт дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Ҳамоно, ин байтҳо аз ҳама латиф, ё аз ҳама пандомез, ё аз ҳама бурро, ё аз ҳама шодибахш, ё аз ҳама ғамангез буданд, ки дар хотир монданд.  Намедонам, чаро мисраъҳои дигар нею маҳз ҳамин мисраъҳо дар ёдам мондаанд, лекин онҳо то ҳанўз дар дилам маъво доранд ва гоҳ – гоҳ, чун номи муқаддастарин, азизтарин, чун номи маҳбуба, ба забон меораму такрорашон месозам.

Аз сурудҳои дигари аварӣ ҳам, ки ҳамаашро аз ёд медонам, мисраъҳои мунтахабе дорам ва он мисраъҳоро нисбат ба мисраъҳои дигари суруд дар дил бештар мепарварам.

Суруд чӣ? Ман дар шеърҳои худ низ баъзе мисраъҳоро фарқ мекунам ва меписандам, зеро ки онҳо назар ба мисраъҳои дигар хубтар, баландтар, латифтар менамоянд. Гап миёни мову шумо, шеърҳои дуру дарозе ҳам дорам, ки онҳоро ба хотири чанд мисраи бароям азиз навиштаам.

Он мисраъҳо: агар шеър камарбанд бошад, онҳо-ханҷари ба камарбанд ҳамоил; агар шеър мазраа бошад, онҳо – хўша; агар шеър паранда бошад, онҳо – пару боли он, агар шеър оҳуи сари шах истода бошад – онҳо чашми ба дуродур дўхтаи онанд.

Боре чунин андеша варзидам: агар ҳамагӣ ҳашт мисраи як шеър бароям азиз бошад, пас чаро ман ҳаштод мисраи дигар менависам?

Оё якбора ҳамон ҳашт мисраи беҳтаринро навиштан мумкин нест? Ана, барои ҳамин як китоби мусаммонот навиштам.

Мардумӣ кўҳистон аз омадани меҳмон шод шуда, ба пеши пояш гўсфанд мекушанд. Аммо ба меҳмон як бурда гўшт кофист. Ягон меҳмон гўсфанди тамомро хўрдан наметавонад.

«Пас чаро ман ҳам, – гуфтам дар дил,-гўсфанди калонеро кушам, модом ки як мурғ кифоя аст?»

Ана, бинобар ин аз китобе, ки ягон вақт хоҳам навишт, мехостам ҳамаи ҷойҳои зиёдатиашро гирифта партоям, фақат ҷойҳои бароям азизро бимонам; дар ин ҳолат бигзор он китоб даҳ ва ҳатто бист баробар дарозтар шавад.

Рўзе як шоири ҷавони лак дар ҳузури ман шеърҳои худро ба Абутолиб мехонд. Ў даҳ шеър хонд. Баъди рафтани шоир Абутолиб ба ман гуфт:

Ба ҳар ҳол, хуб аст, одам мешавад.

Шеърҳояш ба ту маъқул шуд?

– Ҳамаи шеърҳояш сустанд. Аммо ҳашт мисрае дарад, ки бар ивазаш қалъаи ҳамин ҳоло бо ҳарбу зарб забткардаро бахшидан мумкин аст. Чунин мисраъҳоро то ин дам ягон шоири лакзабон нагуфтааст.

Агар дар шеъру мисраъҳои фаромўшношуданӣ бошанд, пас дар зиндагӣ рўзҳо ва мулоқотҳо, дар ҳаёти мамлакат воқеаю корномаҳое низ мешаванд, ки дар лавҳи хотир нақш мебанданд. Мехостам, ин мисраъҳоро ба деворҳои бинои навам-китоби навам бипайвандам. Намехостам онҳоро ба суханҳои зебо шаҳр диҳам, бигзор онҳо худ садо диҳанд. «Мушк он аст, ки худ бибўяд, на ки аттор бигўям».

Моҳи март ҳавои соҳили баҳр ҳамеша вайрон мешавад. Боре дар моҳи март аз болои Махачқалъа тўфоне гузашт. Ду бод ба ҳам хўрданд: яке аз Хазар вазид, дуюмӣ аз кўҳ фуромад. Яке аз сатҳи фарохи баҳр қувват гирифта, ба шаҳр чун тир расид, дуюмӣ аз кўҳҳои баланд ҷаҳида поён фурў рехт. Ду бод дастбагиребон шуданд, часпиданд ва ҳарбу зарбе ба миён омад. Ҳангоме ки ду паҳлавон бардорузан мекунанад, таки пои онон гаштан хатарнок аст. Ин дафъа зери пои паҳлавонон Махачқалъа монда буд.

Ҳар он чи ноустувор буд, дар рўи замин поя надошт, ҳамон лаҳза барбод рафт. Навниҳолони беқувват, қуттиҳои холӣ, боми кулбаҳо, дукончаҳои фанерӣ, ҳар гуна хасу хасрўба ба ҳаво мепарид. Аммо дарахтони пир ва биноҳои калон сахт ба замин часпида, мустаҳкам ва бовиқор қад кашида меистоданд. Ҳамаи он чи сабук ва ноустувор буд, ба бод рафт ва он ки пойдору устувор буд, бимонд. Ҳамчунин воқеоту ҳиссиёт ва андешаҳои одамизод гуногун мешаванд: якеро боди сабуки замона ба ҳаво мебарад, дигареро ҳатто тўфони пуршиддати зиндагӣ аз ҷой ҷунбонидаву парешон кардан наметавонад. Ман бинои китоби худро бояд аз ин воқеоти пойдор ва аз ин ҳиссиёту андешаҳои устувор бисозам. Ин бино бояд ба тарзи анъанавии аварӣ сохта шавад, вале дар айни ҳол замонавӣ ҳам бошад. Чунин биное бибояд, ки аҳли хонадон ҳам дар он шодона зиндагӣ кунад, меҳмон ҳам омада, хурсанд гардад. Хона чунон бошад, ки кўдакон дар он хушбахт гарданд, ҷавонон муҳаббат варзанд, пирон роҳат бинанд. Китобам-Доғистони ман! Ба чӣ тарҳу сохт мебинамат? Бо чӣ қиёс мекунамат? Бо уқоби баландпарвоз? Вале уқоб офаридаи одамӣ нест, онро табиат ато кардааст ва аз тафаккури мо дар он осоре нест. Пас, шояд, бо ҳавопаймо қиёс кард? Аммо ҳавопаймо хеле баланд парвоз мекунад, ҳангоме ки ба рўи замин меравад, атрофаш танҳо манзараи фурудгоҳ аст. Касонеро, ки ба замин бо назари паст менигаранд ва дар борааш ҳамчунин ҳарф мезананд, дўст намедорам.

Не, ба назарам тарҳи аппарате менамояд, ки мисли ҳавопаймо парвоз мекунад, монанди қатора мегардад ва чун киштӣ шино мекунад. Ман дар он ҳам сарнишин, ҳам машинист, ҳам нохудо. Ҷойи ба сафар баромадани мо, яъне фурудгоҳи мо, бандари мо, депои мо Доғистони ҳазорсола ва ҷовидона аст. Аз ин ҷо мо ба ҳар гўшаи замин: чӣ бо обу хушкӣ ва чӣ бо ҳаво сафар карда метавонем. Ба ҷойҳое рафта метавонем, ки ман дидаам ва ё ҳеч набошад, хаёлам он ҷоҳо парвоз кардааст. Мо меравем, парвоз менамоем, шино мекунем. Аз тиреза кўҳҳои сарсафед, марғзорҳои тару тозаву зумуррадгун, дарёҳои фарохдоман, уқёнусҳои беканор намоёнанд. Аз пеши тирезаи мо баҳорони пурталотум, тирамоҳи нарм, зимистони шадид ва тобистони гарм гузашта мераванд. Чӣ қадар мусофир аст дар атрофи ман! Ҳам муридони Шомил, ки аз ҷароҳатҳои латтабандашон хун мезаҳад, партизанҳои кўҳистонӣ, ҳам муосирони ман, ки одамони гуногунҳунаранд. Дар атрофам ҳамаи онҳое омаданд, ки ман як вақтҳо дидаам, дучор омадаам, мусоҳиб шудаам ва ба хотир дорам.

БОЗ АЗ РАСУЛ ҒАМЗАТОВ:

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.