Романи “Ҳунари аз даст додан”-и Алис Зинтер соҳиби ҷоизаи Дублин шуд. Ин чӣ романест?
Ҷоизаи адабии Дублин, ки дуюмин ҷоиза баъди Нобел аст, насиби романи фаронсавии “Ҳунари аз даст додан” шуд. Муаллифи ин роман Алис Зенитер аст ва роман аз ин пештар дар Фарсонса ба дарёфти ҷоизаҳои Гонкуров ва рӯзномаи Le Mond шарафёб шуда буд. Ин роман ба мавзӯъе бахшида шудааст, ки фаронсавиҳо чандон дӯст ҳам надоранд: муборизаи алҷазоириҳо барои касби истиқлол аз Фаронса. Сокинони Фаронса камтар мехоҳанд дар бораи гузаштаи Алҷазоир, ки мустаъмараи кишварашон буд, қиссаҳо хонанд ва боз агар чунин асарҳо ин мавзӯъро ҳам матраҳ кунанд, ки истиқлол ҳаёти алҷазоириҳоро то куҷо нурониву зебо кард.
Муаллиф дар ин асар саргузашти се насл аз як хонавордаро ривоят мекунад. Онҳо аз Алҷазоир оғоз мекунанд, ба Фаронса мерасанд ва саранҷом дубора ба Алҷазоир бозмегарданд.
Қаҳрамони асар бону Наима дар Порис зиндагӣ мекунад, аммо ҳамеша мисли бобояш, ки замоне дар ин мулк мезист, худро бегона медонад. Ӯ аслан дар ватани худ набуд ва шоҳиди инқилоб ва истиқлоли Алҷазоир ҳам набуд. Хонаводаи онҳо аз кишвар фирор кард, то ҷони худу пайвандонро аз гирдоби ин ҷанги хонумонсӯз раҳо кунад. Вале ҷанг ҳаргиз беасар намемонад.
Муаллифи роман Зенитер Наимаро ба сайри рустоҳо ва урдугоҳҳое дар Фаронса мебарад, ки дар онҳо муҳоҷирони алҷазоирӣ сукунат доранд, маконе, ки ҳамоно кӯдакони алҷазоирӣ ҷову мақоми худро надоранд, ин ватан бо вуҷуди он ки онҳо ин ҷо ба дунё омадаанд, барояшон бегона аст. Фаронса онҳоро фаросавӣ қабул надорад ва худ ҳам намехоҳанд аз решаҳои авлодии хеш ҷудо шаванд.
Китоб саропо саршор аз он андешаву мулоҳизаҳоест, ки чӣ гуна метавон пешорӯи аз даст додани кишвар, забон, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ зиндагӣ кард.
Тазод миёни хуни алҷазоирӣ ва тобеъияти фаронсавӣ, тазод байни гузашта ва ҳол, ки қаҳармони асарро аз сафар ба Алҷазир вомедорад. Сафаре барои дарки ҳуввият, асолат ва кашфи таърихчаи хонаводагиаш.
Нависанда дар ин роман аз ногуфтаҳои ҷангии ба дасти фаромӯширафта ва бетаваҷҷуҳӣ супурдашуда дар як хонаводаи ҷангзада сухан мекунад.
Аз сӯи дигар ин асар бозгӯкунандаи ривоятҳои таърихӣ аст ва аз хонанда мехоҳад сукутро идома надиҳад.
Худи Алис Зенитер аз ҳамон наслест, ки аз ватани бобогии худ Алҷазоир ҷудо шудаанд. Ӯ соли 1986 дар Фаронса ба дунё омадааст. Вай дар ин асар хостааст нишон диҳад, ки метавон паноҳандагонро ҳам дигаргуна тасвир карду тасаввур намуд, на чун ғарибу бехонумону оворагард, бадбахту бетолеъ, фақиру бенаво, ки то кунун дар асарҳои фарҳангӣ тасвир мешаванд.
Ин китоб тоҷикӣ тарҷума нашудааст, вале онро Нина Хотинская ба забони русӣ баргардондааст.
ДУ ШАРҲИ КУТОҲ
Ҷоизаи Дублин соли 1996 таъсис шуд ва яке аз ҷоизаҳои обрӯманд миёни дигар ҷоизаҳои адабӣ баъди ҷозаи Нобел ба шумор меравад ва 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ дорад. Ҳар адибе новобаста ба миллату тааллуқоташ ба ҳар кишвар, ки асараш ба забони англисӣ тарҷума шуда бошад, метавонад талабгори ин ҷоиза бошад.
Хонум Алис Зенитер – адиби фаронсавӣ, тарҷумон, сенариянавис, драматург ва коргардон аст. Алис дар шаҳри Кламар ба дунё омадааст, падараш алҷазоирӣ ва модараш фаронсавӣ мебошанд. Дар Шампфлер ба воя расидааст ва баъди 17-солагӣ барои идомаи таҳсил ба Алапсон омадааст.
Аз соли 2006 то соли 2011 донишҷӯи Мактаби олии Порис будааст.
Муаллифи шаш китоб аст ва романи “Ҳунари аз даст додан” панҷумин романи ӯст.
Бо истифода аз гузоришҳои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳияи Б.Шафеъ.