Ёди Гули Зард гиромӣ бод. Ин порча аз қиссаи “Хазонрези орзуҳо”-и ӯ
Ҳалима борҳо шунида буд, ки кӯдакро зинҳор танҳо гузоштан мумкин нест, аммо ў ноилоҷ фарзандонашро дар хона қулф карда, ба кор мерафт. Ду кӯдаки маъсум аз субҳи содиқ то шаб дар хона танҳо мемонданд. Таззодҳои зиндагӣ на бар манфиати ҳаёти шахсии ў сурат мегирифт ва илоҷи аз онҳо гурехтан надошт. Барои хӯрондану пўшонидани писари панҷсола ва духтарчаи сесолааш мебоист ҳатман дар ҷое кор кунад.
Гоҳо субҳ барвақт аз хоб хеста, барои фарзандонаш таом мепухт. Аз хоб бедор кардани Суҳроб басо мушкил буд, лекин Ҳалима бо зориву тавалло коре карда, ўро ба по мехезонд ва батакрор мегуфт:
– Маро мешунавӣ, ҷони оча? Ҳамин, ки хоҳарат аз хоб бедор шуд, зуд дасту рўяшро шўста, шикамашро сер кун, хуб? Чашматро кушо, бачаҷон, маро мешунав?
– Фаҳмидам, оча, нарасед маро, хоб дорам, – мегуфт дар ҷавоб Суҳроби хоболуд ва ҳамоно чашмонашро молида боз худро ба бистари хоб мепарофт.
– Вақти гарм кардани таом хушёр бош, мабодо ягон ҷои танатро насўзонӣ. Дар «термос» ҷой дам кардам. Чой гармро бо ҷойи сард баробар омехта, баъд ба хоҳарчаат нўшон. Мурам дар ту, бачаи оча! Илтимос, эҳтиёт бош, ман то омаданам ғами шуморо мехурам, мешунавӣ, ҷон бачаи ҷон. Диламро сагҳо мекананд, аммо нарафта намешавад. Бояд ҳар рўз барои шумо ризқу ёбам.
Ба оғўш кашидани Суҳроб ва ҳар субҳ оби дида дар бари рӯ аз хона ба кор рафтани Ҳалима ба ҳукми одат даромад. Ў рўз то ними шаб гўё болои сӯзан роҳ мегашту алами дилашро дарун кашида, ба мизоҷон хидмат мерасонд. Ҳаргиз бекор намемонд, ҳато хаста бошад ҳам бо коре андармон мешуд. Табақу косаи ҷамъшударо мешуст, партоб мебаровард, рӯбучини тарабхонаву тоза нигоҳ доштани гирду атроф ва ҳоҷатхона низ ба ӯ вобаста шуда буд. Бар ивази заҳмати миёншикан ба ў маоши ночиз медоданд, аммо Ҳалима ночор қаноат мекард, зеро илоҷи дигар надошт. Бо ин ҳама серкорӣ, ҳар лаҳза ҷигарбандонаш пеши назараш буданд. Ҳар луқмаи хўрдааш чун устухон дар гўлў дар мемонд ва агар фурў мерафт заҳр мегашт.
Тарабхонае, ки дар он Ҳалима кор мекард, берун аз шаҳр дар дараи Варзоб, фарсахҳо дур аз хонааш воқеъ буд. Сабаби шабҳо дер ба хона расидан ва имкони бо ҷигарбандон сайру гашт накарданаш ҳамин буд. Азбаски кӯдакон кам ба берун мебаромаданд, ранги рўяшон коҳидаву зард менамуд. Модари бечора онҳоро вақти дар хоб буданашон меҳрубонӣ мекард. Ў ятимакони худро бўсаборон карда, чун мор дар худ мепечид. Ашки шўри Ҳалима ҳар шаб чеҳраи ширини ду ятими бепадарро мешўст. Шояд сабаби дар бедорӣ онҳоро меҳрубонӣ накардани модар ҳамин буд, ки намехост бо нишон додани нотавонии хеш бар дили захми ноумедӣ хўрдаи ҷигарбандонаш намакоб пошад. Ҳама кори хонаро шабона ба анҷом мерасонанд ва гоҳо нимашаб, вақти ҷомашўйӣ ё пухтани таом Ҳалима аз гўшаи хотираҳо фитаҳои навори умрашро батакрор тамошо мекарду аз дил мегузаронд:
– Баъзе шаҳриҳо сагҳояшонро дар як рўз се маротиба ба сайру гашт мебароранд. Мани бетақдир бошам ду азизи диламро лоақал ҳафтае як маротиба ба ҳавои тоза бароварда наметавонам.
Ҳар рўз ў худро чун зангори оҳани фарсудаву намнок дарун – дарун хурда, дили нохоҳам дари хонаашро аз берун қулф мекарду дудила ба коргоҳаш мерафт. Ду кӯдаки беақл аз субҳ то шом чун маҳбус дар хонаи тангу торик роҳ мепоиданд, ки кай модарашон аз кор бармегардад. Агар Мастонаи сесола аз паси панҷараи оҳании равзанаи хона каме зиёдтар ба берун менигарист, Суҳроб ўро сарзаниш мекард:
– Модарам чӣ гуфта буд, магар фаромўш кардӣ?
– Акаҷон, илтимос, биё ба берун бароем, дилам танг мешавад. Ман яхмос мехоҳам, акаҷон, худат рафта, бароям яхмос биёр. Меравӣ акаҷон?
– Наметавонам, медонӣ ки очам дарро аз берун қулф карда, ба кор меравад.
– Ман ба берун рафтан мехоҳам. Суҳроб, бубин, ҳама кӯдакон дар назди ҳавлии хона бозӣ доранд, чаро ба мо мумкин нест?
– Ман ҳоло хурд ҳастам ва ба ин саволҳо ҷавоб гуфта наметавонам. Сабр кун, ҳамин ки калонтар шавам, ҳатман ба ҳама суолҳоят ҷавб медиҳам. Хуб?
– Майлаш. Дурўғ намегўӣ?
– Не, чӣ тавр ба ту барин хоҳари зебо ва ҷони акаш дурўғ гўям? Ҳаргиз.
– Духтурбозӣ мекунем?
– Не, ба дилам задаст, беҳтараш ширфурўш мешавам, мехоҳӣ?
– Не, – ширда биё, ширда биё– гуфтанҳоят ба ҷонам расидааст. Бе ин ҳам субҳ ҳафт-ҳашт ширфурӯш ба чанд оҳанг – ширда биё, – гўён дилгирам кардананд. Ростӣ, аз ҳамин – ширда биёи ширфурўшон безор шудаам.
– Туро нағз мефаҳмам, лекин ба ман бештар ҷорӯбда биё, – гуфтани мўйсафедои маъқул нест. Калимаи ҷорӯбро чунон дароз кашида, такрор мекунанд, ки дилгир мешавам.
Ҳамин дам аз берун нафаре – белизна, белизна, – гўён садо баровард. Суҳробу Мастона якҷоя хандиданд.
– Акаҷон, барои чӣ вақте – тарбуз, харбузада биё, – мегўянд аз даҳонам об меравад?
– Ман аз куҷо донам, худам ҳам айнан ба ҳамин ҳол гирифтор мешавам.
– Намедонӣ, ки барои чӣ очам аз бозор тарбузу ҳарбуза намеорад?
– Мегўяд, ки дар таркиби тарбузу ҳарбуза доруҳои кимиёӣ зиёданд. Ў метарсад, ким о бемор мешавем.
– Ҳар чизе, ки дили ман хоҳад, иҷозати истеъмолашро надорем.
– Ношукр нашав, вагарна мисли бибим шуда мемонӣ…
Ду кӯдак қуввати дили ҳамдигар шуда, рўзро шаб мекарданд. Модари онҳо Ҳалима аз дунёи андешаҳои фарзандонащ бехабар буд. Ў фақат дар фикри он буд, ки аз куҷо кори беҳтар ёбаду фарзандонашро ба боғчаи бачагон супорад. Айнӣ замон моҳонааш ба нон, шир, картошкаву пиёз мерасид ва имкони харидани гўштро надошт. Ў мудом худро маломат мекард, чунки баъди хатми мактаби миёна маълумоти олӣ нагирифту соҳибихтисос нашуд. Агар имрўз соҳиби диплом мебуд, бе гуфтугў дар ҳама ҷо барояш чароғаки сабз даргирон мебуд. Аммо баъди синфи ҳашт, тарки хониш кард ва ҳоло ба ивази меҳнати миёншикан рўзе панҷ сомонӣ музди меҳнат мегирифт. Хайрият, ки нисфирўзӣ дар коргоҳаш таъоми бепул мехурд. Ғайр аз ин, агар болои мизи мизоҷон пораи нон ё ягон бурида гӯшти зиёдатӣ монад, ў наандешида онҳоро барои кӯдаконаш мегирифт. Баъзан шарм вуҷудашро пахш мекард, лекин дандон ба дандон гузошта, пасмондаи хӯроки мардумонро меғундошт.
Ҳамкоронаш аз рўзгор ва ҳаёти шахсии ин зани сатрпўш хабар надоштанд. Онҳо намедонистанд, ки ҳамкори зиндадаргўрашон шабҳои дароз болои ҷойнамоз нишаста, ибодату итоат мекунад ва аз Худои муттаол мадад мехоҳад. Ин зани дар айёми ҷавонӣ харобу хазон гашта, ҳазору як дард ва сад ҳазор алам дар дил дошт, аммо ба нафаре рози дил намегуфт….
Аз китоби Гули Зард :”Хазонрези орзуҳо”. Душанбе, соли 2010.
Хоҳишмандон ин ва чанд китоби дигари рӯзноманигор ва адиби шинохта Гули Зардро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.