Тоҷикистон дар адабиёти ҷаҳон бо забони хориҷӣ
Дастури библиографии мазкур «Тоҷикистон дар адабиёти ҷаҳон бо забони хориҷӣ 1986 – 1990сс.» давоми нашриётҳои солҳои 1961-1985сс. мебошад.
Шакли пешниҳод ва сохти мавод ба тариқи пешин мондааст. Тасвири библиографӣ аз рўи фасл тақсим шуда, ба ҳар як сабти библиографӣ рақами тартибӣ гузошта, дар охир феҳристҳои номӣ ва ҷуғрофӣ ва ҳамчунин номгўи сарчашмаҳои истифодашударо дар бар мегирад.
Дар маводи мазкур тасвирҳои библиографии мақолаҳо ва китобҳо, ки дар 19 кишвар ва бо 13 забони ҷаҳон нашр шудаанд, дохил шудаанд.
Мундариҷаи мавод аз солҳои 1986-1990 оғоз меёбад ки, барои Тоҷикистон давраи тағйироти кудлӣ буд, пешниҳод шудааст. Давраи «Бозсозӣ», шикасти ИҶШС, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон дар арсаи буҳрони иқтисодӣ ва ивазшавии сохтори давлатӣ буд. Ба ин мавзуъ фасли «Ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон» бахшида шудааст. Ҳамчунин, матбуоти хориҷӣ дар бораи заминҷубии шадид, ки дар ин давра дар Тоҷикистон рўҳ дода буд, ва ҳазорҳо одамон зарар дидаанд, бетараф намонд. Дар маводи мазкур алоқаи наздики фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон бо Австрия, Германия, Булғория, Чехословакия, Ҳиндустон ва Афгонистон дида мешавад. Диққати ҷиддӣ ба суръати баланди сохтмони Неругоҳҳои барқии обӣ (НБО Норак, Роғун ва Бойкузӣ) мутаваҷҷеҳ шудааст. Хамаи ин, аз он шаҳодат медиҳад ки, матбуоти хориҷӣ ба воқеаҳои рўйдиҳандаи дар Тоҷикистон ва ба арзишҳои миллии он рағбати самимӣ доштааст.
Ба маводи мазкур тасвирҳои мақолаҳо ва китобҳо, ки дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дохил шудаанд.
Маводи мазкур ба хотири ошноии комил пайдо кардан ба Тоҷикистон, ба аҳли илму адаб ва доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд.