Рӯзи бузургдошти  Ҳакими Тӯс. Фирдавсӣ аз нигоҳи устод Айнӣ

ФирдавсӣБарои тадқиқи аҳволи Фирдавсӣ ва чӣ гуна навишта шудани  “Шоҳнома”-и ӯ танҳо донистани забон ва адабиёти форсӣ ва истифода карда тавонистан аз манбаҳои Шарқ кифоя намекунад, ба замми ин донистани забонҳои аврупоӣ ва истифода карда тавонистан аз чизҳое, ки шарқшиносони аврупоӣ дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ навиштаанд, низ лозим аст. Ман бошам ҳеҷ як забони аврупоиро, ҳатто забони русиро ҳам намедонам. Бино бар ин, барои ман, ки як мақола дар бораи Фирдавсӣ навиштанро ба гардан гирифтаам, хеле душвор буд.

Лекин ман шунида будам, ки Нулдеке1 ном яке аз донишмандони немис дар бораи чӣ гуна навишта шудани “Шоҳнома” ва муаллифи он аз худи  “Шоҳнома” хеле чизҳо ёфтааст, ки ин чизҳо бештарин чизҳои то ҳол дар китобҳои Шарқ ва ба воситаи тарҷума дар китобҳои  Ғарб ҳам шуҳратёфтаро ба дурӯғӣ баровардааст.

Ман ҳам барои навиштани ин мақолаи худ усули донишманди мазкурро ба худ роҳбар қарор дода, хостам, ки “Шоҳнома”-ро аз назар гузаронида бароям. Лекин барои дуруст тафтиш карда баромадани монанди “Шоҳнома” як асари бузург  бисёр вақти дароз лозим буд ва ҳол он ки вақти барои ин кор тахсис (хос, махсус) карда тавонистаи ман хеле кам буд. Бино бар ин ман маҷбур шудам, ки  аз “Шоҳнома “ҷойҳоеро, ки ба худи Фирдавсӣ, ба чӣ гуна навишта шудани “Шоҳнома” дахл доранд ва порчаҳоеро, ки ба султон  Маҳмуд оиданд, хонда бароям; ба замми ин аз тазкира ва тарҷумаиҳолҳо ҷойҳоеро, ки ба Фирдавсӣ  муносибат доранд, боз як бор аз назар гузаронам.

Инак, ман ба ҳамин тариқа кор сар карда, ба хулосаи зерин омадам:

Номи Фирдавсӣ Ҳаким Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ буда, дар музофоти Тӯс дар қаряи  Разон (ба ривояти Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар деҳаи Бож аз ноҳияи Табарон ) дар соли 323 (ба ривояти “Қомус-ул-аълом” соли 320 ҳиҷрӣ (935 мелодӣ) таваллуд ёфта, дар соли 411 ё 416 ҳиҷрӣ (1021-1026 мелодӣ) дар Тӯс вафот кардааст.

Дар бораи аҳволи иҷтимоии Фирдавсӣ порчаеро, ки Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар  “Чаҳор мақола” худ навиштааст ва худи нависандаи он дар соли 510 ҳиҷрӣ, яъне, тақрибан пас аз сад соли вафоти  Фирдавсӣ биззот (зотан, аслан, моҳиятан) вориди Тӯс шуда, қабри Фирдавсиро зиёрат кардааст, айнан нақл мекунам.

Низомии Арӯзӣ менависад: “Устод Абулқосими Фирдавсӣ аз даҳоқини Тӯс буд, аз деҳе, ки он деҳаро Бож хонанд ва аз ноҳияти Табарон  аст, бузургдеҳест ва аз вай ҳазор мард берун ояд. Фирдавсӣ дар он деҳа шавкате тамом  дошт, чунонки ба дахли он зиёъ (заминҳои зироат) аз амсоли худ бениёз буд….”

Вақти зоида шудани Фирдавсӣ ва айёми ҷавонияш ба вақти боло рафтани давлати Сомониён, ки пойтахташон Бухоро буда, Туркистон ва Хуросонро ба даст дароварда  буданд, рост меояд, аммо миёнаҳои умри ӯ ба замони ба инқироз рӯ овардани давлати Сомониён ва ташаккул ёфта истодани давлати Ғазнавиён тасодуф карда, охирҳои умраш ба  вақти тамоман рӯ  ба мунқариз шудани  давлати Сомониён  ва расман истиқлол эълон кардани Ғазнавиён ва ба тахт нишастани султон Маҳмуди Сабуктегин баробар меояд, зеро давлати Сомониён дар соли 287 ҳиҷрӣ барпо шуда, то соли 389  ба тахт нишаста, давом кардааст  ва махсусан подшоҳи мустақили Ғазнавиён, ки султон Маҳмуд аст, дар соли 387 ё 389  ба тахт нишаста,  дар соли 421  ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Тарҷумаиҳолнависон донишманди замони худ будани Фирдавсиро, ба замми забони арабӣ ва форсӣ донистанаш забони паҳлавии мунқаризшударо менависанд. Дар замони қадим,  чунонки ҳозир дар Аврупо ба донишмандон лақаби докториро медиҳанд, ба донишмандон лақаби ҳакимиро медоданд. “Ҳаким” лақаб ёфтани Фирдавсӣ ҳам ба донишманди замони худ будани ӯ далолат  мекунад.  Худи Фирдавсӣ дар ин бора  менависад:

Басе ранҷ бурдам, басе гуфта хондам,
Зи  гуфтори тозию в-аз паҳлавонӣ.

Ман дар ин  ҷо  ба тарзи мухтасар чизҳоеро, ки  дар бораи чӣ гуна навишта шудани “Шоҳнома” тазкира  ва тарҷумаиҳолнависони  Шарқ  навиштаанд, нақл мекунам ва пас аз он ба гуфтаҳои худи Фирдавсӣ ростӣ ва дуруғии  онҳоро ҷудо карда нишон медиҳам.

Бо андак ихтилоф ҳамаи манбаъҳо мегӯянд, ки гӯё Фирдавсӣ дар деҳаи худ ҳамеша дар лаби ҷӯе нишаста, рафти обро тамошо мекард, дар вақтҳои селгарӣ обхез шуда, ҷӯй вайрон мегардид ва ба тамошои Фирдавсӣ халал мерасид. Бино бар ин, Фирдавсӣ орзу дошт, ки як маблағи калоне ёбад ва дар ин ҷӯй  банде андохта, ҷараёни обро дар ҳолати эътидол  нигоҳ  дорад. Дар ин миён ҳукумати маҳалли Тӯс дар боби хироҷ ба Фирдавсӣ бисёр зулм  кард. Ӯ барои шикоят кардан  аз дасти залама ба марказ –ба Ғазнин, ба пойтахти  султон  Маҳмуд рафт. Дар он ҷо ба боғе гузораш афтод, ки дар он боғ се нафар шоири султонӣ: Унсурӣ, Фаррухӣ, ва Асҷадӣ маҷлиси ишрат доштанд. Ба сабаби вуруди Фирдавсӣ, ки дар либоси рустоӣ-деҳотӣ буд, айши онҳо тира гардид, бино бар ин хостанд, ки бо тадбире ӯро аз маҷлиси худ дур кунанд. Бо ин мулоҳиза  Унсурӣ ба Фирдавсӣ гуфт: “Мо шоиронем ва ба ғайр аз шоир касеро дар маҷлиси худ роҳ надиҳем, мо ҳар кадом мисрае мегӯем, агар мисраи чаҳорумро гуфта тавонӣ, дар ин ҷо меистӣ вагарна, ба роҳи худ меравӣ”. Фирдавсӣ қабул кард, аввал сар карда, Унсурӣ гуфт:

Чун орази ту моҳ набошад равшан.

Асҷадӣ гуфт:

Монанди рухат гул набувад дар гулшан.

Фаррухӣ гуфт:

Мижгон-т ҳаме гузар кунад аз ҷавшан.

Фирдавсӣ гуфт:

Монанди синони Гев дар ҷанги Пашан.

Унсурӣ бо шунидани ин мисраъ аз Фирдавсӣ узр хост ва ба камоли ӯ иқрор карда гуфт:

-Магар ту аз таърихи мулки Аҷам огаҳӣ?

Фирдавсӣ гуфт:

-Бале, он таърихро бо худ дорам.

Дар он вақтҳо гӯё султон Унсуриро ба назми таърихи Аҷам маъмур карда буд, аммо ӯ аз  ин кор оҷиз омада буд. Унсурӣ Фирдавсиро қобили ин кор ёфта, ин воқеаро ба султон арз кард ва Фирдавсиро ҳам ба ҳузури султон бурд ва ба назми “Шоҳнома” маъмур кунонид…

Ривояте ин аст, ки гӯё Фирдавсӣ ба воситаи Моҳак ном вазири султон ба дарбор роҳ ёфта, ба назми “Шоҳнома” маъмур шуд.

Хулоса, ба кадом воситае, ки бошад гӯё  султон  назми “Шоҳнома”- ро ба Фирдавсӣ фармуда, барои ҳар як байт як мисқол тилло ваъда кард  ва ҳам барои Фирдавсӣ боғеро тахсис  намуда, дар он боғ манзараҳои ҷанг ва аслиҳаро расм кашонда, тамоми эҳтиёҷоти Фирдавсиро таъмин карда, ба кор андохт.

Фирдавсӣ ба кор даромада, ҳар ҳазор байтро, ки навишта аз назари султон мегузаронид, султон ҳам мувофиқи ваъдаи худ ба ӯ ҳазор мисқол тилло медод. Аммо Фирдавсӣ тиллоҳоро қабул накарда, пас мегардонд ва мегуфт, ки ҳар вақт “Шоҳнома” тамом шавад, ҳамаашро якҷоя мегирам ва ба банди ҷӯй сарф менамоям.

“Шоҳнома” тамом шуд, ҳосидон аз тилло додан султонро манъ карданд “ба ҳар байт як мисқол нуқра ҳам кифоя  мекунад”, гуфтанд.  Вақте ки Фирдавсӣ дар ҳаммом буд, мукофоти султон ба ӯ расид (магар барои додани мукофоти “Шоҳнома” барин як китоби бузург  ғайр аз ҳаммом дигар ҷои мувофиқ ёфт нашуда буд ?  Афсона будани ин ҳикоят аз ҳамин ҷо ҳам маълум аст.- А.)

Фирдавсӣ дид, ки тило ба танга табдил ёфтааст, шӯрид. Сеяки он тангаҳоро ба касе, ки он  мукофотро оварда буд, дод, сеяки дигарашро ба ҳаммомчӣ инъом кард ва сеяки боқимондаашро ба шарбатфурӯше, ки дар дари ҳаммом буд, дода, як коса шарбат нӯшида рафт.  Султон ин ҳодисаро шунида (боз ба иғвои ҳосидон)  ба  Фирдавсӣ хашм гирифт. Фирдавсӣ пинҳон  шуд ва  ҳаҷви  машҳури худро гуфта,  аз Ғазнин гурехт…

Ин афсона то вафоти  Фирдавсӣ  давом  мекунад.  Лекин ман нақли ҳамаи онҳоро лозим надонистам ва дар вақти тадқиқоти худ ҷоҳои ғалати онҳоро нақл  карда, рад хоҳам  кард…

Ин як пора аз китоби  устод Садриддин Айнӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” бахшида ба Рӯзи бузургдошти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ иқтибос шуд. Мо дар фурсати муносиб идомаи онро ҳам хоҳем овард. Аммо шумо, хонандагони азиз метавонед китобро пурра дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед. Умедворем бо пурра хондани ин китоби муфид Фирдавсии Тӯсиро дигаргуна хоҳед шинохт.

ШАРҲ

Нулдеке – Теодор Нёлдеке – шарқшиноси намоёни олмонӣ, дар охири асри 19 ва аввали асри ЧЧ зиндагӣ кардааст, оид ба ҳамосаи миллӣ ва эҷодиёти Фирдавсӣ таълифоти бисёр дорад. (М)

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.