«Саҳми Ғаффор Ҷўраев дар рушди забоншиносии тоҷик»
Чунин буд унвони мизи мудаввар, ки субҳи рӯзи 12-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии олими шинохтаи тоҷик Ғаффор Ҷўраев доир гардид ва дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократииТоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо иштироку суханронӣ намуданд.
Шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили бузургдошти Ғаффор Ҷўраевро бо иштироки олимони шинохтаи ҷумҳурӣ баргузор намуд, – гуфт дар оғози маҳфили гиромидошти олими забоншинос муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов.
Ў дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки Ғаффор Ҷўраев дорандаи Ҷоизаи Абўалӣ ибни Сино, корманди Шоистаи илми ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, дар рушди соҳаи забон саҳми арзанда дорад. Мавсуф дар қатор олимону донишмандон китобҳояшро ба китобхонаи миллӣ супоридааст, ки дўстдорон ва пажуҳишгарони ҷавон истифода мебаранд.
Академики Академияи тахсилоти Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфулло Муҳаммадулло хотироташро доир ба фаъолияти илмиву адабии Ғаффор Ҷўраев иброз намуд:
– Бояд олимону донишмандонамонро шиносем, қадр кунем. Ба умеди он нашавем, ки кӣ дар куҷо, чӣ мегўяд
Лутфулло Муҳаммадулло аз ҳамсабақи ў будан ифтихор намуд ва иброз дошт, ки Абдуғаффор пеш аз ҳама инсон буд, инсони комил. Бисёр хоксор, меҳрубон ва донишманд буд.
Лутфуллозода, ки се сол бо Абдуғаффор Ҷўраве дар як ҳуҷра зистааст, худро аз наздикони хонаводаи ӯ медонад.
– Абдуғаффор садои гиро ҳам дошт, най менавохт. Сурудҳои ҳиндӣ мехонд. Олими шевашинос буд ва лаҳҷаҳои ҷануби кишварро басо хуб омӯхта буд. Дар ин самтҳо корҳои зиёде кардааст, ки мутахассисон ин ҷо беҳтар медонанд. Намунаи он асарҳо дар хонаи ҳамаи мо ҳаст. Ва номи ўро ҷовидон медорад. Олим чӣ дорад? Асар.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ профессор Олимҷон Муҳаммадҷонов иброз дошт: Хушбахтам, ки шогирди яке аз донишмандони маъруфу бузург будам, ки дар илми филологияи тоҷик саҳми бисёр барҷаста дорад, баъдан бо ў ҳамкор шудам. Ва ба сифати дӯсту бародараш то охири умр ҳамроҳаш будам. Устод Ҷўраев муҳақиқи барҷастаи забони адабии точикӣ буд, ки саҳмаш дар лаҳҷашиносӣ ва омўзиши забони дарии Афғонистон, нақди адабӣ, тарҷума ва дигар самтҳои илми филологияи тоҷик ниҳоят зиёд аст.
Дар маҳфил зикр гардид, ки Ғаффор Ҷўраев аз аввалин дорнишмандоне буд, ки зиёда аз 1000 нусха китобҳошро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа намудааст.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.