Сабқате, ки ҳазорҳо нафарро дар кохи маърифат ба ҳам овард…

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астОзмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба марра наздик мешавад. Давоми дӯ рӯзи охир алакай довталабони гурӯҳи чорум (омӯзгорон, кормандони касбу кори гуногун ва калонсолон) вориди рақобат шудаанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ..” имсол бо шаҳомати хос, назорати ҷиддӣ ва иштирокдорони китобдӯсту китобхони худ фазои Китобхонаи миллиро атрогин кард.

Баъд аз ҳамагӣ чанд рӯз натиҷа эълон мегардад ва иди онҳоест, ки бо китоб дӯсту қаринанд. Дар марҳалаи ҷамъбастӣ ва гурӯҳи чоруми довталабон онҳое баромад мекунад, ки дар дилхоҳ самт таҷрибаи зиёдтар доранд. Яке омӯзгор аст, дигаре тоҷир, дигар ҳамшираи шафқат ва охирӣ дар синни нафақа ба сар мебарад. Бо онҳое, ки меҳру муҳаббати ҷовидони ба китоб дар замирашон маъво гирифтааст, суҳбат кардан лаззати аҷибе дорад.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астЯке аз довталабони номинатсияи адабиёти ҷаҳон Толиб Ахунов – сокини шаҳри Истаравшан, собиқ омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон, ки собиқаи кории 48-сола дорад, мегӯяд рӯзамро бе китоб тасаввур карда наметавонам. Мавсуф мегӯяд, дар умум, асарҳои зиёд хондаам, аммо барои озмун дар феҳрист 300 асари насрӣ ва 50 асари назмӣ пешниҳод кардам. Забонҳои русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисиро медонам. Китоби рӯйимизии ман “Ғурмагас“-и Этел Лилиан Войнич аст. Ин китобро бе ашк хондан мумкин нест. Зиндагӣ ва тақдири қаҳрамони марказии асар хонандаро ба дунё худ пурра ғарқ месозад.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астДовталаби дигар аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Фирӯза Шоҳимова – омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и шаҳри Турсунзода аст. Ӯ мегӯяд, соли аввал аст дар даври ҷумҳуриявии Озмун ширкат меварзам. Ман бештар осори насрии устод Садриддин Айниро мутолеа намудам. Аз миёни асарҳои арзишманде, ки хондам, романи “Занони Сабзбаҳор“-и Гулрухсор Сафиева бароям хеле писанд омад. Дар ин асар қаҳрамонӣ ва муборизаи занони шуҷои тоҷик тасвир бо маҳорати махсуси тасвирсози баён доштаааст.

Баҳромшо Давлатов-довталаби номинатсияи адабиёти ҷаҳон зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Соли сеюми ширкаташ дар Озмун буда, зиёда аз 100 роман ва дигар навъҳои шеъриро мутолеа ва аз бар кардааст.

Агар миёни тоҷирони мо ҳастанд нафароне,ки зиёда аз 100 роман мутолиа кардаанду дилбаставу шефтаи китобанд, ин нишони соҳибмаърифатист.  Ва ин ки довталабе дар синни нафақа мехоҳад дониши худро дар Озмуне ҳамсатҳи “Фурӯғ…” бисанҷад хеле муҳим аст. Ин шаффофит, муҳаббат ва боварию маъруфият пайдо кардани Озмун миёни омма мебошад.

Шарифамоҳ Пирова-омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №6-и ноҳияи Восеъ аст. Дар мактаб собиқаи кории 45-сола дорад. Соли сеюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон иштирок мекунад.  200 асари насрӣ ва қариб 3000 мисраъ асари назмӣ хондаву аз бар кардааст. Ӯ мегӯяд, дар баробари китоб хондан, шуғли дӯстдоштаам забономӯзӣ аст. Забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавиро баладам. Чанде пеш “Қасидаи ишқ“-и Ҷорҷ Байронро аз бар кардаам, ки 96 мисраъро дар бар мегирад. Шарифамоҳ Пирова ба даври ниҳоӣ ҳамроҳи ҳамсараш омадааст. Онҳо дар толори алоҳида баромади довталабони дигарро тамошо  мекунанд ва миёни ҳам суолу ҷавоб. Ин саҳна воқеан хеле арзиши баланд дорад, дар оилае, ки инсонҳои китобдӯст зиндагиву доранд бешак фарзандони бофарҳангу бомаърифат ба воя мерасад.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астҚиматгули Аҳмад – омӯзгори Колеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ иштирокчии даври ниҳоии озмун аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” мебошад. Ба гуфтаи ӯ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои иштирокчиёнаш танҳо майдони рақобат нест, он пайроҳаи омӯзиш, сайқали дониш ва ташаккули хираду тафаккур мебошад.

Ҳамингуна, садҳо довталаб дар толору роҳравҳои Китобхона бо ҳаяҷону завқ аз китоб ҳарф мезананду ҳар яке маҳорати дигареро баҳогузорӣ мекунад. Ин  аст Озмун ва мартабаи он миёни халқ, ки пайванди китобу маънавиёт дорад. Дар ин баробар иштирокчиёни Озмун ҳамарӯза мувофиқи нақша барномаҳои фарҳангӣ ба маконҳои таърихӣ, гулгашт ва тамошои филлҳо рафтаву ва Душанбешаҳрро сайр мекунад…

Ба тамоми пайвандони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барор мехоҳем, бо умеди пирӯзӣ ва комёби дар ҳаёту рӯзгор ва кору пайкорашон.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.