Сабрина Маҳмадраҷабзода: Мехоҳам, ба авҷи “Фурӯғ…” бирасам

Сабрина МаҳмадраҷабзодаСабрина Маҳмадраҷабзода омӯзгори литсейи иноватсионии “Ҷавонӣ”-и шаҳри Хуҷанд, довталаби даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик буда, соли 5-уми ширкаташ дар Озмун мебошад.

Ӯ аз рӯи низомнома 120 ғазал, 130 рубои ва дубайтӣ, 180 байт дигар навъҳои шеърӣ, 150 байт қасида, 200 байт достонро аз худ карда ва бо мутолеа намудани 45 осори насрӣ баромад намуд. Соли гузашта шогирдаш дар Озмун сазовори ҷойи ифтихори гардида, ӯро бо нишони аълочии маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мукофотпулии 10 ҳазор сомонӣ қадрдони карданд.

Сабрина мегӯяд 5 сол боз ба даври ниҳои Озмун роҳ меёбам аммо то ҳол ба авҷи он нарасидаам. Имсол назар ба солҳои қабл омодагии бештару ҷиддитар дидаам ва аз баромаде, ки назди аъзои ҳакамон доштам комилан розиям, ба ҳамма суолҳояшон ҷавоби пурра додам. Ман ҳамчунин аз муносибати ҳакамамон, шева пурсиши онҳо розиям. Ҳар довталабе, ки маҳорату суханварии хешро назди ҳакамон нишон додан мехоҳад, таҳти ҳаяҷону эҳсосот қарор мегирад. Аммо доварон намегузоранд, ки мо ба эҳсосу ҳаяҷон дода шавем, сабурона моро гӯш мекунанд, оромона суол мекунанд ва посух мегиранд. Ҳамин аст, ки ширкаткунандаи озмун худашро озодтар, хубтар ва самимитар эҳсос мекунад.

Мехоҳам сипоси бе ҳадду канорамро ба волидонам расонам, ки дар ин роҳи пур печу тоб маро танҳо нагузошта, дастгирӣ намуданд ва ҳар вақте ки ман ноком мешудам, ба ман руҳияи тоза медоданд, то ин ки руҳафтода нашуда, ҳар сол ва бо тайёрии ҷиддитар дар Озмун ширкат варзам.

Ин хушҳолкунанда аст, ки омӯзгоре, бо он ки тамоми рӯз бо таълим, тарбият ва омода кардани насли нав сарукор дорад, натанҳо дилбастаи китобу илму донишш аст, балки мекӯшад маҳорати касбии худро бо ширкат дар чунин як Озмуни баландмақом бисанҷад ва ҳадафи комёб шуданро дар пеши худ гузошта мехоҳад ғолиб шавад.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.