Сада муждаи Наврўз
Самтҳои муҳимми сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои мазкурро Сарвари давлат тавассути рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳё намудани мероси таърихию фарҳангии тоҷикон арзёбӣ намудаанд.
Воқеан, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну маросим, расму оинҳои миллӣ хеле бузург аст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд: “Мо на танҳо Наврўз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро низ эҳё кардем. Вале омўзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд.
Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон”-ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд”.
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ба нақли ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст: Рўзе Ҳушанг бо чанд тан аз ёрони хеш паи шикор мерафт, ки ногоҳ аз пеши роҳ мори бадҳайбате мебарояду Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сўи мор ҳаво медиҳад. Аммо санг ба сари мор нарасида ба санги дигаре мезанаду аз онҳо шарора меҷаҳад ва ин воқеа, ки оғози ихтирои оташ гардида буду ҳамон шаб Ҳушанг дар атрофи гулхан базме орост, ба ҷашни ҳамасола табдил ёфт ва Сада ном гирифт.
Бигуфто: “Фуруғест ин эзадӣ,
Парастид, бояд, агар бихрадӣ.
Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ў бошукўҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х (в) ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардани ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ў ёд кард.
Абурайҳони Берунӣ менависад, ки мардуми иронинажод дар гузашта шабу рўзро алоҳида мешумурданд. Даҳуми баҳманмоҳи шамсӣ, ки ба якуми феврали солшумории милодӣ рост меояд ва аз Сада то Наврўз сад шабу рўз, яъне панҷоҳ шабонарўз аст, пас бояд ба хулосае омад, ки таҷлили Сада ба 31 январ-1 феврал рост меояд.
Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ, ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд. Баробари ба поён расидани он, аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд. Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.
Ниёгони мо фарорасии ҷашни Садаро ҳамчун муждаи расидани Наврўз бо хушнуди таҷлил намуда, бузургони мо ин мазмунро дар осорашон борҳо таъкид намудаанд, ки аз ҷумла Фаррухӣ чунин фармудааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз,
Мужда бипзиру бидеҳ ҳилъату кораш битироз.
Ҳомидова Замира-корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.