Рози “Шоҳнома”. Фарри каёнӣ аз назари Ҳаким Фирдавсӣ
ФАР(Р), ФАРА. Донишпажўхони доно дар атрофи вожаи «фар(р)» матолиби кофӣ таълиф кардаанд. Мақолаҳои пурмуҳтавоеро аз лутфи ховаршиносон О. Ҳоҷимуродов, М. Ҳазратқулов, ки дар саҳафоти рўзномаҳо интишор карда буданд, бархўрдор шудем. Вожаи «фар(р)» бо калимаи тоҷикӣ-форсии «Ҳур», «Ҳур», «Хуршед» аз як реша аст. Фар(р) ҳамчун партав, рўшноӣ ва неру истифода шуда, дар шеваи гуфтори мардуми кишварамон ба маънии неру, қувва ҳанўз ҳам роиҷ аст, чунончи «беҳангу фара», яъне хаставу монда.
Аз рўйи навиштаҳои «Авасто» «фар(р)»-и подшоҳӣ насиби озодагоне мегардад, ки некманишу додхоҳу хирадофарин бошанд ва агар шоҳе, ки ба сухани нодурусту дуруғ пардохт, касеро ба куштан дод ва боиси кушта шудани касон гардад, «фар(р)» ба сурати мурғи Варгана (уқоб, шоҳин) аз ў ба парвоз мегурезад. Мисли фарри гусаста аз Ҷамшед. Дар «Зомёд яшт» омадааст, ки севум бор «фарри бағона» (худо) дар пайкари мурғе, аз Ҷамшед гусаста ба Гаршости Наримон пайваст.
Фарр аз шоҳи дигари худкома Кайковус, ки ба панди мубадон гўш накарда, ба Мозандарон лашкар мекашад ва афроди зиёдро ба куштан дода, худ низ асир мешавад, ҷудо мешавад:
Хирад аз сараш рафтаву ҳушу фарр,
Ту гўйӣ ҳама хоб гўяд магар.
Ҳакими Тўс вожаи «фар»-ро да «Шоҳнома» бо ибороти «фарри каёнӣ», «фарри эронӣ» фаровон истифода карда, ин мафҳумро бо пойдории Эрон ва озодии ин кишвари аҳуроӣ иртибот додааст. Бояд афзуд, ки на ҳама дорандагони фарру ҳуш шоҳонанд. Рустами Достон «яке марди покиза боҳушу фарр» буд ва то охири умр ин фарро ҳифз кард. Шоҳону ялон дар «Шоҳнома» «фарри каёнӣ», «фарри эзадӣ»-ро бо донишу хирад, ному нажод ҳамсон дидаанд:
Чунин дод посух, ки дониш ба фарр,
Бигирад ҷаҳон сар ба сар зери пар.
Хирад бояду ному фарру нажод,
Ба-дин чор гирад сипеҳр аз ту ёд.
Фарри аз дастдодаро гоҳе ба нудрат танҳо аз роҳи талаби омурзиш, пок кардани ҷисму равони худ аз кунишу маниши аҳриманӣ дубора бозовардан мумкин аст. Чуноне, ки Нўзар бар таҳти шоҳӣ нишаста, озодагонро озор медиҳад, ба бедодӣ роҳ дода, мўбадону донишваронро хор медорад ва аз пайи ҷамъ кардани ганҷу динор мешавад:
Роҳи мардумӣ назди ў хор шуд.
Дилаш бандаи ганҷу динор шуд.
Бинобар ин фарри эзадӣ аз пайкари ў берун шуда, кишвар дар хотиру ошўбу вайронӣ қарор мегирад:
Нагардад ҳаме бар раҳи бихрадӣ,
Аз ў дур шуд фарраи эзадӣ
Пас аз он ки донишиёну мўбадон ба Зол муроҷиат карда, хоҳиш мекунанд, ки шоҳро аз бадкирдориҳову бедодиҳо раҳоӣ бахшида, ба дидаш фурўғи меҳр ҷой кунанд, фарри эзадӣ бозоварда мешавад:
Барафрўзии Нўзар зи тахти меҳӣ.
Нишаст андар ором бо фарраҳӣ.
Шоиста аст ин нуқтаро ёдовар шавем, ки мардуми эронтабори асил ҳамдигарро аз рўйи чеҳра ташхис мекунанд, ки онро фарри эзадӣ партав меафканад. Мисле, ки Гурдофарид дар хилоли набард бо Суҳроб аз фарру бурзи он пай мебарад, ки яли ҷавон аз туркон нест:
Ҳамоно, ки ту худ зи туркон най,
Ки ҷуз б-офарини бузургон най.
Аммо онҳое, ки аз маниши нек, куниши нек ва гўйиши нек бархўрдор нестанд, фарр ҳаргиз насибашон намегардад:
Касеро, ки яздон надодаст фарр,
Набошад-ш бо ҷанги ў пову сар.
Ақвоми ноориёӣ, ба вижа ишғолгарон наметавонистанд аз фар бархурдор бошанд. Агар шоҳони эронии дар ибтидо соҳиби фарр-Ҷамшед, Кайковус, Ардавон бинобар иллати худкомаву худпарастиву бедодгарӣ ин доди Худоро барбод дода бошанд, шоҳи азим, вале душмани Эрон, Афросиёб чӣ ҷаҳду талоше накунад, шоистаи фарр буданро доро намегардад, зеро фарри ориёӣ, фарри каёнӣ наметавонад насиби турониёну туркону тозиён гардад:
Назебад бар эшон ҳаме тоҷу тахт,
Бибояд яке шоҳи пирўзбаст.
Ки бошад бар-у фарри изадӣ,
Битобад зи гуфтори ў бихрадӣ.
Бояд тавзеҳ дод, ки пас аз Фирдавсӣ, дигар беш аз ҳазор сол вожаи «фарр» дар гуфтори навиштори адибон истифода нашуд, зеро кишвардориро онҳое ба даст гирифта буданд, ки на фарри эзадӣ ва на фарри каёнӣ насибашон нагашта буд.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи ОйҷонгулДавронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ