Саду бисту се соли Қаҳрамони Тоҷикистон
Аз таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур-яке аз арбобони барҷастаи сиёсӣ ва давлатии тоҷик моро саду бисту се сол ҷудо мекунад. Мо ӯро хеле баъдтар, дар оғози солҳои бозсозӣ ва баъдан баъди Истиқлоли давлатӣ бештар шинохтем. Шириншоҳ шахсияте буд, ки дар ташаккули аввалин давлатдории тоҷикон дар садри мубориза бо душмонони дохиливу хориҷӣ қарор дошт. Аз аввали моҳи декабр дар матбуоти кишвар ва расонаҳои электронӣ даҳҳо мақолаву суҳбатҳо интишор ёфтанд ва такрори назарҳои баёншударо ин ҷо зарур ҳам намедонем.
Қаҳрамони тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои совети хеле хизмат кард.
Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шахсияти барҷастаи халқи тоҷикро барои хизматҳои беандозааш соли 2006 бо унвони олии давлатии Тоҷикистон- Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардони
Бо ба даст омадани истиқлолияти давлати қариб тамоми шаҳру ноҳияҳо ба номи Қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои баруманди миллити тоҷик гузошта шуд. Имрӯз як қатор маҳалаву кучаҳои шаҳри Душанбе ба номи қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шудааст, ки далели гуфтаҳои болост. Инчунин Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ш. Душанбе ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта шудааст.
Баррасии аснод ва маъхазҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар он маҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд дар масоили шинохти миллият ва шумораи аҳолӣ манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии пушти по заданд. Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкорӣ ҳастии миллити тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд. Вале як қатор фарзандони огоҳу бедордили миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархостанд. Ин шахсони ватандӯсту дурандеш, ки зимоми роҳбариро дар он замон бар дӯш доштаанд, бар зидди ҳама гунна ривоятҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза мебурданд ва силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми худ амалӣ мекарданд. Дар байни чунин мардони мубориз Шириншоҳ Шоҳтемур низ дар он даврони ниҳоят ҳассосу пурихтилоф ба хотири ташкили зиндагии нави халқи тоҷик фидокорона заҳмат мекашид ва яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Ӯ ҳамчун роҳбари дурандеш асли инкишофи самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва муносибати байни қавму миллатҳоро дар арҷгузорӣ ва эҳтироми фарҳангу анъана ва урфу одати халқҳои маскуни минтақа, инчунин таҳкими дӯстии байни онҳо меҳисобид. Баъди таъин гардиданаш ба вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ғояи дӯстии халқҳо ва ҳамаҷониба мустаҳкам намудани онро асоси фаъолияти роҳбарии худ қарор дод. Ин шахсияти далелу равшанзамин ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд. Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо бараъло зоҳир мегардид. Фаъолияти фидокоронаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсинфонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнат қарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид.
Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун арбоби сиёсӣ хуб дарк менамуд, ки бе пуштибониву дастгирии аҳли зиё ва нерӯҳои маънавию зеҳнӣ, ҳамчунин бе интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ маънӣ ва моҳияти сохти нави иҷтимоиро ба мардуми тоҷик пурра фаҳмонидан аз имкон беру наст. Ӯ дар баробари поягузорони матбуоти тоҷики-устод Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар масъалаи таъсис ва нашри рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Роҳбари дониш» «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шуълаи инқилоб», инчунин дар нашри китоб «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст.
Фаъолияти пурсамари ӯ дар ин самт баъди таъин гардиданаш ба мансаби Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дучанд меафзояд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳалли мушкилоти умдаи ҳаёти мардуми мамлакат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.
Саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар гиромидошт ва тарғибу ташвиқи ному мерос нобиғаҳои дурахшони фарҳанги мардуми мо – шоирону олимони забардасти миллат низ сазовори ёдоварист. Бо вуҷуди маҳдудияту мушкилоти замон ӯ дар паҳлӯи Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ истода, соли 1934 ҷашни 100-солагии бузургдошти шоири оламшумули тоҷику форс Абулқосим Фирдавсиро баргузор менамояд. Ҳадафи ассосии ин ҷашн пеш аз ҳама, тарғиби ғояҳои волои худшиносиву ҳувийяти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанди ниёгони сарбаланди мо дар масири таърихи чандҳазорсолаашон буд, ки дар он рӯзҳо ҳамчунин мактаби бузурги қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба миллати Фарҳангии тоҷик хизмат намуд.
Ва метавон боз бештар аз ин гуфт. Зеро нақл дар бораи шахсиятҳое чун Шириншоҳ Шоҳтемур касро ҳаргиз хаста намекунад. Ҳар қадар ӯ ва ӯ барин ҷонфидоёнро бештар донем, ҳамон андоза таърихи Ватани маҳбуб ва миллати азизро бештар хоҳем шинохт.
Дар Китобхонаи миллӣ ҳам матолиби фаровоне дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур вуҷуд дорад, ки метавонед, мутолиа намоед:
Макашов, А., Рудницский, В. Ходими давлатӣ: Шириншоҳ Шоҳтемур. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 21 с.
Макашов, А., Рудницский, В. Ходими давлатӣ: Шириншоҳ Шоҳтемур. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 16 с.
Шерғозиев, М. Шириншоҳ Шоҳтемур: Аз силсилаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон. – Душанбе: Нодир, 2007. – 60 с.
Аламшоев, Қ. Шириншоҳ Шоҳтемур. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 528 с.
Ҳайдаршоҳ, П., Қурбониддин, А. Шириншох Шоҳтемур. – Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 214 с.
Шоҳзоданасимов, А. Таърихи як сурат: Собиқ раиси Комитети Иҷроияи Марказии Тоҷикистон барпокунандаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 6 октябр.
Шерғозиев, М. Шириншоҳ Шоҳтемур ки буд? // Машъал. – 1989. – №12. – С. 12.
Қодиров, А.,Ҷалилов, Ш. Оташи афрўхтаи падар: Ба муносибати 90 солагии Шириншоҳ Шоҳтемур // Агитатори Тоҷикистон. – 1989. – №21. – С. 29-31.
Дўстов, Ҳ. Фарзанди ҷонфидои партия ва халқ: Ба муносибати 90 солагии Шириншоҳ Шоҳтемур // Коммунисти Тоҷикистон. – 1990. – №1. – С. 83-86.
Дўстов, Ҳ. Ҷонфидо: Оиди Шириншоҳ Шоҳтемур // Садои Шарқ. – 1991. – №10. – С. 102-110.
Дўстов, Ҳ. Сар бохтаю нафрўхта миллат: Аз кору фаъолияти сарбози инқилоб Шириншоҳ Шоҳтемур // Садои мардум. – 1991. – 26 март.
Юсуфӣ, И. Фидоии роҳи ҳақиқату озодӣ: Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур // Ҷумҳурият. – 2006. – 7 декабр.
Шерғозиев, М. Шириншоҳ Шоҳтемур маърифатпарвари бузург: Қаҳрамони Тоҷикистон // Маорифи Тоҷикистон. – 2009. – №3. – С.51-54.
Шерғозиев, М. Уқоби кўҳҳо будӣ…: Фаъолияти кори Қаҳрамони Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 30 декабр.
Маҳмудов, М. Фоҷиаи аср: Шириншоҳ Шоҳтемур ва воқеаҳои соли 1930 // СССР. – 2009. – 19 ноябр.
Фарзанди бедордили миллат: Суханронии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 110 солагии зодрўзи Шириншоҳ Шоҳтемур // Садои мардум. – 2009. – 24 октябр.
Офаридаев, Н. Шириншоҳ Шоҳтемур дар пойдории забони тоҷикӣ мақоми хоса дошт. Кор ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур: Ба ифтихори 110 солагии Шириншох Шоҳтемур // Минбари халқ. – 2009. – 22 октябр.
Аламшоев, Қ. Ҷонфишони роҳи худшиносӣ: Ба пешвози 115 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур // Ҷумҳурият. – 2014. – 26 июл.
Усмонов, И. Асри 20 барои тоҷик тақдирсоз буд: Андешаи муаллиф доир ба гуфтаҳои қаҳрамонҳои Тоҷикистон ва тоҷикон Шириншоҳ Шоҳтемур // СССР. – 2014. – 4 феврал.
Мўсоев, А. Шоҳтемур, Айнӣ, «Овози тоҷик» ва Лоҳутӣ – якчанд саҳифаи таърих // Ҷумҳурият. – 2018. – 25 июл.
Мусоев, А. Қисмати талхи Шириншоҳ: Оиди ҳаёт ва фаъолияти ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур // Самак. – 2018. – 23 май.
Темирзода, Б. Шириншоҳ Шоҳтемур ва ташкили «Иди тоҷик» дар хотироти Баҳринисо Тоҳирова // Тоҷикистон. – 2018. – 7 феврал.
Охирин мақоми инқилобчиён: Перомуни қатли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур // Имруз News. – 2019. – 17 сентябр.
Аламшоев, Қ. Шириншоҳ Шоҳтемур: «Таъсиси рўзнома бисёр зарур буд»: Андешаҳои яке аз асосгузорони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур роҷеъ ба рўзномаи «Овози тоҷик» // Имруз News. – 2019. – 27 август.
Таҳияи Дилороҳ
Сайдамирова корманди
шуъбаи библиографияи миллӣ.