Сафи унвондорони илм дар Китобхонаи миллӣ афзуд

Абубакр-МанонзодаҲамкорамон Абубакр Манонзода – Сардори шуъбаи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи имлии номзади илмҳои филологиро соҳиб шуд. Ин навиди фараҳбахш субҳи имрӯз расид.

Абубакр Манонзода дар мавзуи “Достони “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсию тоҷикии он” рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд. “Рамаяна” аз шӯрангезтарин достонҳои ишқии мардуми сарзамини Ҳинд аст, ки садсолаҳо аввал аз забон ба забон нақл шудаву баъдан дар шакли китоб арзи вуҷуд кардаву тадриҷан таваҷҷуҳи халқҳо ва миллатҳои гуногунро ба худ кашида ва ба забонҳои зиёди дунё тарҷума ва борҳо нашр шудааст. Аз ҷумла ба забони форсиву тоҷикӣ низ ва тавре аз таҳқиқоти муҳаққиқи тоҷик бармеояд, эрониён аввалин касоне буданд, ки ба ин достони шӯрангез мутаваҷҷеҳ шудаву онро ба забони худ баргардон кардаанд.

Дар ин рисола муҳаққиқи ҷавон Абубакр Манонзода барҳақ зикр мекунад, ки дар дунё кам миллатеро метавон ёфт, ки ба андозаи мардумони эронинажод ва ҳиндӣ умумияти аз ҳама бештар дошта бошанд. Ва тавре дар асари арзишманди Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии милат” омадааст, ин умумият ва пайвастагӣ решаи хеле қадимӣ ва мустаҳкаме дорад, ки дар ҳеч як давраи таърихӣ гусаста нагардидааст. Муҳимтарин санади ин пайванди маънавӣ, қаробату шабоҳати ин қавмҳо, сурудаҳои нахустини онон “Ригведа” ва “Авесто” мебошад, ки ба эътирофи муҳаққиқон “сухани нахустини инсони ориёӣ” маҳсуб мешавад . Дар душвортарин гузари замон Ҳинд барои мардумони Осиёи Марказӣ амнтарин макон барои зист ва идомаи таълиму таълифи афкор ва андешаи онҳо будааст. Доманаи равобити адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикон бо мардумони шибҳиқорраи Ҳиндустон васеъ, густарда ва тулонӣ мебошад. Аз ҳафриёти минтақаҳои гуногуни шибҳиқора ва Осиёи Марказӣ санадҳои муҳимми ин равобит аз даврони бостон ба даст омадааст, ки гӯёи иртиботи фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунарии ақвоми маскуни ин кишварҳост. Таҳқиқу баррасии ҳаматарафаи равобити адабӣ, фарҳангӣ ва маънавии қавмҳои эронӣ ва сокинони шибҳи ҷазираи Ҳиндустон аз даврони пеш аз таърих, бостон ва асрҳои миёна аз вазифаҳои муҳимми илми адабиётшиносӣ ба шумор меравад. Таҳқиқу пажӯҳиш дар ин замина асосан дар осори таърихӣ сурат гирифта, мақола ва гузоришҳои алоҳидае дар самтҳои адабиётшиносӣ ба чоп расида бошанд ҳам, гӯшаҳо ва завоёи норавшан дар ин қисмати равобити адабӣ ва ҳунарӣ вуҷуд доранд, ки дар бахши нахуст аз таҳқиқ ба онҳо пардохта мешавад. Пайгирӣ ва бармало сохтани намунаҳои равшану мушаххас аз деринагии пайвандҳои адабӣ – ҳунарии ин қавмҳо барои таърихи комили робитаҳои адабию фарҳангӣ аҳаммияти бевосита доранд.

Дар ду бахши боби дуюми рисола, ки “Ҳамосаи бостонии Ҳинд “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсии тоҷикии он” номгузорӣ шудааст,  дар бораи густариши  тарҷумаи осори ҳиндӣ ба забони модарии мо сухан меравад. Муаллиф ба ин назар аст, ки бо падид омадани дини мубини ислом ва интишори он ба шибҳиқораи Ҳинд, ки дафъатан пас аз истилои Эрону Мовароуннаҳр сурат гирифт, фазои фарҳангӣ, забонӣ ва илмию мазҳабии он ҷо дучори дигаргуниҳои азим гардида, табодули фарҳангӣ-забонӣ ва иртиботу ихтилоти онҳо то чанд қарн идома ва ба шеваву равишҳое гуногун анҷом мепазируфт. Забони форсӣ ҳам дар ибтидо аз ин роҳ бо сарбозони артиши ислом ба он сарзамини паҳновар ворид шуда бошад ҳам, вале нуфузу таъсири он дар оғози ин марҳала ба сурате чашмгир набудааст. Аз манобеи адабӣ, таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ  дар бораи ба забони форсӣ ҳарф задани аҳли Синд ва қисматҳои шимолии Ҳинд дар замони Сомониён маълум аст. Густариши забону фарҳанги форсии тоҷикӣ ба лашкаркашиҳои Ғазнавиён (930-1186) вобаста мебошад.

Абурайҳони Берунӣ аз дурахшонтарин чеҳраҳои илмии ин замон –нигини маънавии дарбори ин шоҳ буд, ки дар сафарҳои ӯ ба Ҳинд аз ашхоси фавқулода муҳимми  ӯ ба ҳисоб мерафт. Берунӣ дар ин сафарҳо бо омӯхтани забони санскрит ба мутолиа ва омӯзиши одобу суннатҳо ва фалсафаву нуҷум ва дигар илмҳои роиҷи он замон пардохта, натиҷаи кӯшишу талошҳои худро ба шакли китобу рисолаҳо пешкаши ояндагон сохтааст, ки муҳимтарини онҳо ҳамон гуна ки арз намудем, “Таҳқиқ мо ли-л-Ҳинд” ном дорад, ки бо тамомии фарогирии масоили худ мисли доиратулмаорифест, дар тайи сездаҳ сол (408-421ҳ.қ./1018- 1030м) навишта шудааст ва шомили масъалаҳои мардумшиносӣ, оиншиносӣ, ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ, забону адабиёти Ҳинд мебошад. Абурайҳони Берунӣ аз 113 унвон китобе, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, 15 унвони онро ба масъалаҳои марбут ба Ҳинд бахшидааст.

Ҳимояи диссертатсия 26 сентябри соли 2023, соати 1330 дар маҷлиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор шуда буд.

Ҳамкорамон Абубакр Манонзодаро ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ самимона муборакбод мекунед ва барояш комёбиҳои нави илмӣ таманно дорем.

 

Б.Шафеъ