Сарсухани Пешвои миллат ба “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ. Ашъори ҷовидона ва ҳикмати орифонаи Камоли Хуҷандӣ

Як нуқтаи бебаҳс ин аст, ки саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ ниҳоят бузург мебошад. Эҷодиёти ҳазорон адиб ва аҳли илм аз давраҳои қадим то ба имрӯз роҳи инсониятро бо чароғи панду андарз равшан ва одамонро барои бо меҳру муҳаббат зистан ва расидан ба қадри зиндагӣ талқин кардааст.

            Сарзамини тоҷикон зодгоҳи шоирони оламшумул, олимони машҳур ва мардони диловару қаҳрамон ба шумор рафта, дар замони истиқлоли миллӣ хонаи умеди тамоми тоҷикони олам гардидааст. Мардум дар ин даврони босаодат ба гузаштаи худ бо назари нек дида медӯзанд ва ба осори пешиниён ва муосирон арҷ гузошта, анъанаҳои некро идома мебахшанд. Арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои неки миллӣ маҳз дар ҳамин давра эҳё ва муаррифгари ин халқи бостонӣ дар арсаи чаҳон гардиданд.

            Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО доир ба ду ҷашнвораи басо арзишманди таърихиву фарҳангии миллати тоҷик қарор қабул намуда, аз ҷомеаи илмиву фарҳангии ҷаҳон дархост кардааст, ки дар тарғибу ташвиқи ин санаҳои таърихӣ иқдом гиранд ва арзиши ин ҷашнвораҳоро ба оламиён муаррифӣ созанд.

            Яке аз ин санаҳои муҳим – ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм мебошад, ки бо қадимият ва осори то ба имрӯз боқимондааш дар ҷаҳон камназир аст. Ёдгориҳои таърихии ин мавзеъ исбот менамоянд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замони бостон ҳунарманду кишоварз будаанд ва маҳорати баланди шаҳрсозӣ доштаанд.

            Санаи дуюм – бузургдошти 700-солагии шоири маъруфи Шарқ Камоли Хуҷандист, муҳтавои осори ӯро, пеш аз ҳама, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳад.

            Камоли Хуҷандӣ дар илму фазл чеҳраи бисёр тобноки замони худ буда, зиндагиву фаъолияти ӯ имрӯз мояи ифтихор ва омӯзиши оламиён мебошад.

            Зодгоҳи ин шахсияти барҷаста шаҳри маъруфи Хуҷанд аст. Ин шаҳр аз дер гоҳи таърих ба унвони яке аз марказҳои бузурги илму маориф ва адабиёту фарҳанг эътироф гардида, дар домони хеш шахсиятҳои барҷастаро ба камол расонидааст. Мо дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” воқеъбинона ишора кардаем, ки “Тоҷикистони мо ба таври умумӣ ва ноҳияҳои қадимии он, чун Хуҷанд, Фархор, Вахон, Истаравшан, Вахш, Ҳисор, Ҳулбук, Панҷакент, Балҷувон, Исфара, Фалғар, Шуғнон, Конибодом, Рахш ва ғайра таърихе доранд, ки саҳифаҳои рангини онҳо ҳанӯз пурра варақгардон нашудаанд”.

            Дар миёни ин мавзеъҳо Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳоест, ки баробари бостонӣ буданаш фарзандони бомаърифату кордони зиёдеро дар оғӯши худ парваридааст. Дар ин радиф метавон аз шоир ва мутафаккири бузург Камоли Хуҷандӣ ёд намуд, ки яке аз чеҳраҳои адабии миллати тоҷик мебошад. Ин шоири тавоно бо ашъори ҷаззобу дилкаши худ дар ҷаҳон машҳур гардидааст. Оид ба ин масъала худи шоир ишора мекунад, ки:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.

            Ин шоир ва орифи бузург бо абёти пурмуҳтаво ва андешаҳои саршор аз ғояҳои баланди инсонӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш маҳбубияти хос пайдо карда будааст.

            Дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ номи пурраи шоир Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ сабт шуда, ӯ бо тахаллуси Камол шеър гуфтааст.

            Камол тақрибан дар байни солҳои 1318-1320 дар Хуҷанд таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо бештари илмҳои замонашро аз бар кардааст. Сипас илму дониши худро дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро такмил дода, чанде баъд бо нияти Ҳаҷ ба сафар баромадааст. Баъди мусофират дар сарзаминҳои араб ва зиёрати Каъба шаҳри Табрезро ҳамчун маркази ободу зебо дарёфта, дар он муқимӣ шудааст.

            Шаҳри Табрез дар замони Камоли Хуҷандӣ пойтахти ҳукумати канории муғулҳо маҳсуб шуда, дорои боғистонҳои зиёд будааст. Дар осори таърихӣ ва тазкираҳо шаҳри мазкур ҳамчун макони хушбоду ҳаво бисёр сифат шудааст. Обрӯю нуфузи Камоли Хуҷандӣ дар ин шаҳр ба ҳадде баланд будааст, ки ҳокимони замон бо ӯ мулоқот карда, аз файзи суҳбату андешаҳояш баҳравар мешудаанд. Дар сарчашмаҳо низ доир ба робитаи шоир бо амирони пуриқтидори замон – Султон Ҳусайни Ҷалоирӣ, Тӯхтамишхон, Амир Темури Курагон ва Мироншоҳ ҳикоёту ривоёти мухталифе мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, Камол дар ин шаҳр бо хоксорӣ ва қаноат умр ба сар бурда, бештар машғули эҷоди шеър будааст.

            Ҳангоми ҳуҷуми Тӯхтамишхон ба Табрез бо фармони завҷаи ӯ Камоли Хуҷандиро дар қатори асирони дигар ба шаҳри Сарой меоваранд ва адиби нозукбаён ёздаҳ сол дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

            Баъди аз тарафи амир Темур забт кардан ва ба харобазор табдил додани Сарой шоир озод гардида, ба Табрез бармегардад ва рӯзгори минбаъдаи ӯ то лаҳзаи охири умр дар Валиёнкӯҳи ин шаҳр гузаштааст. Шоир баъди вафоташ дар боғи ободкардаи худаш дафн карда мешавад.

            Баъди соҳибистиқлолӣ ва пайдо шудани имконият мо дар шаҳри Хуҷанд мақбараи Камолро бунёд кардем ва турбати ӯро аз Табрез ба ин шаҳри бостонӣ овардем. Бо ин роҳ мо тавонистем рӯҳи покашро аз ғарибӣ озод намоем ва Ҳуҷандро дуюмбора макони абадиаш қарор диҳем. Ҳоло мақбараи шоир мавзеи зеботарини шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, сокинони кишвар ва меҳмонони зиёд аз он дидан мекунанд ва ба шахсияти ин шоиру ориф эҳтиром мегузоранд.

            Камоли Хуҷандӣ аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст, ки мазмуни аксари онҳоро ақидаҳои башардӯстона ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин осори дилкаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ хосу ом ӯро ҳамчун мутафаккири соҳибхирад шинохт ва хонааш макони олимону орифон ва ҳакимону адабдӯстон гардид.

            Камоли Хуҷандӣ истеъдоди фитрӣ ва ҳунари баланди шоирӣ дошт. Вобаста ба мақоми баланди маънавии ӯ яке аз бузургтарин шоири адабиёти тоҷику форс – Ҳофизи Шерозӣ ишора кардааст, ки “машраби ин бузургвор олист ва мартабааш софӣ”. Шоир доир ба истеъдоди худодод ва камоли суханварии хеш чунин гуфтааст:

Дар сухан лутфи илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол,

Варна сад сол ба фикр ин суханон натвон гуфт.

            Камоли Хуҷандӣ дар ашъори ҷовидонаи худ бо такя ба беҳтарин анъанаҳои адабию ахлоқии ниёгон некиву накӯкорӣ, ахлоқи ҳамида, зебоии табиат, сифоти ошиқон, адолати иҷтимоӣ ва дигар фазилатҳои писандидаи инсонро бо ҳунари олии суханварӣ тараннум кардааст.

            Бузургии Хоҷа Камол дар он аст, ки ӯ дар ғазалҳои равону дилнишини худ андешаҳои баланди ирфониро устодона баён кардааст. Шоир ба маънии том аз фалсафаи ҳаёт ва таҷрибаи рӯзгор баҳра бурда, онҳоро зарра-зарраву пора-пора дар сувари хаёлаш ҷо дода, андарз ва панду насиҳатҳои арзишмандро бо маҳорати хос баён кардааст. Чунончи, вай дар байте ишора мекунад, ки барои ба даст овардани “калиди ганҷ” ва “гавҳари мақсад” ҳар як шахс бояд кӯшиш намояд ва заҳмат кашад, зеро танҳо тавассути ин амалҳои шоиста албатта ба мурод хоҳад расид:

Бикӯш, то ба каф орӣ калиди ганҷи вуҷуд,

Ки бе талаб натавон ёфт гавҳари мақсуд.

            Камоли Хуҷандӣ доир ба аҳамияти ваҳдату ягонагӣ ва иттифоқу ҳамдилӣ ҳам изҳори назар карда, барои инсон муҳим будани муҳити орому осударо хеле шоиронаву дилкаш таъкид намудааст:

Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад,

Мурғи обиро ба дарё хуштар аст.

            Бузургии сухани шоири номвар ва орифи воломақом дар он зоҳир мешавад, ки таъкидҳои ӯ то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд, ки яке аз онҳо устувории ваҳдат ва сулҳу субот мебошад. Дар ҳақиқат, маҳз ваҳдат омили суботи ҷомеа ва шарти муҳими озодона умр ба сар бурдани одамон мебошад.

            Аз назари чаҳонбинии ирфонӣ низ сухани Камол арзиши баланд дорад. Аз дидгоҳи шоири ҳикматписанд бахшидани гуноҳи якдигар ниҳоят муҳим мебошад. Вай одамонро ба ин амали нек даъват карда, андешаи худро чунин баён доштааст:

Гар ҳаст ғуборе, зи дилат пок фурӯ шӯй,

Оина ҳамон беҳ, ки дар ӯ гард набошад.

            Дар ҷойи дигар шоир омӯзиши илмро асоси пешрафти ҷомеа медонад. Камоли Хуҷандӣ мисли дигар адибони пешин илмро ситоиш карда, ҷавҳари рушди маънавиёт ва дарки асрори зиндагиро дар омӯзиши илму дониш мебинад:

Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест,

Аз илм мурод ҷуз амал нест.

            Дар воқеъ, амал кардан дар роҳи илм мавқеи инсонро дар ҷомеа баланд мебардорад. Аз ин рӯ, шоир таъкид мекунад, ки барои дарёфти илм шахс бояд ҷаҳду ҷадал намояд.

            Камоли бузургвор дар ашъори пурмуҳтавои худ на танҳо масъалаҳои муҳими ирфонӣ ва иҷтимоиро бозгӯ мекунад, балки ахлоқи писандидаи инсон, аз ҷумла некиву накӯкориро ситоиш карда, ҷавононро даъват мекунад, ки ба ташнае об дода тавонистан, яъне ба дигарон некӣ кардану дасти афтодаеро гирифтан адаб буда, шахс аз натиҷаи он дар вақти пирӣ роҳат мебинад:

Аз чашмасори чоҳи ҷавонӣ ба ташнае,

Обе бидеҳ, ки пир шавӣ, эй умедвор!

            Чунин ишораҳои ҳакимона дар ашъори Камоли Хуҷандӣ хеле зиёд буда, ин суханвари нозукхаёл дар аксари ашъораш ба одамон кумак кардан, дасти фитодагонро гирифтан, ба онҳо хайр кардан ва пеша намудани накӯкориро васф карда, амалҳои шоистаро ситоиш ва кирдорҳои зиштро мазаммат менамояд ва расидан ба камоли маърифатро мояи зиндагии ҳар як шахси покрав медонад.

            Дар ашъори Камоли Хуҷандӣ мавзӯи ишқу муҳаббат ва васфи зебоиҳои табиат ҷойи асосиро ташкил медиҳад. Ин ғазалсарои забардаст сифатҳои беҳтарини ошиқонро бо таъбиру ибораҳои латиф таҷассум намуда, садоқат ва меҳрубонии онҳоро бо маҳорати баланд ба тасвир мекашад. Ин нобиғаи замон ишқро бо ҳама муъҷизаҳои дилкашаш бозтоб карда, ба ин восита, садоқати инсониро баён месозад. Шоир чеҳраи дилписанди ошиқ ва ҷамоли зебои маъшуқаро васф карда, дар баёни зоҳиру ботини онҳо аз санъатҳои лафзиву маънавӣ фаровон истифода мекунад. Масалан, дар ғазале мегӯяд:

Рафт умру нашуд он ёр ба мо ёр ҳанӯз,

Мекунад ҷабр ба ёрони вафодор ҳанӯз.

Турфа коре, ки расид аз ғами ӯ кор ба ҷон,

Накунад зории мо дар дили ӯ кор ҳанӯз.

Ман аз он чашми хуш он рӯз шудам тавбашикан,

Ки набуд аз ману аз майкада осор ҳанӯз.

Гарчи дил аз марази ишқи ту аз хеш бирафт,

Орзуи ту нарафт аз дили бемор ҳанӯз.

Ҳар кас аз банди ғаме ёфт наҷотеву Камол

Ҳамчунон аст ба қайди ту гирифтор ҳанӯз.

 

            Дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ғазалҳое, ки саропо ошиқонаанд, ниҳоят зиёд мебошанд. Дар бисёр ҳолатҳо дар ин гуна ашъори дилкаш ҳолату ҳаяҷон, ҳасрати дидор, васлу ҳиҷрон, заҷри ошиқ ва зебоии маъшуқа самимӣ ва ҳаётӣ тасвир мешаванд.

            Бешак, метавон гуфт, ки дарахти андешаҳои инсон-дӯстона ва ишқи ҷовидонаи Камоли Хуҷандӣ баробари зиндагии башар асрҳои аср сарсабзу хуррам ва пургулу пурнакҳат боқӣ хоҳад монд.

            Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки дар 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ мо дар Тоҷикистон як мактаби бузурги камолшиносӣ ташкил намуда, Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”-ро таъсис додем, ки олимону донишмандони он дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил шудаанд. Дар ин фурсат девони Камоли Хуҷандӣ чор маротиба аз чоп баромада, нашри чандин маҷмӯаҳои мухтасари ашъори шоир имконият фароҳам оварданд, ки ошноии мардуми тоҷик ба шеъру андешаи адиби мумтоз афзун гардад.

            Девони Камоли Хуҷандӣ, ки бо такмилу иловаҳо интишор мешавад, туҳфаи муносиб ба ҷашни фархундаи 700-солагии шоири нуктасанҷ мебошад. Дар ин девон аксари ашъори шоир ҷамъоварӣ шуда, дӯстдорони сухани волоро шод мегардонад. Ин осор монанди кохи азимест, ки аз боду борон газанд намеёбад ва номи Камоли Хуҷандиро зиндаву ҷовид нигаҳ медорад.

            Азизу гиромӣ доштани мероси ин шоири озода, омӯхтан ва дар зиндагии худ истифода бурдани панду андарз ва андешаю ҳикмати шоир барои ҳамватанони мо амали ҷолиб маҳсуб меёбад.

            Нашри нави девони Камоли Хуҷандиро барои тамоми мардуми адабиётдӯсти кишвар табрику таҳният гуфта, таъкид менамоям, ки китоб аз азал то абад ҳамнишин, дӯст ва раҳнамои халқи мо буд ва ҳамин гуна боқӣ мемонад.

            Бовар дорам, ки насли ҷавон ба ашъори Камоли Хуҷандӣ ва дигар адибони нозукхаёл ҳарчи бештар рӯ оварда, тавассути ин хазинаи маънавӣ доираи маърифати худро тавсеа мебахшад ва беҳтарин ишораҳои пандомӯзи онро аз бар карда, дар зиндагии ҳаррӯзааш истифода менамояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

            Гуфтанист, ки китоби мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо шуда, аз 4 қасида, 1097 ғазал, 1 маснавӣ, 3 мустазод (дар бахшҳои гуногун), 66 рубоӣ, 114 қитъа, 48 муаммову фард, ҷамъан 8254 байт ва бо иловаи 100 байти поварақ 8354 байт иборат мебошад. Девон ба доираи васеи хонандагони тоҷик тавсия дода шудааст.

Таҳияи Бунафша Раҳмонова,

 сармутахассиси Медиатекаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон.