Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16-уми июн
Соли 1313 дар Порис нависандаи итолиёвӣ Ҷованни Боккаччо, яке аз аввалин намояндагони адабиёти инсондӯстии замони Эҳё ба олам омад. Боккаччо муаллифи достонҳо дар мавзуъҳои асотири антиқӣ мебошад. Асарҳои аввалини Боккаччо (давраи Неаполитан) аз достонҳои «Филострато» (тақрибан 1335), «Тезеида» (тақрибан 1339-1341) ва романи «Филоколо» (тақрибан 1336-38) мебошанд, ки дар асоси сужаҳои романҳои асримиёнагӣ эҷод шудаанд. Асарҳои баъдӣ (давраи Флоренсия): Нимфҳои Фезолан (1345), «Амето» ва достони «Фиамметта» (1343) ба шумор мераванд. Асари асосии ў бо унвони «Декамерон» (1350-1353, соли 1470 нашр шудааст) як китоби ҳикояҳоест, ки дар он урфу одатҳои ҷамъияти Италия ва ақидаҳои инсондустӣ, шўхиҳои намакин, руҳияи озодандешӣ ва зиддиклерикализм тасвир…